(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷ У М Ҳ У Р И И   Т О Ҷ И К И С Т О Н

В И Л О Я Т И   С У Ғ Д

Р А И С И  Ш А Ҳ Р И   Х У Ҷ А Н Д

Қ А Р О Р

ш.Хуҷанд

 аз 18.08.2017 с.                                                           №477

 Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю
маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, соҳавӣ ва шаҳрӣ барои соли 2018

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қарори Раиси вилояти Суғд аз 3 августи соли 2017, №343 «Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю  маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ барои соли 2018» бо мақсади баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, таъмини фазои иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиби васеи сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қ а р о р    м е к у н а м:
1. Моҳҳои август-декабри соли 2017 дар қаламрави шаҳр маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ барои соли 2018 муташаккилона ба роҳ монда шавад.
2. Ҳайати Ситоди шаҳрии «Обуна-2018» ва рӯйхати масъулон аз ҷумлаи роҳбарони шӯъбаю бахшҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2).
3. Нақшаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ тасдиқ карда шавад (замимаи 3).
4.  Мудирони шӯъбаю, бахшҳо, сардорони идораҳо ва муассисаҳо:
- обунаи шахсӣ, дастҷамъона ва идоравиро дар ҳамаи ташкилоту муассиса ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ ва фаъолияти хоҷагидориашон васеъ ба роҳ монда, барои дар соли 2018 ҳарчи бештар намудани шумораи муштариёни рӯзномаю маҷаллаҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
- дар доираи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон обунаи сохторҳои соҳаи маориф ва илм, китобхонаву дигар муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, марказҳои ҷавонон, мактаб-парваришгоҳҳо, марказҳои солимгардонии калонсолон, қисмҳои ҳарбиро бо матбуоти даврӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоту идораҳои дахлдор ҳаллу фасл намоянд.
5. Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Муассисаи фаръии корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» якҷоя бо роҳбарияти идораи рӯзномаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, нашрияҳои соҳавӣ, мухбирони махсуси рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ дар вилоят барои муташаккилона гузаронидаи маъракаи «Обуна-2018» тадбирҳо андешанд.
6. Мудирони шӯъбаю бахшҳо, сардорони идораҳо, муассисаҳо ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рафти иҷрои маъракаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳоро зери назорати бевоситаи худ гирифта, ҳафтае як маротиба ба унвони Ситоди шаҳрии «Обуна-2018»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маълумоти хаттӣ ирсол намоянд.
7. Сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон» баҳри зиёд намудани шумораи муштариён ва ба табъу завқи хонандагон мувофиқ намудани маводи чопии нашрияҳо тадбирҳо андешида, якҷоя бо радиои шаҳрӣ, ширкатҳои телевизион ва радиои «СМ-1», «Азия», «7 ситора», «Танин» ва «Диёр» ҷиҳати тарғибу ташвиқи маъракаи муҳими сиёсӣ - обунаи соли 2018 маводҳои ҷолиб нашр намуда, барномаҳо таҳия намоянд.
8. Қарори Раиси шаҳр аз 31 августи соли 2016, №390 «Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю  маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, соҳавӣ ва шаҳрӣ барои соли 2017» аз эътибор соқит дониста шавад.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳр Ғайбуллозода Х., муовинони Раиси шаҳр Ҳошимзода Р.,  Раҳматзода А.А. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Ҳомидзода А.А. гузошта шавад.

Раиси шаҳр                                              Маъруф Муҳаммадзода

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳрРаъно Ҳошимзода аз 6-уми феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Раъно  ошимзода 29 октябри ...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр.Абдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Со...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳр.Раҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  ...

Роҳбарони сохторҳо

Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25-уми  феврали соли 1981 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли ...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17-уми сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4-уми январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987  Донишкадаи политехникии Тоҷикист...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонӣ Илҳом Инъомзода 9-уми сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда, маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Дониш...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Расулзода Р.Р. Расулзода Р.Р. Расулзода Раҳим Расул 20-уми июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии ...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович 20-уми сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 2002 ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Қаландаров И. Ш. Қаландаров И. Ш. Қаландаров Иброҳим Шарифҷонович 8-уми ноябри соли 1963 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 198...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Бойматов Ф. М. Бойматов Ф. М. Бойматов Фирдавс Мақсудович 26-уми январи соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 2005 Донишгоҳи дав...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
Бобоҷонов А.А. Бобоҷонов А.А. Бобоҷонов Абдусалом Абдурасулович 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз301
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта345
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта301
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3085
mod_vvisit_counterҲамин моҳ10633
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта33557
mod_vvisit_counterҲамагӣ982226