11 Феврал 2017
Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони тамоми сохторҳои мақомои маҳаллӣ, хоҷагию коммуналӣ, кабудизоркунӣ ва ободонӣ шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид.
Мувофиқи нақшаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз субҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар хиёбони Истиқлол корҳои ниҳолшинонӣ ва тахту ҳамвор намудани майдонҳои барои сабзкорӣ пешбингашта идома ёфт. Дар мавзеи омодагашта иштирокдорони корҳои ободонӣ бештар аз 100 бех ниҳолҳои навъи санавбар ва ардач шинонда, ният доранд давоми рӯз шумораи ин ниҳолҳои сояафканро дар шафати хиёбони мазкур то ба 300 бех расонанд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида хиёбони Истиқлол соли равон пурра бо гулу нҳолҳои сояафкан навсозӣ гардида, ороишу намои ин шоҳроҳ бо ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои зебои рангоранг тағйир дода хоҳад шуд.