(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷавӣ ҳатмистДар толори Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндаи МИҲД вилоят- муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳр  ва намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок карданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ба кори ҷаласа оғоз бахшид. Муовини Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадҷонзода «Оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дар моҳҳои январ- ноябри соли равон» маълумот дод. Мавсуф ҳини маърӯза зикр дошт, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва зерсохторҳои он баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ кӯшида, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд. Мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷавӣ ҳатмист Давоми 11 моҳи соли равон 502 қарор аз ҷониби Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ба тасвиб расид ва ба воситаи «Равзанаи ягона» рӯзҳои чаҳоршанбею шанбе 1188 нафар шаҳрвандро қабул ва розу ниёзи онҳо шунида шуд.
Корхонаҳои саноатӣ дар ин давра ба маблағи 691430,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 17,8 фоиз зиёд аст. Аз 161 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда 17 адад нисбат ба сатҳи соли рафта бештар маҳсулот истеҳсол карданд.пасравии истеҳсоли маҳсулот ба назар расид. 18 корхона тамоман кор накард.
Сармоягузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи  185546,5 ҳазор сомонӣ истифода шуд. Ҳаҷми асосии корҳои иҷрошуда аз ҳисоби маблағи буҷетӣ 80380,6 ҳазор сомонӣ, ки  аз тарафи Маъмурияти коргоҳи сохташавандаи Хукумати шаҳри Хуҷанд ба маблағи 3835,5 ҳазор сомонӣ, Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ба маблағи  61672,0  ҳазор сомонӣ, Дирексияи иншоотҳои сохташавандаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 627,8 ҳазор сомонӣ ва Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд 16445,3 ҳазор сомонӣ кор иҷро карда шуд.
Маъруф Муҳаммалҷонзода ҳамчунин дар бораи ба кор андохтани фондҳои асосӣ, корҳои пудратии иҷрошуда, робитаҳои ҳамкории саноатчиён бо сармоягузорони дохилию хориҷӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси коргоҳҳои атласу адрасбофӣ, тақсимоти замин ба оилаҳои ниёзманд, дастгирии оилаҳои камбизоат, пардохтаи нафақа ва ёрдампулӣ маърӯза кард.
Дар музокира мудири бахши саноат ва энергетика Мӯъминҷон Муҳаммадзода, сардори нозироти андоз Мунаввар Раҷабов, сардори Раёсати молия Абдусалом Бобоҷонов, муовини шуъбаи маориф Маҳмудҷон Абдурашидов, сардори бахши тандурустӣ Абдумуталлим Каримов, сардори КВД «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ»-и шаҳри Хуҷанд Зафар Бобоев иштирок карда, доир ба фаъолияти 11 моҳаи муассисаҳояшон маълумот доданд. Асосан ба камбудиҳои соҳаҳо эътибори ҷиддӣ  дода шуд. Хусусан фаъолияти номӯътадили корхонаҳои саноатӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, набудани маблағ барои гардиши молӣ ва талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда сабаб оварда шуд. Баҳри фаъолияти мунтазами корхонаҳо омӯхтани имкониятҳои мавҷуда ва дарёфти сармоягузор дастуру маслиҳатҳо дода шуданд.
Давоми соли равон дар шаҳр иҷро нагардидани нақшаи чаҳор намуди андоз қайд шуда, дарёфти сарчашмаҳои андозбандӣ, дуруст ба роҳ мондани ба қайдгирии молу мулки корхонаю муассисаҳо ва амволҳои ғайриманқул, соҳибони воситаҳои нақлиёт зикр гардид.
Дар соҳаи маориф бошад, коста гардидани интизоми толибилмон, ба ҷинояткорӣ даст задани наврасон, риоя нашудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар соҳаи тандурустӣ бахшида ба «Соли фарди солим» корҳои анҷомдодашуда номбар гардида, сабабҳои зиёдшавии бемориҳои сироятӣ, таъминоти муассисаҳои тиб  бо кадрҳо, тайёр кардани мутахассисони донандаи таҷҳизоти замонавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Хусусан танқиди сахт нисбати фаъолияти сохторҳои КВД «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ» аз ҷумла, комбинати ободонӣ, муассисаи кабудизоркунӣ, қитъаҳои истифодаи  манзили соҳили рост ва чап, паст будани сифати таъмири роҳҳо баён гашта, андешидани чораҳои фаврӣ барои ислоҳи камбудиҳо масъулин вазифадор карда шуданд.
Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ сухан карда, зикр дошт, ки пешравиҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд дида мешавад. Ба ин муваффақият саҳми мардуми оддии шаҳр низ басо назаррас аст. Заҳмати шабонарӯзии кормандони соҳаҳои мухталиф буд, ки шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишвар яке аз беҳтарин шаҳрҳо дониста шуд. Лекин баробари  пешравиҳо камбудиҳо низ ба чашм мерасад, ки бояд барои ислоҳаш тадбирҳо андешид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи худ дар бобати муҳайё сохтани зиндагии шоиста барои мардуми кишвар ҳарф мезананд, аз ин рӯ имрӯз бояд дар фикри оянда бошем. Баробари бунёд кардани биноҳои баландошёна ва ҳавлиҳои истиқоматӣ доир ба сохтмони мактабу боғча ва муассисаҳои тиббӣ дар микроноҳияҳо тадбирҳо андешем. Бо ин мақсад сармоягузорони дохиларо пайдо намоем. Дар самти ривоҷи корхонаҳои саноатӣ, сохтмон кӯшем.
Шаҳри Хуҷанд дарвозаи шимоли Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ба рушди шаҳрсозӣ ва туризм эътибор диҳем, он гаҳ ба пешравӣ ноил хоҳем шуд. Анвар Яъқубӣ тамоми соҳаҳоро таҳлил намуда, андешаҳояшро бобати пешравиҳои соҳа баён дошт.
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода дар хусуси фаъолияти босамари корхонаҳои навтаъсиси саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои коркарди гӯшту шир, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва зиёд кардани шумораи коргоҳҳои воридотивазкунанда ҳарф зада, нисбати ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои аз замони  шӯравӣ амалкунанда изҳори нигаронӣ намуд. Дар боби ғанӣ гардонидани буҷаи андоз дар нуқтаҳои савдо  истифодаи мошинҳои назорати  хазинавӣ, ҳамроҳи комиссия дида баромадани андоз аз  моликияти ғайриманқул пешниҳодҳо дод. Дар соҳаи маориф беҳтар  кардани таълиму тарбия ва тайёр намудани хонандагони болаёқат, эътибор зоҳир намудан ба интизому роҳ надодан ба ҷиноятсодиркунии толибилмон, тадбирҳои судманд андешидан баҳри омодасозии мутахассисони варзида дар соҳаи тиб, ҳамзамон беҳдошти фаъолияти муассисаҳои ободонию кабудизоркунӣ ибрози назар кард.
Дар анҷоми маҷлиси фаъолон Раиси шаҳр барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дар соли 2017-ум вазифагузориҳо кард.

Монаднисои Қурбон,
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...