1836
(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)
24 Ноябр 2016
Дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймои ва ҳамоиши сокинони шаҳр баргузор гардид. Аз субҳи барвақт бештар аз 7 ҳазор нафар роҳбарону намояндагони корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва олӣ, зиёиён аҳли илму адаб аз майдони «Ситораҳои Хуҷанд» то майдони парчами миллӣ воқеъ дар хиёбони ба номи Р. Набиев роҳпаймоӣ намуданд.
Дар назди Парчами миллӣ ба иштирокдорони чорабинӣ муовинони Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҳамроҳ гашта суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намуданд.
Баъдан дар Касри фарҳанги «Сугдиён» барномаи адабӣ-фарҳангӣ бо ширкати устодони санъат ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид.
Шарҳ додан