26 Сентябр 2016
Дар шанбегии мазкур корхонаву ташкилотхо, мактабҳои таҳсилоти миёна ҷомеъаи устодону муҳассилин донишгоҳҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ кумитаҳои маҳаллаҳо, КВДК Сарраёсати ободони ва хоҷаги манзилию коммуналӣ ширкат намуданд.
Бештари иштирокдорони ин ҳашари умумишаҳриро,ки ҷавонон ташкил медоданд, ҳудуди корхонаю ташкилотҳо, мактабу донишгоҳҳо, маҳалли зист ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳр тоза карда шуда, гулҳои орошӣ ва ниҳолҳои ҳамешасабз шинонда шуд. Дар шанбегӣ бештар аз 10 ҳазор нафар ширкат намуда, давоми рӯз бештар аз 25 тонна партов аз ҳудуди шаҳр бароварда шуд. Ҳамчунин бо кӯмаки иштирокдорони шанбегии умумишаҳрӣ 12,5 км ҷӯйбор тоза гардида, ба масоҳати 3580 метри квадратӣ майдон аз алафҳои бегона тоза карда шуд.