(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳамшаҳриёни азиз!
Фарорасии Иди саиди Фитрро ба ҳамаи Шумо, табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва ба хонадони ҳар кадоми шумо баракати бешуморро орзу менамоям.
Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор рафта, дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо ба хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолияти кишварамон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имконияҳои фаровон ноил гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накӯкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад. Аз ин ҷост, ки Сарвари кишвар дар аксари мулоқотҳои худ бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ ва фарҳанги исломӣ,  ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ  боз ҳам устувортар намудани вазъи мӯътадили сиёсиву иҷтимоӣ таъкид медоранд, ки  имрӯз дар Тоҷикистон барои иҷро кардани талаботи ислом ҳамаи шароитҳо муҳайё аст.
Бузургтарин савоб дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи акбар зиёдтар аст. Чун анъана дар рӯзҳои моҳи табаррук дастгирии мӯҳтоҷону ниёзмандон дар шаҳр дар сатҳи баланд қарор дошта, таваҷҷӯҳу ғамхорӣ нисбати ятимону беморон ва бепарасторон бештар буд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҳам соҳибкорони саховатпеша дар ин бобат хислатҳои наҷиби ҷавонмардӣ нишон доданд. Ҳамзамон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоятамон, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ самти ободонии масҷиду оромгоҳҳо бо доир намудани шанбегиву ҳашарҳои умумишаҳрӣ вусъат дода шуда, садҳо ҳамдиёрони арҷмандамон дар радифи маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, кӯдакони ятиму бепарастор бо маводҳои хӯрокаву кӯмакҳои моддӣ мавриди аёдат қарор гирифтаанд.
Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мо дӯхтаанд, қарзи инсонии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст, ки ин гуна дастгириҳо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Моҳи Рамазон имсол дар рӯзҳое фаро расид, ки халқи шарифи диёри мо дар арафаи таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Бо шарофати ин ид дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар дастоварду комёбиҳои меҳнатию истеҳсолӣ ба даст оварда шуд, ки мояи ифтихори ҳамагон аст.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи ин иди саид суннатҳои волои инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома дода, барои ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як сокини мамлакат саъю талош менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумоёнро бори дигар ба муносибати фаро расидани Иди саид ва мукаррами Фитр табрик мегӯям ва бароятон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...