(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҳамкорӣ гарави пешравӣДар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Музаффар Ҳотамӣ, сардори шӯъбаи ҷинояту ҷиноятсодиркунии Раёсати мазкур Абдуллозода Шӯҳрат ва корманди ин ниҳод Фарҳодзода Шамшодҷон бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Фаррух Аминов, муовини директор оид ба тарбия чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои зиёде аз қабили терроризму ифротгароӣ фаро гирифта, дар асри 21 боз як падидаи номатлуб даст ба нашъамандӣ задании ҷавонон ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ҳамасола даҳҳо нафар шаҳрвандони мо гирифтори ин бемории вабои аср мегарданд.
Дар суханронии Музаффар Ҳотамӣ қайд шуд, ки Тоҷикистон бо давлати ҳамсояи Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дошта, аз 34  вилоятҳои давлати Афғонистон дар 21 вилоят кишти маводи мухаддир ба роҳ монда шудааст.Ҳамасола дар ин кишвар беш аз 4 ҳазор тонна маводи мухаддир истеҳсол карда мешавад ва мусаллам аст, ки қисме аз ин маводи мухаддир тавассути қочоқ ба Тоҷикистон ва аз ҳудуди Тоҷикистон ба давлатҳои дигар интиқол дода мешавад. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар мубориза бо гардиши маводи мухаддир фаъол бошанд, аз оқибатҳои нангини ин амал ҷомеаро ҳушдор диҳанд ва бо Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамкорӣ намоянд.
Дар суханронии Абдуллозода Шӯҳратҷон қайд шуд, ки теъдоди нашъмандон дар вилояти Суғд ба 1141 нафар расида, аз ин шумор 41 нафарро занон ташкил медиханд. Мутаассифона, дар баробари нашъманд будан қисме аз онҳо ба бемори ВИЧ СПИД низ гирифторанд ва ин вирусро тавассути сӯзандору гирифтаанд. Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ 5 донишҷӯ бо ҷурми истеъмоли маводи нашъаовар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Абдусабур Абдуваҳҳобов, сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш» низ дар суханронии хеш аз оқибатҳои ҳалокатовари маводи нашъмандӣ сухан ронда, таъкид дошт, ки яке аз сабабҳои асосии дар майдони ҷанги Сурияву Ироқ ба қавле «далерона» набард намудани ҷавонписарон маҳз истеъмоли маводи мухаддир аст. Бадбахтона, шумораи нашъмандон дар кишвар меафзояд ва ин раванд бештар ба ҷавонони шаҳрнишин хос аст. Онҳо ба дигар ҳамсафони худ таассуб намуда бар иллати бекорӣ даст ба нашъмандӣ мезананд. Ва тақдири худро бо дасти худ ба коми марг месупоранд.
Дар фарҷом миёни донишҷӯён ва кормандони Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд саволу ҷавоб доир ба мавзӯъ сурат гирифт.

Абдусабур Абдуваҳҳобов,
котиби матбуотии ДПДТТ
дар шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...