16 Июл 2016
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 20 нафар аъзоёни Ҷамъияти нобиноён иштирок намуда, барои соҳиб гаштан ба макоми аввал донишу малакаи худро санҷиданд.
Мусобиқаи мазкур бо иштироки фаъолонаи дӯсторони ин намуди варзиш доир гашта, дар ниҳоят ғолибонро ҳайати ҳакамон муқаррар намуданд.
Байни занҳо дар мусобиқаи шашкаи русӣ ғолибият насиби Лутфӣ Салимова гардид. Марҳабо Мӯминова ва Қаноат Абдуғаниева ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд. Байни мардҳо аз рӯи ҳамин намуди мусобиқа дар ҷойҳои ифтихорӣ Абдуғафур Алиев, Аскар Қосимов ва Абдулло Мирбобоев мутасносибан қарор гирифтанд.
Мусобиқаи шоҳмотбозон низ ғолибонро аз рӯи ин намуди мусобиқаи интелектуалӣ муайян намуд.
Абдуҳамид Сатторов бозингари беҳтарин байни шоҳмоттбозон муқаррар гардида, ҷойҳои дуюму сеюмро Изатулло Ҷаҳонгиров ва Абдуҳаким Юнусов ишғол намуданд.
Бо қарори ташкилкунандагони мусобиқаии мазкур ба иштирокчии калонсолтарин Абдуқаюм Юнусов тӯҳфаи махсус супорида шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар қисмати ҷамбастии ин мусобиқа иштирок намуда баробари табрику таманниёти неки неки иштирокдорони чорабинӣ ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.