(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Моҳонаи ободонӣ дар маҳаллаи Чашмаи арзанаВохӯрии навбатии Раиси шаҳр Шариф Шарифзода бо сокинони кумитаи маҳаллаи Чашмаи арзана баргузор гардид. Дар он вакилони мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Абдулатиф Раҳимов ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Иброҳим Набизода, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолони маҳалла иштирок карданд.
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода сухан аз таърихи бунёди маҳаллаи Чашмаи арзана оғоз карда, ба сокинон доир ба иқдоми созандаву бунёдкоронаашон ва ба макони ободу сабзпӯш табдил додани ин мавзеи кӯҳсор арзи сипос гуфт. Ҳамзамон аз омадагии мардуми кишвар ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, изҳор дошт, ки ҳадафи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардуми кишвар мебошад. Бо ин мақсад кормандони соҳаҳои мухталиф зарбдорона меҳнат доранд. Фишанги асосии иқтисодиёти шаҳр аз рушди саноат вобаста мебошад. Аз ин рӯ, корхонаҳои саноатӣ дар доираи талаботи иқтисодиёти бозоргонӣ фаъолият намуда, дар нимсолаи якуми соли равон ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил шудаанд. Истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 61,7 миллион сомонӣ зиёд гашт. Ҳаҷми умумии  маҳсулот 301,1 миллион сомониро ташкил кард. Аз ин 63,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содир шуд.
Дар ин давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ба 95,8 миллион сомонӣ расида, саҳми он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати шаҳр зиёда аз 38 дарсадро ташкил кард. Дар нимсолаи аввали соли 2016-ум шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 168 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 10 адад зиёд мебошад.
Шариф Шарифзода дар идомаи сӯҳбат изҳор кард, ки симои Хуҷанди бостонӣ рӯз аз рӯз дигаргун гашта, боз ҳам ободу зеботар мешавад. Аслан, рисолати азилии халқи тоҷик ободкориву созандагӣ мебошад, бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бунёди 100 иншоот, аз ҷумла, 2 мактаб, 3 кӯдакистон, 4 толори варзишӣ, 20 корхонаи саноатӣ, 22 майдончаи варзишӣ, 4 майдони футболи хурд ва 49 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо сохта, ба истифода дода мешаванд. {амзамон, дар маҳаллаи 19 бинои нӯҳошёнаи хизматӣ барои кормандони соҳаи буҷетӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳмонхонаи панҷситорадор дар соҳили рости шаҳр, кӯчаи Сирдарё мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода дар хусуси шаҳрдориву ободкорӣ ҳарф зада, зикр дошт, ки маҳаллаи Чашмаи арзана солҳои 80-уми асри гузашта бунёд ёфта, нахустин манзилҳои истиқоматӣ ба таври ҳашар бо риояи анъанаҳои хоси пешинаи хуҷандиён сохта шудааст. Дарахтони он имрӯз қомат рост карда, сояафкан шудаанд.
Имрӯз, ки нақшаи мулоқот бо сокинон доштем,-гуфт раис, субҳи барвақт ҳамроҳи раиси кумитаи маҳалла Осим Охунов ҳудуди маҳалларо давр задем. Маълум гардид, ки дар ин мавзеъ одамони бофарҳангу бомаърифт умр ба сар мебаранд. Манзилҳои истиқоматии замонавӣ бунёд карда, девори ҳавлиҳоро мувофиқи давр оро додаанд. Субҳ дари ҳавлиро кушода, таги дарвоза об пошидаанд, ки он хоси мардуми Хуҷанд аст. Дар ҳудуди маҳалла 6450 сокин дар 720 ҳавлӣ истиқомат дорад. Ҳамзамон маҳалла дорои як масҷид, як мактаб ва як боғча, 3 корхонаи саноатӣ ва 48 кӯча (бо назардошти Чашмаи 1 ва 3) мебошад. Дар маҳалла 4 ҷанговари байналмиллал 3 нафар барқароркунандаи сохти конститутсионӣ, 9 оилаи камбизоат умр ба сар мебаранд. Давоми 6 моҳи соли равон дар маҳалла 8 тӯи арӯсиву домодӣ барпо шудааст. Зиндагии сокинон сол то сол беҳтар мешавад.
Таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ нисбат ба солҳои пешин беҳ гаштааст. 3 сафархати нақлиётӣ ба мардум хизмат мерасонад. Ҳудуди маҳалла тозаву озода буда, дар ҷое партови иҷтимоӣ дида намешавад, ин аз маърифати баланди шаҳрдории сокинон шаҳодат медиҳад. Лекин дар баъзе кӯчаҳо заминҳои холӣ ба чашм расид, ки манзилҳо бунёд наёфтаанд. Ин заминҳоест, ки шаҳрвандон замоне ба он соҳиб гашта, сипас аз баҳри он баромадаанд. Бояд соҳибони заминро муайян кард ва дар ҳолати эҳтиёҷманд  набудани онҳо  он замин ба каси дигар дода шавад.
Шариф Шаризода дар хусуси асфалтпӯшу чароғон кардани кӯчаҳои марказӣ низ сухан карда, иброз дошт, ки барои анҷоми ин корҳо бо намоядагони ташкилотҳои байналхалқӣ гуфтугӯ доштем ва солҳои наздик якҷоя бо аҳолӣ асфалти кӯчаҳо амалӣ хоҳад шуд.
Сипас, гуфтугӯи ошкорои Раиси шаҳр бо сокинони маҳалла ҷараён гирифт. Бошандагони маҳалла Сабоат Шарифова, Муборак Сафаралиева, Муртазо Абдуқодиров, Мӯътабар Темурова, Исмоил Бобоҷонов дар хусуси ободонии маҳалла, тахту ҳамвор кардани роҳҳо, бунёди майдончаи варзишӣ, таъминот бо оби полезӣ, чароғонкунии кӯчаҳо таклифу пешниҳод ва дархости хешро иброз доштанд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ қарор карда шуд, ки дар маҳалла «Як моҳи ободонӣ» эълон карда шавад ва бо ёрии муассисаҳои давлатӣ якҷоя бо сокинони маҳалла ҳамворкунии роҳҳо ва ба тартиб даровардани ҳудуди маҳалла ба анҷом расонида мешавад.

Монаднисои ҚУРБОН,

«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...