(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шукуҳи идонаи шаҳри Хуҷанд ба муносибати 26 солагии Истиқлолият

Дар Кохи ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идона ба ифтихори 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳамагонро ба шарофати Истиқлолият табрику таҳният намуд. Сипас, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида аз ҷумла таъкид намуд, ки назару эътибор ва таваҷҷуҳи Роҳбари Давлат ба мардуми шаҳри Хуҷанд хеле самимӣ ва ғамхорона буда, пайваста дар гӯшаву канори мамлакат аз урфу одат, фарҳанги воло ва рушду тараққиёт бемайлони шаҳр ва ин мардуми куҳанбунёд баён месозанд, ки боиси ифтихори сокинон аст. Шукуҳи идонаи шаҳри Хуҷанд ба муносибати 26 солагии Истиқлолият

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки бо дастгирӣ ва ҷонибдории Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 450 адад иншооти гуногун ба маблағи зиёда аз 1, 5 миллиард сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст. 3 лоиҳаи бузурги инфрасохтӣ баҳри рушду тараққиёти шаҳр ба маблағи беш аз 67 миллион доллар бо ҷалби шарикони рушд амалӣ гардидааст.
Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода табрикоти Раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Ҳар яки мо баробари ба ҷо овардани шукронаи ин пешравиҳо, соҳибватанӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми кӯшишамонро ба хотири сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат, ободии фардои кишвар ва осоиши зиндагии халқамон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар намоем”.
Шукуҳи идонаи шаҳри Хуҷанд ба муносибати 26 солагии ИстиқлолиятРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни ироаи номаи табрикотӣ қайд намуд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон санаи 9 сентябри соли 1991 чун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ҳақиқат Истиқлолият ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои мардуми тоҷик аст, ки воқеан дар дарозои бисту шаш сол кишвари моро таҳти раҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи музаффариятҳои бузург ҳидоят намудааст.
Маъруф Муҳаммадзода таъкид кард, ки солҳои аввали Истиқлолият (1992-1995) музди меҳнат ва нафақа тамоман ночиз буд ва он ҳам сари вақт пардохта намешуд. Муаллимону табибон 3-5 сомонӣ ва хизматчиёни давлатӣ 15-17 сомонӣ маош мегирифтанд. Имрӯз андозаи миёнаи маош дар шаҳри Хуҷанд ба 1200 сомонӣ расидааст. Дар даврони Истиқлолият ҳаҷми истеҳсоли молҳои саноатии рақобатпазир зиёда аз 760 миллион сомониро ташкил намуда, ба маблағи 750 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст”.
Раиси шаҳр гуфт, ки айни ҳол дар қаламрави шаҳр 1780 корхонаю ташкилотҳои хурду бузург бо шакл³ои гуногуни моликият фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави шаҳр 200 корхонаи хурду бузурги саноатӣ арзи ҳастӣ намуд.
Боиси тазаккур аст, ки қисми даромади умумии буҷети шаҳр нисбат ба соли 1991 34,3 маротиба афзуда, он ба 310 миллион сомонӣ расидааст, қисми хароҷоти буҷети шаҳр бошад, 116 миллион сомониро ташкил намуда, 15 маротиба зиёд гардидааст. Тайи солҳои охир, аниқтараш дар соли  2016 маблағгузорӣ ба соҳаи ҳаётан муҳим – тандурустӣ ба маблағи 32,8 миллион сомонӣ, ё 28,2 фоиз, ба соҳаи маориф 56,7 миллион сомонӣ, ё 48,8 фоизи қисми хароҷоти буҷети шаҳр сарф шудааст. Давоми ин солҳо мактабҳои наву биноҳои иловагии онҳо бо 2 ҳазору 884 ҷои нишаст сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Маъруф Муҳаммадзода аз сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумат тавсиф намуда, зикр кард, ки дар давраи Истиқлолият барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба 7481 оила, 4 ҳазору 500 гектар замин ҷудо карда шуда, зиёда аз 3078 ҳуҷраҳои истиқоматӣ сохта шуда, аз онҳо 79 ададаш хонаҳои хизматӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин дар ин муддат, дар шаҳр зиёда аз 450 адад биноҳои маъмуриву иҷтимоӣ бунёд ёфта, танҳо дар 10 соли охир ба маблағи зиёда аз 950 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаанд, ки симои Хуҷандро куллан тағйир додаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар анҷоми номаи табрикотии хеш бори дигар ҳамагонро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, таманно намуд, ки           мо бояд бо дарки масъулияти баланд, имони комил ба муқаддасии ҳастии ватан якҷоя камар баста, диёрамонро боз ҳам обод ва сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем. Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Ватан дар баробари модар муқаддас буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда мебозад, зеро бидуни Ватан инсон бе сарнавишт ва бе қурбу манзалат аст».
Хуршеди озодию Истиқлолият ба хонадони ҳар яки Шумо то абад нуру зиё ва файзу баракат афзояд! Бигузор, парчами Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша парафшон ва кабӯтарони сулҳу дӯст, ваҳдату ҳамдилӣ дар осмони кишвари азизи мо ҳамеша дар парвоз бошанд.
Сипас ба 33 нафар пешсафон ва машълафрӯзонаи арсаи меҳнат ба шарафи 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хоитиравии Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳр Хуҷанд тақдим карда шуданд.
Барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ аз ҷониби аҳли ҳунари шаҳр табъи ҳозиринро болида сохт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...