(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

«Натиҷабарорӣ аз фаъолияти
МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд дар давоми соли 2016»

Мутахассисони маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини амнияти санитарию-эпидемиологии аҳоли» таҳти №-49 аз 8.12.2003 сол ва дигар Қонунҳои амалкунанда фаъолият намуда корҳои зеринро ба анҷом расониданд.
Дар давоми соли 2016 бо мақсади таъмини талаботҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ба сурощаи МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ  1259 -адад муроҷиатҳо барои баррасӣ ворид гардиданд,ки аз он ҷумла; аризаҳои шикоятии шаҳрвандон 32 -адад мебошад.
Дар самти фаъолияти назорати пешгирикунанда; 65-адад хулоса ба қитъаи замин зери сохтмон ҷудошуда, 7-адад хулоса барои лоиҳаи сохтмон дода шуда ва назорати 100 адад муассисаҳои сохтмоншудаистода ва аз нав барқарор шудаистода бурда шудааст.
Дар соли 2016-ум аз 2087-адад объектҳои зериназоратии бақайдгирифта шуда  1514- ададашон аз санҷишҳо гузаронида шуда шумораи умумии санҷишҳо 2260- ададро ташкил медиҳанд. Зимни санҷиш дар асоси натиҷаҳои ташхис, барои  камбудиҳои ҷойдошта 641-адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда ба маблащи 91300 сомонӣ ҷарима  ба буҷаи давлатӣ ситонида шуд.
Фаъолияти 83 -адад иншоотҳо барои гузаронидани чораҳои санитарӣ боздошта шуданд.  Шумораи кормандони ҳамаи соҳаҳо, ки муввақатан аз кор барканор шудаанд  211-нафарро ташкил медиҳанд.
Барои фаъолияти объектҳо, лоиҳаҳои сохтмон, хизматрасониҳо 548-адад хулосаи санитарию-эпидемиологӣ дода шудааст.
Дар давоми 12 моҳ маҳсулотҳои шубҳаноки пастсифат ба миқдори 881,72  кг ба маблащи 10169 сомони аз муомилот боздошта шуда нобуд карда шуданд.
Таҳлили вазъи эпидемиологӣ нишон медиҳад, ки дар давоми соли 2016 дар ҳудуди шаҳр бемориҳои махсусан хатарнок (сӯхтани, вабо, чума, гулӯзиндонак ва қазомуқ) ба қайд гирифта нашудаанд. Дар 12 моҳи соли 2016 нисбат ба 12 моҳи соли 2015 бемориҳои шадиди рӯдаю меъда 13-адад кам, зардпарвини «А» бошад  7-адад кам ба қайд гирифта шудааст. Аммо сироятшавии кӯдакони аз синни 7 то 14сола дар давоми моҳи сентябр, октябр, ноябр  зиёд ба назар мерасад. Дар соли сипаришуда ба МНДСЭ-ишаҳри Хуҷанд 513- адад хабарномаи фаврӣ оиди ҷабрдидагон аз газидани ҳайвонҳо ворид гардидааст.
Дар давоми 12 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи стансияи алайҳи бемориҳои ҳайвонот 239 сар саг, 59 сар гурба ба қайд гирифта шуда эм гузаронида шудааст, ҳамчунин 776 сар сагони бесоҳиб аз тарафи кормандони КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и ш.Хуҷанд  қир карда шудааст.
Дар давоми соли 2016 аз тарафи кормандони шӯъбаи гигиенаи коммунали аз 574 обеъктҳои зериназорат қарор дошта 476 иншоотҳо аз муоинаи санитарӣ гузаронида шудаанд.Аз он ҷумла: 12 адад меҳмонхонаҳо, 6-адад хобгоҳҳо, 66-адад сартарошхонаҳо, 15-биноҳои ҷамъияти, 93-адад муассисаҳои тандурустӣ, ки аз онҳо 16-адад беморхонаҳо,31-адад Марказҳои Саломатӣ, 56-адад дорухонаҳо ва 9-адад муассисаҳҳои гуногун, 99-адад муассисаҳои гуногуни коммунали,(6-адад иншоотҳои обтаъминкунӣ  69- адад мащозаҳову анборҳо,15-адад ҳоҷатхонаҳои ҷамъияти,щайраҳо).
Аз тарафи кормандони шӯъба муассисаҳои табобати 265 маротиба аз муоинаи санитарӣ гузаронида шудаанд. Дар асоси камбудиҳои ҷойдошта ба 73-нафар шахсони масъули муассисаҳои табобати протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда ба маблащи 9720 сомонӣ ҷаримаандозӣ шуда фаъолияти 9 адад объектҳо барои гузаронидани чораҳои санитари боздошта шуданд. Таъминоти аҳолии шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшоки аз 6 адад иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри  Хуҷанд ҷойгир буда, ба роҳ монда шудааст.Дар давоми 12 моҳ ҳамагӣ 579 намунаҳои оби нӯшокӣ  барои ташхис ба марказ дастрас гардидааст ки аз онҳо 34 адад ба талабот ҷавогӯй набуданд,ки ба роҳбарони иншоотҳои обтаъминкуни пешниҳод оиди шустани хатҳои обдиҳи, инчунин чоҳҳои амудиро бо роҳи хлорноккуни дар асоси талаботи Қ.М.С дода шуданд. Дар асоси камбудиҳои ҷойдошта ба 3-нафар шахсони масъули иншоотҳои обтаъминкуни протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуда бо маблащи 1800 сомони ҷаримагузори карда шуд.
Дар зери назорати шӯъбаи гигиенаи  кӯдакон  ва  наврасон  119 адад  объектҳо мавҷуданд, аз он ҷумла 47-адад мактабҳо,40-адад кӯдакистонҳо, 1-адад мактаб интернати ёрирасон, 1-адад хонаи бачагон, 6-адад коллеҷу омӯзишгоҳҳо, 4-адад мактабҳои мусиқи, 5-адад мактаби варзишӣ мебошад.Дар соли  2016  муассисаҳои таҳсилоти мактабӣ ва томактаби 119-маротиба аз муоина гузаронида 291-адад санад бо пешниҳодҳо тартиб дода шуд. Дар асоси камбудихои ҷойдошта ба 34-нафар шахсони масъул протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуда  9520 сомони ҷаримабанди карда шуд.
Дар давоми соли 2016 аз тарафи мутахассисони шӯъбаи гигиенаи хӯрока аз 1215адад  муассисаҳои ба қайд гирифташудаи хӯроки умум, саноати хӯроквори, савдо ва бозорҳо  дар 756 - ададашон муоинаҳои санитарию эпидемиологӣ гузаронида шуда 923 адад санадҳои муоинаи санитарию эпидемиологӣ тартиб дода шуданд.
Дар асоси муоинаи санитарию эпидемиологӣ ва натиҷаи ташхисҳои лабораторӣ барои камбудиҳои ҷойдошта ба 356-нафар соҳибкорон ва фурӯшандагон протоколи қоидавайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шуда 45980 сомони ҷаримабандӣ карда шуда ҷаримаҳо ситонида шуд.
Барои гузаронидани чораҳои солимгардони фаъолияти 68-адад объектҳои зериназорати боздошта шуданд. Дар соли сипаришуда заҳролудшавӣ аз маводи хӯрока дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта нашудааст.
Дар зери назорати шӯъбаи гигиенаи меҳнат 174-адад объектҳо қарор доранд ки аз онҳо 163 адад иншоотҳо аз муоинаи санитарӣ гузаронида шудаанд,аз он ҷумла бо методҳои лаборатори 230 маротиба.
Дар давоми соли сипаришуда аз тарафи кормандони шӯъба 120 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуда ба маблащи 11320 сомони ҷарима ба буҷаи давлат ситонида шуда 3-адад иншоотҳо аз фаъолияташон боздошта шуданд.
Аз чумла дар 12 моҳи сипаришуда аз миқдори умумии кормандони корхонаҳои саноатии шаҳри ки 6580 нафарро ташкил медиҳанд бо муоинаи тибби 2800 нафарашон пурра фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии кормандони корхонаҳои саноати 1194 дар шароити зиёновар кор ва фаъолият доранд ки аз онҳо 29 нафарашон занҳо мебошанд. Ҳангоми гузаронидани муоинаи тибби даврави дар давоми 12 моҳи соли сипаришуда гумонбари ба бемориҳои касбӣ дар байни кормандони корхонаҳои саноати ба қайд гирифта нашудааст.
Дар давоми 12-моҳи соли 2016 барои гузаронидани безараргардонии хотимавӣ ҳамагӣ 2560 дархостҳо ворид гардиданд;
Аз дархостҳои ворид гардида 2298 адад ё 90 % безараргардонии  хотимавӣ  гузаронида  шудааст, аз онҳо саривақт 2144 адад  ё 93,5%  дархостҳо иҷро  гардиданд.
Дар вақти гузаронидани безараргардонии  хотимавӣ  якчанд  намуди  корҳо ба сомон расонида шуд, аз он ҷумла:1.Манзил – 113976м2 ;2.Сару либос – 21983 кг; 3.Косаю табақҳо – 19261 к.4.Ҳоҷатхонаҳо – 2298 адад.Дар давоми 12-моҳи сипаришуда барои назорати сифатии безараргардонии ҷорӣ дар 306 адад объектҳо санҷиш гузаронида шуд.
Ташхисгоҳи санитарию бактериологӣ фаъолияти худро дар асоси Фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, қоида ва талаботҳои меъёрии санитари  ҚМС ба роҳ монда дар давоми соли 2016 оиди муайян намудани бемориҳои сироятӣ аз ҷониби мутахассисон чунин ташхисҳо гузаронида шуд.аз он ҷумла;
Обшустаҳо ҳамагӣ 4955 адад аз он 236 адад ба талаботҳо ҷавобгӯй набуд.
Оидидарёфт кардани St касаловаранда кормандони беморхонаю дармонгоҳҳо ҳамагӣ 4079-нафар аз ташхис гузаронида шуда аз 197-нафари онҳо дарёфт гардид.
Барои дарёфт намудани микробҳои касалиоварандаи рӯдаю меъда 6301-нафар аз ташхис гузаронида шуданд,ки аз  2-нафар дарёфт гардид. Аз он ҷумла кормандани муассисаҳои хӯрока-1629-нафар;Кормандони муассисаҳои тибби-3212 нафар.
Инчунин барои гузаронидани ташхисҳои бактериологӣ 376-намунаи хӯрокаҳои тайёр, 297-намунаи обҳои нӯшокӣ ва щайраҳо ба ташхисгоҳ дастрас гардиданд.
Дар давоми соли 2016 аз тарафи мутахассисони Ташхисгоҳи санитарию гигиенӣ дар асоси талботҳои ҚМС , ГОСТ ва дигар дастурамалҳои мавҷудбуда бо воситаи таҷҳизотҳои навтарин маҳсулотҳо аз ташхис гузаронида шуданд.  Ҳамагӣ аз ҷониби мутахассисон аз 2304-адад намунаҳо 3062-адад ташхисҳои кимиёвӣ гузаронида шуданд,ки аз онҳо 69-намуна ба талаботҳо ва меъёрҳои санитари ҷавобгӯй набуданд.Нисбати он маҳсулотҳое ки ба талаботҳо ва меъёрҳои санитари ҷавобгӯй набуданд чораҷӯи карда шуданд.
Баҳри иҷроиши қарори Раиси  вилояти Сущд таҳти №-553 аз 23.12.2015сол бахшида ба Барномаи вилоятии «Соли 2016 соли фарди солим» дар марказ нақшаи чорабиниҳо иборат аз 17 банд тартиб дода шуда  баромадҳо бо ВАУ (радио, телевизион ва маҷаллаҳо), ки аз тарафи мутахассисон  ба иҷро расонида мешаванд моҳ ба моҳ нишон дода шудааст.
Бо  мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш, захролудшавӣ аз мавод ва маҳсулотҳои қаннодии кремдор, щайриқонунӣ омода ва ба фурӯш баровардани онҳо, нӯшокиҳои хонагии ташнашикан, маводи хӯрокаи дамкардашуда (рӯйпӯшшуда) ва макаронӣ, хуришҳои дар шароити хона тайёркардашударо ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва риояи ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои истеҳсолӣ ва дигар нуқтаҳои фурӯши онҳо, ҳамзамон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар марҳилаи фарорасии фасли гармо қарори Сардухтури марказ оиди манъ намудан бароварда шуд.
Дар давоми 12 моҳ маҳсулотҳои шубҳаноки пастсифат ба миқдори 881,72  кг ба маблащи 10169 сомони аз муомилот боздошта нобуд карда шуданд. Барои дар сатҳи зарури гузаронидани корҳои профилактики пешгирикунанда дар байни аҳолии шаҳри Хуҷанд аз тарафи марказ якчанд таҷҳизотҳои замонави ба монанди нитратомер, ph-метр, микроскопи рақамӣ,
люксметр, шумомер, харидори шуда муоинаҳои санитарӣ бо истифода аз ин таҷҳизотҳо гузаронида шуда истодаанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...