(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Об барои рушди устуворДар партави Паём ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амалигардонии Барномаву супоришоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2016., таҳти рақами 05/1489, оид ба гузаронидани ҷаласаи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни макотиби олӣ дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, 2018-2028» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории конфронси мазкур, пеш аз ҳама, ба дарки муҳиммияти мавзӯъ ва мусоидат ба татбиқи амалии фарогири Даҳсолаи нав оид ба масъалаи об ва рушди устувор нигаронида шуда, чун самти афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани ин ташаббуси Тоҷикистон дониста мешавад.
Ҷиҳати таҳияи барномаи Конфронс шӯъбаи илми Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ саҳм гирифта, барномаи онро омода кард. Тибқи барномаи конфронс онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия, доктори илми иқтисод, профессор Ризоқулов Тӯрақул Рабимқулович оғоз бахшида, перомуни ҷанбаҳои илмӣ ва назариявии қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва саҳми Тоҷикистон, махсусан Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаббус ва роҳандозии ин барнома баҳои арзанда дод. Дар конфронс намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, корманди шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Шамсиева Манзура Набиевна иштирок ва суханронӣ карда, оид ба ҷонибдорӣ ва ташаббусу роҳандозӣ кардани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро аз ҷониби кулли ҳайати Ҳукумати вилояти Суғд ва аҳолии вилоят иброз дошт. Чор нафар устодони донишкада бо маърӯзаҳои илмии худ баромад карданд. Номзади илмҳои биология, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии донишкада Дониёрова М. М. бо маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои рушди устувор (2018-2028)» баромад карда, оид ба нақши арзандаи Пешвои миллат дар қабули барномаҳо ва баргузории форумҳои байналмилалии марбут ба соҳаи об, баҳои баланди илмиву назариявӣ дод. Номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Турсунов Ф. А. перомуни ҷанбаҳои иҷтимоии қабули барномаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои рушди устувори СММ бо маърӯзаи «Ҷанбаҳои иҷтимоии Даҳсолаи амалиёти об барои рушди устувор» баромад намуда, аҳамияти онро дар барномаҳои иҷтимоии соири кишварҳои олам аз аввалинҳо арзёбӣ кард. Номзади илми иқтисод, дотсент Каримов Ғ. Ю. бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Потенсиали иқтисодии захираҳои гидроэнергетикаи Тоҷикистон» баромади пурмӯҳтавои илмӣ карда, оид ба потенсиали иқтисодии захираҳои гидроэнергетикӣ ва истифодабарии онҳо дар Тоҷикистон, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамзамон, номзади илмҳои физика-математика, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои информатсионии донишкада Иброҳимов И. И. дар мавзӯи «Амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти истифодаи оқилонаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи илмӣ хонда, оид ба қарорҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилонаи об ва захираҳои он дар мамлакат андешаронӣ кард.
Ҳамин тариқ, ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси илмӣ-назариявии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба кори худ хотима бахшида, шунидани маърӯзаҳои илмӣ дар бахшҳо ва кафедраҳо идома меёбанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...