(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба истиқболи «Рӯзи фарҳанги Хуҷанд дар Боғи Камол»

Абдуқодири Чашмбанд
Хуҷанди бостони мо баробари доро будан аз аҳли илму фарҳанг бо ҳунармандони нодири худ низ басо маълуму машҳур аст. Дар қарни гузашта баробари ривоҷу равнақи санъату ҳунар ҳунари чашмбандӣ хеле рушд ёфт. Намоёнтарин ҳунармандони ин намуди санъат бародарон Отаҷон ва Абдуқодир  Азимовҳо аз маҳаллаи «Гузари маддоҳон»-и шаҳр буданд.
Шумо дар расм бародари хурдӣ Абдуқодирро мебинед, ки то солҳои 90-уми қарни гузашта (дами вафоташон) байни мардуми Хуҷанд бо номи Абдуқодири чашмбанд, Абдуқодири найранг ё ин ки «Найрангбобо» маълуму машҳур буданд. Ин расмро суратгири зиндаёд Орифи Яҳёзод ҳангоми баромади Абдуқодири чашмбанд дар яке аз чорабиниҳои Наврӯзии Хуҷандиён дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта акксосӣ кардааст. Дар бораи Абдуқодири чашмбанд, мутаассифона, маълумоти  кофӣ дастрас нест. Танҳо аз ягона шогирди он кас, солисти Театри ба номи Хоҷа Камол, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимҷон Аҳмадов баъзе маълумотҳоро ҷамъ кардем, ки он ҳам нокифоя аст.
-Абдуқодири чашмбанд бо мо риштаи хешовандӣ доранд,- ба нақл сар кард, ӯ,- ин шахс шавҳари аммаи падарам Хосиятхон мешуданд. Ҳунари чашмбандиро эшон аз акояшон Отаҷонбобои чашмбанд омӯхтаанд. Абдуқодирбобо се фарзанд доштанд. Саидҷону Абдуқаҳҳор ва Абдусаттор ҳарсе ҳунари падарро омӯхта буданду ҳамроҳашон дар тӯю маъракаҳои мардумӣ ва рӯзҳои иду айём дар ҷойҳои серодами мавзеи шаҳр- Панҷшанбеву Чоршанбе, рӯзҳои намози ҷумъа дар чойхонаҳо  баромад мекарданд…
Бино ба нақли Ҳакимҷон Аҳмадов, Абдуқодири чашмбанд рӯзҳои фориғ аз тӯйю маърака, одатан дар чойхонаи «Ҳавзи морон»-и қафои мазори Шайх Маслиҳатдин (ин чойхона то оғози сохтмони бинои нави масҷиди ҷомеъи Шайх Маслиҳатдин –ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта барҷо буд) истироҳат мекарданд. Аҳли чойхона аз бобои ҳунарманд хоҳиш мекарданд, ки чанд ҳунари чашмбандиашро намоиш диҳад, ки мӯйсафед рад намекард. 
Чун аз Ҳакимако пурсидем, ки қадом аз ҳунарҳои эшонро чун шогирд омӯхтааст, чунин посух дод:
-Аслан ман ба Абдуқодири чашмбанд аберашогирдам. Акоям Юсуфҷон Аҳмадов аз шогирди Абдуқодирбобо Ҷӯрабойи чашмбанд асрори ин ҳунарро омӯхтааст. Баъдан ман ҳунари чашмабандиро аз акоям омӯхтам. Чанде аз ҳунарҳои онҳо ба монанди «тухмро зери тоқӣ гузошта аз тухм чӯҷа баровардан», «одамро даруни қуттӣ гузошта «арра» кардан», «саққоро ба даҳон андохта аз баногӯши шахси дигар гирифтан» ва ғайраро омӯхтаам.  Лекин онҳо ҳунарҳои зиёдро доро буданд. Масалан, як ҳунари эшон дар тӯйҳо ин буд. Ҷома ё костюми нави меҳмонро аз танаш мекашиданду бо корд чанд пора мекарданд, ки ҳуш аз сари меҳмон мепарид. Лекин бо як чаққонии махсус онро дар як они воҳид аз нав дар шакли пештарааш ба меҳмон баргардонида медоданд…
Боре Ҳакимҷон Аҳмадов аз бародари Абдуқодири чашмбанд Отаҷони чашмбанд асрори чӣ тавр ба даҳон аррмайдаро рехта баъдан онро дар шакли оташ аз даҳон пуф карданро мепурсад, ки Отаҷонбобо мегӯяд:
-Барои иҷрои ин кор бояд нахӯдро дар қӯр ба ҳадде сӯхт, ки  қумрон ва  лахча мешавад. Баъдан номаълумамакак байни аррамайда онро гузошта ба даҳон мегузориву вақти пуфт карда аз даҳон бароварда партофтан аррамайди хушк аз нахӯди лахча  оташ мегирад.
-Шумо ин ҳунарро санҷидед,-пурсидем аз Ҳакимҷонако, ки дар ҷавоб хандакунон гуфт:
-Тарсидам, ки даҳонам месӯзад…  
Ҳакимҷонако зимни сӯҳбат на ҳама асрори чашмбандиро ба мо гуфт. Танҳо он ҳунарҳоеро гуфт, ки худ онро иҷро намекунад. Масалан, асрори ҳунари як сӯзан хӯрда аз даҳон чанд сӯзан бароварданро, ки худ аз устобобояш Абдуқодири чашмбанд пурсида гирифтааст, чунин нақл кард:
-Маълум гардид, ки барои иҷрои ин кор дар ду лунҷ бояд якчанд сӯзанро ҷой гиронда, баъди «фурӯ» бурдани як сӯзан бо навбат як – як дигар сӯзанҳоро аз даҳон мебаровардаанд. Баъди сӯзан аз даҳонашон мех ҳам мебаромад. Чун пурсидам, ки «мехро дар куҷои даҳон ҷойгир мекунед?» он кас гуфтанд, ки бо баҳонаи аз даҳон сӯзанро гирифта партофтан, оҳиста мехро бо як чаққонӣ ба даҳон мепартоӣ, ки тамошобин нафаҳмад…
Абдуқодири  чашмбанд бо ҳунари худ на танҳо дар Хуҷанду атрофи он, балки Исфараю Конибодом, минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриҳои ҳамсояи ӯзбекистону Қирғизистон маълуму машҳур буданд. Ба тӯю маъракаҳои мардум бисёр даъват мешуданд. Вафоти ду писари калонии эшон Саидҷону Абдусаттор ҳанӯз дар даврони пирӣ санҷиши бузурги Худовандӣ нисбати эшон ба сабру таҳаммул буд. Аммо, ин пири ҳунар аз ин руҳафтода нагардида, барои ҳамроҳӣ кардан ба сафарҳои беруна Ҳакимҷон Аҳмадовро даъват мекард. 
Ногуфта намонад, ки Абдуқодири чашмбанд, бино ба гуфти насли калонсол дар тақлиди овози тифли навзод ва паррандагон низ ҳунари беҳамто дошт. Муҳимтар аз ҳама ҳунарманди некнафс буд:
-Соли 1977 ман писари калониамро хатнатӯй кардам,-мегӯяд, сокини деҳаи Рӯмони ноҳияи Б.Ғафуров Самандар Дадохоҷаев,- бо ҳидояти падар Абдуқодири чашмбандро ба тӯй даъват кардем. Бобои чашмбанд хуб ҳунарнамоӣ карданд. Вақти хизматашонро ҳақгузорӣ кардан, ҳарчанд пурсидем, маблағи муайянро нагуфта «бо розигии худ як чиз диҳед» гуфтанд. Баъдан бо маслиҳат ба эшон  як ҷомаву рӯймол, чанд нону қанд ва қурс,  дар нуки рӯймол 30 сӯм бастем, ки мӯйсафед раҳмат гӯён қабул карданд. 
-Мани ҷавон ба ин гуна хоксории чашмбандбобо ҳайрон мемондам,- варақгардон мекунад, дафтари хотираҳояшро Ҳакимҷон Аҳмадов,- дар ин ҳолатҳо бобо маро насиҳат мекарданд, ки «худованд на ба ҳар бандагонаш ин гуна истеъдоду ҳунар ато мекунад. Ҳамеш нияти хайрро пеш гир. Ҳеҷ гоҳ аз паси пул надав. Шукр кун, ки имшаб ману ту ба ин даргоҳ омада нону намаки соҳибони тӯйро чашидем. Одамон аз ҳунарнамоии ману ту хурсанд шуданд. Ин худаш басо савоби азим аст. Боқии давлату сарватро аз Худованд умед банд…»
 Ҳамин тариқ Абдуқодир Азимови чашмбанд ё ин ки «Найрангбобо» умри тӯлонӣ дид. Аз рӯи маълумотҳои ғйрирасмӣ то 90-солагӣ умр ба сар бурда, солҳои охир бинобар «харидоргир» нашудани ҳунараш рӯзгори на чандон осуда дошт. Баъди як муддати зиндагӣ дар маҳаллаи «Чорчароғ»-и шаҳр касодии рӯзгор аҳли оилаи Абдуқодирамакро маҷбур месозад, ки ҳавлиро фурӯхта ба бинои баландошёна кӯчанд. Имрӯз бошад, аз се писари ҳунармандашон касе дар қайди ҳаёт нестанд.  Чароғи ҳунари Абдуқодири чашмбандро танҳо аберашогирди эшон Ҳакимҷон Аҳмадов рӯшан нигоҳ медорад…

Мирзоаъзам Мақсудов,
аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Сурат аз бойгонии муаллиф

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...