20 Октябр 2016
Дар ин мусобиқа толибилмони 22 муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Дар байни дастаҳо М/Х «Ирфон» бо 222 хол мақоми аввалро соҳиб гашт. Ҷойи дуюмро бо касби 206 ва 196 хол мактаби №31 ва гимназияи №13 мушарраф гаштанд. Мактаби хусусии «Файз « ва гимназияи ба номи Гёте сазовори 193 ва 156 хол гашта, мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Дар байни духтарон Т. Обидова аз гимназияи №4 бо 47 хол нишонраси беҳтарин эълон гардид. Ҷойи дуввум насиби Ш. Абдураҳмонова аз М/Х «Файз» гашт.
Байни писарон бошад Абдуқуддус Абдуллоев аз М/Х «Ирфон», Илҳом Маҳмудов аз литсейи №1 ва Диловар Каримзода аз МТМУ №25 соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар ҷамъбасти чорабиниии варзишӣ щолибон бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шуданд.