16 Июл 2016
Дар расми кушоди дармонгоҳи номбурда Салимзода Нусратулло Файзулло Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуданд.
Дармонгоҳи мазкур аз панҷ шӯъба иборат буда, 12 нафар кормандон ҳамарӯза барои хизматрасонии ниёзмандон омода ҳастанд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки бештар аз 10 номгӯй таҷҳизоти муосири барои ташхис муолиҷа ва дигар амалиётҳои тиббии соҳаи дандонпизишкӣ аз давлатҳои Олмон ва Италия оварда шуда, дар ин самти хизматрасонӣ имкониятҳои боз ҳам бештар ва босифат ба сокинон пешниҳод карда мешавад. Дар шӯъбаҳои муолиҷавӣ, раддодӣ, ҷарроҳӣ,пародонтологӣ ва ортодонтӣ бештар аз 50 амалиётҳои табобатию ташхисии соҳаи стомотологӣ гузаронда хоҳад шуд.