(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маорифи шаҳр набояд пешсафиро аз даст диҳадДар машварати августии кормандони маорифи шаҳри Хуҷанд, ки дар толори маҷлисҳои Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ сурат гирифт, Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, муовини ӯ Умеда Муродӣ ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иштирок намуданд.
Машваратро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов ифтитоҳ карда, аз дастоварду камбудиҳои соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд сухан кард. Аз он ҷумла, қайд намуд, ки машварати августии имсола оид ба вазифа ва уҳдадориҳои кормандони соҳаи маориф дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадафи асосӣ муайян намудани самти фаъолият дар соли хониши нав аст. - Имрӯзҳо аҳли ҷомеа барои бо дастовардҳои арзанда таҷлил кардани ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳимматро мустаҳкам баста, заҳмат мекашад. Паёми имсолаи Сарвари давлат ба мақомоти олии қонунгузори мамлакат аз Паёмҳои қаблиашон аз ҳар ҷиҳат, чи аз лиҳози фарҳанги пешниҳод ва чи аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво ба куллӣ тафовут дошт, - иброз намуд Илҳом Султонов, -дар он баробари дигар соҳаҳо Пешвои миллат ҷиҳати рушду инкишофи мактабу маориф фикру мулоҳизаҳои судмандро баён карда, бори дигар изҳор намуд, ки: «{укумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».
Натиҷаҳои аввали татбиқи воқеии ин гуфтаҳои Сардори давлат аллакай баробари пешниҳоди Паём зимни баёни аз 1-уми июли соли равон ба андозаи 20% зиёд намудани музди маоши мураббиёни кӯдакистонҳо ва омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аён гардид. Аз ин дастгирии навбатии Президент аҳли маорифи шаҳр ва тамоми мураббиёну муаллимони ҷумҳурӣ хеле хурсанду рӯҳбаланд шуда, саъю талош менамоянд, ки дастовардҳои худро дар ҷодаи таълиму тарбия боз ҳам зиёд кунанд.
Аз ҳисоботи мудири маорифи шаҳри Хуҷанд бармеояд, ки ҳоло беш аз 34 ҳазор хонанда дар 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 гимназия, 4 литсей, 11 мактаби хусусӣ таълим мегираду бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ мешавад. {амчунин, дар шаҳри Хуҷанд 30 муассисаи тҳсилоти томактабӣ, 7 кӯдакистони хусусӣ, 1 мактаб-интернат, 1 комплекс-кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино низ кӯдаконро дар оғӯши худ ҷой додааст.
Баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ таваҷҷӯҳ бештар гашта, таълими ин фанҳоро аз синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монданд. Соли хониши рафта бори аввал озмуни «Беҳтарин донандаи забони англисӣ байни хонандагони синфи 4» гузаронида шуд. Ҷиҳати компютеркунонии мактабҳо иброз намуд, ки ҳоло дар 71 синфхонаи компютерӣ 1351 компютер, 138 принтер, 12 сканер, 24 дастгоҳи нусхабардорӣ, 58 проектор ва 47 тахтаи электронӣ мавҷуд мебошад, ба ҳар 11 хонанда 1 адад компютер рост меояд. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов дар ин бора маълумот дода, зикр сохт, ки нақшаи компютеркунонии мактабҳо дар шаҳр сад фоиз иҷро шуд, акнун тамоми кӯшиши худро барои иваз кардани компютерҳои сохти кӯҳна ба наву замонавӣ равона мегардад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Темурмалики микроноҳияи 3-юм соли 2015 бахшида ба Иди Истиқлолият кӯдакистони №15 барои 320 кӯдак барқарор карда шуд. Дар маҳаллаи «Сари баландӣ» бошад, барқарорсозии кӯдакистони №16 барои 240 кӯдак, дар маҳаллаи «Кӯпруки баланд» кӯдакистони №1 барои 240 кӯдак ва сохтмони толори варзишӣ дар МТМУ №30 идома дорад.
Илҳом Султонов ҳамчунин, аз иштироки хонандагон дар олимпидаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ маълумот дода зикр кард, ки соли хониши 2015-2016 хонандагон дар даври вилоятӣ 12 ҷойи аввал, 12 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюмро ишғол намуда, дар давраи ҷумҳуриявӣ ҳам 1 ҷойи аввал, 5 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар сессияи вилоятии «Академияи хурди илмҳо»  11 нафар соҳиби ҷойи аввал, 6 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 2 нафар соҳиби ҷойи сеюм гашта, дар давраи ҷумҳуриявӣ 10 нафар ҷойи аввал, 6 нафар ҷойи дуюм, 1 нафар ҷойи сеюмро сазовор гашт, ҳамчунин 12 нафар ба сифати аъзо-мухбир қабул шуд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ низ хонандагони болаёқати макотиби шаҳр иштироки фаъолона дошта, соли таҳсили 2015-2016 аз ин муассисаҳои таълимии шаҳр ҳамагӣ 29 нафар иштирок кард, 12 хонанда соҳиби ҷойи аввал гашт. 7 нафар ба гирифтани ҷойи дуюм ва 3 нафар ба гирифтани ҷои сеюм шарафёб шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода оид ба иҷроиши 16 Барномаи давлатӣ, ки махсус ба соҳаи маориф нигаронида шудааст, пурсиш ба амал овард. Аз он ҷумла, дар хусуси ба таври зарурӣ амалӣ нашудани муҷаҳҳазгардонии синфҳои фанҳои дақиқ, лабораторияҳои фаннӣ, сифати компютерҳои муассисаҳои таълимӣ, нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ, аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорону додани тахассус, поён рафтани рейтинги шаҳри Хуҷанд байни дигар шаҳру навоҳии вилоят вобаста ба вазъи донишандӯзиву иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо изҳори нигаронӣ кард.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода низ ҳангоми суханронӣ қайд намуд, ки соли таҳсили 2015-2016 барои аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд соли бобарор буд, зеро имсол дар озмуни «Муаллими сол» омӯзгори шаҳри Хуҷанд Зебо Аминова дар ҷумҳурӣ лоиқи ҷои дуюм гашта, 6 нафар хонандаи мактабҳои шаҳр дар озмунҳои байналмилалӣ бо гирифтани ҷойҳои 1 ва 2 шарафи кишварро боло бардошт. Вале бо вуҷуди ин рейтинги шаҳри Хуҷанд вобаста ба сатҳу сифати хониш 3,4 балро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба дигар шаҳру навоҳӣ кам аст.
-Тайи се соли охир вилояти Суғд дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи аввалро сазовор мешуд, вале соли ҷорӣ соҳиби ҷойи дуюм ва шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят ҷои сеюмро ишғол кард, - гуфт Осим Каримзода, - сабаби асосии ин, набудани синфхонаҳои лабораторӣ аз фанҳои химияву биология ва физика мебошад. Дониши назариявии хонандагони мо баланд аст, вале дар амалия онҳо камтаҷрибаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода оид ба камбудиҳои ҷойдошта, гирифтани маблағҳои иловагӣ аз волидайни хонандагон, амалӣ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таъмин кардани хонандагони аз оилаҳои камбизоат бо сарулибоси ягонаи мактабӣ дастуру супоришҳо дода, таклиф пеш овард, ки байни мактабҳову омӯзгорон мусобиқа-озмун эълон карда шавад ва ҳар як омӯзгор ва муассисаи таълимие, ки шогирдашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, қадр карда шаванд.
Директори МТМУ №19-уми шаҳри Хуҷанд Орифҷон Умаров ва мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №37, ғолиби озмуни «Ман касбамро дӯст медорам» Моҳира Мансурова ба музокира баромада, оид ба дастовардҳои муассисаҳои худ маълумот доданд.
Дар интиҳои машварат Раиси шаҳри Хуҷанд ба як қатор пешқадамони соҳа, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Сипосномаҳои Раиси шаҳр, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷандро супурда, ба собиқадорони соҳа туҳфаҳо тақдим кард.

Мавзуна Нозимӣ,
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...