(0 овоз, миёна 0 аз 5)

“Шоми ҷавонӣ” дар ХуҷандБаҳри дар амал татбиқ намудни қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 марти соли 2017, №134 чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” бахшида ба соли 2017 “Соли ҷавонон” дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Камоли Хуҷандӣ” оғоз гардид. Дар он зиёда наздик 2000 нафар ҷавонону варзишгарон, донишҷӯён ва шаҳрвандон иштирок намуданд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Исматҷонов Бахтиёр ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Каримов Мирзоқосим ҳузур доштанд.
Муовини раиси шаҳр оид ба мӯҳтавои баргузории чорабинӣ ба сухан баромада аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хужанд, ба маросими ифтитоҳи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» бахшида хайрамақдам намуданд. “Шоми ҷавонӣ” дар ХуҷандИстиқлолият рукни муҳим ва меҳвари давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо буда, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо ба ҳайси арзиши муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ  ҳам-чунин бо кору фаъолияти созандаи ҷавонони бофарҳангу соҳибирода, хештаншиносу ватандӯст иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷиҳатаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри азхуд намудани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунар ва ниҳоят муҳайё намудани заминаҳои мусоид баҳри дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид ёфта, аз ҷумла дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад: «Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.»
Ин боварӣ ва эътимоди Сарвари давлатамон ба ҷавонон, имрӯз аз ҳар як нафар ҷавон дар ҳамаи самтҳои фаъолият масъулияти баланди хештаншиносиро тақозо намуда,  ҳар яки моро дар масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва соҳибмаърифат, тарғибу ташвиқи пайвастаи донишандӯзӣ ва камолоти ҷисмониву маънавии ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ байни ҷавонон ва ҷомеа ҷиддан вазифадор менамояд.
Имрӯз кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои орому осоишта, сулҳу ваҳдат ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта, мардуми шарифи диёрамон дар шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо ба меҳнати фидокорона ва созандагиву бунёдкориҳои тоза камари ҳиммат бастааст. Бо боварии комил метавонам зикр намоям, ки ҳар яки мо бо сарбаландӣ ва ифтихор ҷашни бошукӯҳи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас ва комёбиҳои шоиста сазовор истиқбол мегирем.
Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрӯз дар тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақши пуртаъсири ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад. Ҳазорон нафар ҷавонон ба фатҳи қуллаҳои баланди дониш муваффақ гардида, даҳҳо ҳазори дигарашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нафъи Ватан ва ҷомеа содиқона меҳнат мекунанд. Ҳамчунин фарогирии ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна тавсеа ёфта, бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумат лоиҳаҳои имтиёзнок ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудаанд, ки ин ба рушди соҳибкории ҷавонон мусоидат менамояд.
Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур ҳар ҳафта рӯзи шанбе баргузор карда мешавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...