(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Варзиш қосиди сулҳҲар сол 10 август дар миқёси кишвар қайд гардидани Рӯзи варзишгарон нишони эътибори беназири Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат ба варзиш ва таъмини бақои ҷавонӣ аст. Бо ғамхорию назари неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардида, шароити хуб барои ояндагони кишвар фароҳам шуда истодааст. Майдончаҳои варзишӣ бо намудҳои гуногун ба истифода дода мешаванд. Ин имконияти васеъро барои машқу тамрин фароҳам меорад. Имрӯз ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик дар баробари таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба варзиш машғул ҳастанд.
Шаҳри Хуҷанд дорои варзишгоҳи боҳашамат бо 25 ҳазор ҷойи нишаст, 6 варзишгоҳи дигар бо теъдоди 5 ҳазор ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ, толори варзишӣ,  ҳавзҳои шиноварӣ,  мактаби варзишии бачагону наврасон мебошад. Ин ҳама имконият медиҳад, ки сокинони шаҳр новобаста аз синну сол ба намудҳои  гуногуни варзиш машғул гарданд, таҳти назари мураббиёни соҳибтаҷриба нозукиҳои варзишро аз худ намоянд.
Варзиш як воситаест, ки касро ҷисман ва рӯҳан пурқувват мекунад, намегузорад, ки ба корҳои беҳуда машғул гардад. Варзишро қосиди сулҳ мегӯянд, ки барҳақ аст.
Дастхобонӣ яке аз  намудҳои варзиш маҳсуб меёбад. Бо он ҷавони қавиирода, болаёқат Ҷонибек Қодиров машғул аст. Ӯ зодаи шаҳри Хуҷанд буда, МТМУ №23-юми шаҳрро хатм намудааст. Аввалҳо ӯ бо каратэ-до машғул буд, баъдан соли 2012-ум бо маслиҳати модараш ба ин намуди варзиш майл кард. Ин ҷавони рӯҳан қавӣ нозукиҳои ин намуди варзишро аз устодонаш Абдукарим ва Зарифҷон Қӯзиевҳо хеле хуб омӯхта, ба муваффақиятҳо ноил гардид. Дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок намуда, байрақи Тоҷикистонро баланд бардошт. Ӯ номзади устоди варзиш, дорандаи зиёда аз 20 медал, дорои камарбанди сиёҳ ва ҷигарӣ, ғолиби Ҷоми ҷаҳонӣ дар 2015-ум, Чемпиони Осиё оид ба дастхобонӣ дар соли 2017-ум мебошад, ки ин мояи ифтихори мардуми тоҷик мебошад.
-Кас якбора ба чунин комёбиҳо ноил намегардад. Натиҷаи завқ, машқ, истодагариҳо, иродаи мустаҳкам, рӯҳияи баланд боис мешавад, ки кас ба чунин комёбиҳо муваффақ шавад.
Хушбахтона, Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз барои густариш додани соҳаи варзиш назари хоса зоҳир намуда, корҳои заруриро дар ин самт роҳандозӣ намудааст. 21-22-юми августи соли равон Чемпионати кушоди вилоятӣ баргузор мешавад ва ман ният дорам, ки дар ин мусобиқа иштирок намояму сазовори ҷои ифтихорӣ гардам, -мегӯяд Ҷонибек Қодиров.
Имрӯз ӯ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки ба наврасон нозукиҳои ин намуди варзишро омӯзонад. Як насли нави варзишгарони тоҷикро омода намояд, то ки онҳо дар оянда мисли устоди худ дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Варзиш як намуди фаъолияти ҷисмонӣ ва интеллектуалӣ мебошад. Барои беҳтар намудани саломатӣ, барои ба даст овардани қаноатмандии молӣ ва маънавӣ, пешравӣ ва беҳбудии тавоноӣ хизмат мекунад, -арз кард Ҷонибек ҳини сӯҳбат.
Боварӣ дорем, ки Ҷонибек ва шогирдонаш минбаъд низ дар мусобиқа ва чемпионатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуда, миллати тоҷикро ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд.

Дилрабо КАРИМЗОДА

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...