(3 овоз, миёна 4.33 аз 5)

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардидДар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, ҳифзи сиҳатии омма, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, ҳунармандони ҳунарҳои мардумӣ, гирандагони гранти раиси шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид.
Иҷлосияро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, вакили маҷлиси шаҳрӣ Умедахон Муродӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи иҷлосия ошно намуд. Ба баррасии иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум масъалаҳои тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии “Дониш”, №19, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №375 “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории маҳаллӣ, дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаҳои интихоботии “Ситора”, №13 ва “Хуросон”, №29, таъин намудани  интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум, ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум ба ивази вакилони хориҷшуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум,  аз эътибор соқит донистани қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум аз 25 сентябри соли 2014, №280 “Дар бораи номгузорӣ намудани Шохроҳи минтакаи озоди саноатӣ то минтақаи шимоли шарқии шаҳр ба номи Садриддин Айнӣ”, тасдиқи  номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ  ва  тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 28 декабри соли 2015, №66 “Дар бораи қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2016”, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Наҷимов М.С. оид ба натиҷаи ҷамъбасти интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Дониш”, №19 ба ивази вакили хориҷшуда маълумот дода, аз Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ хоҳиш намуд, ки ваколати вакилии Шарифзода Шариф Файзро аз ҳавзаи интихоботии “Дониш”, №19 ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, ки 19 июни соли 2016 интихоб шуд, тасдиқ намоянд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Гулчеҳрахон Калонова сардори шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №375 “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд маърӯза намуд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Тути калон, №8 Муҳаммадҷон Ёқубов, аз ҳавзаи интихоботии Қалъаи Хуҷанд,№17 Зулфия Ашӯрова, аз ҳавзаи  интихоботии Рифъат Ҳоҷиев, №28 Муяссар Раҳимова дар музокираи масъалаи мазкур иштирок намуданд.
Ҳамзамон Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Шариф Шарифзода аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оиди иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №375 “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд пурсиш ба амал оварда, оиди камбудиҳои ҷойдошта дар татбиқи қарори мазкур дастуру пешниҳодҳои муфассал дода, вакилону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро баҳри ислоҳи камбудиҳо вазифадор намуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Раззоқ, № 1 Дадо Очилов, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории маҳаллӣ оид ба фаъолияти комиссияи мазкур ҳисобот дод ва аз ҷониби вакилон дар ин бора қарор қабул гардид.
Ҳамчунин мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ доири нақшаҳои сохтмони чанд иншооти нав ва мавзеҳои истироҳатии  шаҳрро барои солҳои минбаъда муаррифӣ намуд.
Доири масъалаҳои дигари тасдиқгардидаи иҷлосия низ вакилон қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Аз рӯи масъалаи нӯҳуми рӯзнома Ҷӯраева К.Я.–котиби комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пешниҳоди комиссияи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофиро ба самъи вакилон расонд.
Аз ҷониби вакилон пешниҳоди комиссияи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ маъқул дониста шуда, дар ин бора қарор қабул гардид.
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардидБобати масъалаи навбатии баррасишаванда Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба маълумоти ҳозирон расонд, ки аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ барои анҷом додани кори илмӣ ва аз вазифа озод намудан ариза пешниҳод гардида, қарори Раиси шаҳр ба имзо расидааст. Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ барои тасдиқи қарори зикргардида овоз доданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд барои дифои муваффақонаи рисолаи илмӣ ба Умедахон Муродӣ комёби орзу намуда, барои фаъолияти пурсамар ва содиқона дар ин вазифаи пурмасъулият дар мақомоти шаҳрдорӣ ба Умедахон Муродӣ изҳори сипосмандӣ намуд. Намояндагони мардумӣ барои қабули санадҳои дахлдор оиди масъалаҳои дигари рӯзнома оид ба тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр доири ихтиёрдорӣ намудани амволи ба моликияти давлат воридшуда, тасдиқи “Барномаи шаҳрии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016-2017”, дар бораи аз мувозина ба мувозина гузаронидани бинои баландошёна, дар бораи ба истифода додани бинои истиқоматии фонди манзили давлатӣ ва ғайраҳо муҳокима карда шуда, овоз доданд.
Дар фарҷоми иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Файзуллозода Заробиддин Кудрат сухан намуда, зикр намуд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодириро барои пешрафти давлати соҳибихтиёри худ, волоияти қонун, суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдати  миллӣ равона намуда, барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, ҷалби занону духтарон ба омӯзиши ҳунар ва мусоидат бо ҷои кори доимӣ, ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои атласбофӣ ва адрасбофии дастӣ, рушди меҳнати хонагии занон, аз ҷумла адрасбофии дастӣ, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии қолинбофон, сӯзанидӯзон ва адрасбофон, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ тамоми ҷидду ҷаҳди хешро равона сохта, бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №375 “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои судманд андешем.
Ҳамзамон Раиси шаҳр таъкид намуд, ки бо шарофату дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ имрӯз мардуми шаҳр ба корҳои ободонию созандагӣ машғул буда мибаъд низ баҳри пешбурди соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ва корҳои созандагию ободонӣ софдилона меҳнат менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...