(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017”Дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур давоми чор сол инҷониб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир, ба намоиш гузоштани меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, намудҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд, беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ, намояндагон аз 10 давлати дунё ва 23 ташкилоти байналхалқӣ ширкат варзиданд, ки аз баланд гардидани нуфузи ин чорабинӣ гувоҳӣ медиҳад. Бояд гуфт, ки ярмаркаи мазкур дар муддати кутоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмиллалӣ табдил ёфтааст, ки аз нуфузи баланди он дарак медиҳад. Мақсади ташкили ярмаркаи байналхалқии савдо - ин мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои ҳамкорӣ байни ҷомеаи соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, муштариёни эҳтимолӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ тавассути таъмини платформа барои нишон додани қобилият ва имконоти иқтисоди вилояти Суғд ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи ярмаркаи савдо муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода  ва меҳмонони чорабинӣ-намояндаҳои минтақавии давлатҳои иштирокчӣ, намояндагони корпусҳои дипломатию тиҷоратӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Муовини Раиси вилоят иштирокчиён ва меҳмонони намоишгоҳро аз номи роҳбарияти вилоят хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки доираи ярмарка соли равон боз ҳам васеъ гардидааст.Дар оғози Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017” инчунин намояндаи Парлумони кишвар Шариф Рахимзода, сафири фавқулодда ва мухтори Белорусия дар Тоҷикистон Олег Иванов, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия Михаил Кораблин, директори Барномаи рушди СММ Ян Харфст, роҳбари Бонки рушди Олмон Кристин Лабс, роҳбари Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Айтен Рустамова, роҳбари палатаи савдо ва саноати шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Файзулло Маманов ва муовини аввали раиси шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Белорус Александр Патёмкин сухан карда, изҳор намуданд, ки ташкили чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ва дар маҷмуъ рушди соҳаҳои гуногуни кишвар пеш аз ҳама ба сиёати оқилонаи Сарвари давлати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст.Иштирокчиёни ярмарка қабл аз ҳама ният доранд роҳҳои самарабахши ҳамкориҳои тарафайнро бо соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт намуда, доираи ин ҳамкориҳоро дар оянда васеъ намоянд.
Дар ярмарка инчунин намояндагони корхонаҳои саноати сабук ва бофандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ташкилотхои молиявӣ, хизматрасониҳои машваратӣ, лизинг, нақлиёт ва ҳунарҳои миллӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзида, дастовардҳои охирини худро ба маърази тамошо гузоштанд. Хушбахтона, соҳибкорони тоҷик имрӯз баробари тараққиёти илму техникаи муосир ба истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ низ шуруъ кардаанд.Доираи ярмарка инчунин муаррифии ширкатҳои Тоҷикистон, вохӯриҳои шахсӣ ва гуфтушунидҳо, мастер-синфҳо, муаррифии намояндагони ширкатҳо аз кишварҳои хориҷӣ, рузи дархои кушод ва форуми доираҳои соҳибкориро фаро  гирифта,   тайи ду руз дар Қасри варзиш идома кард.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...