(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба истиқболи Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар шаҳри ХуҷандБадахшон… сарзамини кӯҳсорон, гӯшаи зебоманзари ҷаҳон, пораи ҷонпайванди Тоҷикистон… Бадахшоне, ки Боми ҷаҳонаш мегӯянд, Бадахшоне, ки дар оғӯши гармаш фарзандони шоистаи даврро парваридааст, Бадахшоне, ки лаълу ёқуту сурмаву сангаш зеби зебосанамони тоҷик шудааст.
Ана дар ҳамин сарзамини биҳиштӣ, дар «замини сахти кӯҳистон» бо «дили нарм» духтараке зода шудаву парвариш ёфт, ки падару модари некбахташ номашро Нигина ниҳоданд. Нигина Ҳайдармамадова 10 июли соли 1974 дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ дида ба олами ҳастӣ кушод ва дар зодгоҳаш бо ҳазор умеду орзу дар дил ба воя расид. Қатори ҳамсолони хушбахташ ба мактаби миёна рафт, аз донишҳои замонаш мусаллаҳ гашт, дӯстону дугонаҳои зиёд пайдо кард, вале ҳатто дар ягон гӯшаи хаёлаш набуд, ки рӯзе маскуни дигар шаҳр мешаваду он маконро низ метавонад аз сидқи дил дӯст дорад. Бале, Нигина Давлатмамадовна соли 2000, расо 17 сол муқаддам ҳамроҳи оилааш аз Боми ҷаҳон ба Хуҷанди бостон омад. Он замон фарзанди калониаш Салимшо шаш сол дошту гулдухтараш Сабоат аз ӯ ҳам хурдтар буд, ӯро модар ба рӯи дастонаш мебардошт он замон.
Нигина Давлатмамадовна дафтари хотироташро варақ заду он рӯзҳоро ба хотир овард. Солҳои вазнин буданд барои ӯ. Шавҳараш Алимшо, ки аслан хатмкардаи мактаби олии шаҳри Хуҷанд аст, пас аз даргириҳои пойтахт дар суроғи ҷои кори мувофиқ ба шаҳри Хуҷанд омад ва албатта, зану фарзандонашро низ ҳамроҳаш овард. Барои Нигинахонум ҷудоӣ аз аҳли хонавода, хоҳарону ягона додараш, гузашта аз ин обу ҳавои зодгоҳаш хеле мушкил буд.
-Ман-ку дар мактаб таҳсил кардааму забони тоҷикиро медонистам, аммо фарзандони хурдсолам, ки ҳанӯз мактаб намерафтанд, забони тоҷикиро дуруст намедонистанд, мо бо забони «худамон», дар муҳити хонавода бо ҳам сӯҳбат мекардем, хеле азоб мекашиданд, - нақл кард Нигина Ҳайдармамадова.
Албатта, бо мурури замон ин мушкилиҳо паси сар шуданд. Кӯдаконаш ба синни мактабӣ расида, толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-уми шаҳри Хуҷанд гаштанд. Онҳо низ бо ҳамсинфонашон унс гирифта, чунон ба забони тоҷикӣ, алалхусус ба лаҳҷаи хуҷандиён балад шуданд, ки имрӯз ҳангоми сӯҳбат эҳсос намегардад, ки онҳо зодагони Помиранд.
Салимшо мактаби миёнаро хатм карда, ҳоло дар ҶДММ «Баҳористон» фаъолият мебарад. Сабоат низ таълимгоҳашро хубу аъло ба итмом расонида, дар курси кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ хонд ва ҳоло мустақилона либос медӯзаду доираи мизоҷонаш рӯз аз рӯз васеътар мегардад.
Нигинахонум дар он замонҳои начандон дур, аввалҳои соли 2000-ум дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳамчун ошпаз фаъолиятро оғоз намуда, беш аз 10 сол дар ин самт заҳмат кашид. Фарзандонашро ба камол расонда, писараш Салимшоро оиладор кард. Арӯси хонадонаш Фариштамоҳ ба мисли духтараш ба ӯ азиз аст, зеро аз ин пайванд набераи ба ҷон баробараш Омина ба дунё омада, зиндагии ин оилаи хушбахтро боз ҳам ширинтар сохтааст.
Нигинахонум вақти ба Хуҷанд омаданаш ҳамроҳи худ хоҳараки 13-солааш Наврӯзмоҳро низ оварда буд. ӯро ҳам ба МТМУ №14 бурд ва ӯ дар ҳамон ҷо таҳсилашро идома дод. Наврӯзмоҳ низ дар аввал дилтанг мешуд, аз хоҳарбузургаш зорӣ мекард, ки ба зодгоҳ баргарданд, ин ҷо ӯ дар муошират азоб мекашад. Хоҳари дилсӯз ӯро ором мекард, мегуфт, ки ҳеҷ гап не, бо баҳонаи ҳамин забондон  мешавӣ, дӯстони зиёд пайдо мекунӣ ва ҳатман ба ин макон дил мебандӣ. {амин тавр ҳам шуд. Наврӯзмоҳ чун духтараки кушодачеҳраву хушсухан аст, тез байни ҳамсинфон маҳбубият пайдо кард ва онҳо низ ба ҳамсинфи бадахшониашон чунон одат карданд, ки ҳеҷ кадоме ҳатто ба ёд намеовард, ки Наврӯзмоҳ зодаи Помир аст.
-Акнун ҳар боре, ки ба Наврӯзмоҳ ба Помир рафтанро ёдрас мекунам, не, мегӯяд, - бо завқ гуфт Нигина Ҳайдармамадова, - зеро Наврӯзмоҳ дар шаҳри Хуҷанд ҳамсафари ҳаётиашро вохӯрда, бо ҷавонписари хуҷандӣ оила бунёд кард. Имрӯз духтарчааш Марям ва писарчааш Ғуфронҷон зиндагии онҳоро пурра гардонида, баҳонаи ҳаёту ширинии он гаштаанд.
Дар шаҳри Хуҷанд ҷамъияти бадахшониҳо фаъолият мебарад, ки Нигинахонум ҳар замон ба он ҷо рафта, дар ҷаласаву машварат иштирок мекунад. Масъулон семинарҳо созмон медиҳанд ва умуман барои ваҳдату якдилии сокинони минтақаҳои Суғду Бадахшон чораҳо меандешанд. Дар ҷашну маъракаҳои ҳамдигар иштирок мекунанд, ба урфу одатҳои якдигар унс мегиранд.
-Урфу одатҳои Хуҷанду Помир аз ҳам, албатта, фарқ доранд, - иброз дошт ҳамсуҳбатамон Нигинахонум, - вале моҳияти ҳамаашон яканд. Дар мо низ маъракаҳое ҳастанд, ки то баргузории базми арӯсӣ доир мешаванд. Тӯй аввал дар хонаи арӯс баргузор мегардад ва  бегоҳ дар хонаи домод. Барои беҳдошти зиндагии тӯйдор дар мо анъана шудааст, ки ҳатман ба онҳо дастовези пулӣ мебарем, зеро хоҳ-нохоҳ маърака маблағи зиёдро талаб мекунад. Дастовези мо барои онҳо кӯмак хоҳад буд.
Нигинахонум ҳар сол як маротиба барои аёдати падару додар ва хоҳаронаш, ки дар Помиранд, меравад ва онҳо низ соле як маротиба ба Хуҷанд омада, дар хонаи духтарону хоҳарашон меҳмон мешаванд. Гузашта аз ин, ҳатман ба тӯйю маъракаҳои якдигар рафта, бо баҳонаи тӯй дидорбинӣ мекунанд.
Ҳарчанд дилаш моломоли ишқ, саршори меҳр нисбат ба зодгоҳаш аст, аммо оғӯши гарми шаҳри орзуҳояш – Хуҷанд ӯро оромиву сурур мебахшад. Аз зиндагияш розӣ аст ва шукрона мекунад, ки дар натиҷаи сулҳу субот имрӯз мардум озодона дар дилхоҳ минтақаи Тоҷикистони азиз зиндагӣ ба сар мебараду фаъолият мекунад. Нигинахонум аз омадани ҳамшаҳриёнаш, ки дар рӯзҳои наздик дар назар аст, шод буда, бесаброна интизорӣ дорад. Шукрона мекунад, ки қисмат ӯро ба Хуҷанд оварду ӯ метавонад дар хонаи худ намояндагони зодгоҳашро ҳамчун мизбон истиқбол гирад.

Мавзуна НОЗИМӢ,
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...