06 Сентябр 2016
Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958 дарр шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1981-1983 чун устои зеристгоҳи шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе оғоз намудааст.
Солҳои 1983-1986 дар вазифаи устои зеристгоҳи шабакаҳои барқии Шимол фаъолият бурда, соли 1986 ба вазифаи сардори зеристгоҳи шабакаҳои барқии Хуҷанд таийн мегардад.
Фаъолияти минбаъдаи номбурда соли 1992 ҳамчун сардори шабакаҳои барқии минтақавии шаҳри Хуҷанд идома меёбад.
Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад минбаъд солҳои 1995-1997- самуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ва солҳои 1997-2000- директори шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд буд.
Солҳои 2000-2009 дар вазифаи сардори гуруҳи координатсионӣ - Директори шабакаҳои барқии вилояти Суғд, ҷонишини Раиси барқи тоҷик низ фаъолият бурдааст.
Аз соли 2009 то соли 2015 директори шабакаҳои барқии вилояти Суғд буд.
Фаъолияти минбаъдаи худро солҳои солҳои 2015-2016 чун сармутахассиси шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд идома дод.
Аз 29 августи соли 2016 бо Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд № 387 ба вазифаи мудири бахши энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тайин гардид.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон мебошад. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.