(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд имкониятҳои вилоят муаррифӣ мешавадИмрӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2016» оғоз гардид.
Дар  он беш аз 260 нафар меҳмонон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, давлати Полша иштирок доранд. Дар доираи ярмарка дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд Анҷумани доираҳои  соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мавзўи «Рушди соҳаи истеҳсоли маводи озуқа ва трансферти технологияҳои муосир» баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои охир роҳбарияти вилоят дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисодиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис ёфтанд, дар соҳаи кишоварзӣ бошад, дар натиҷаи гузарондани таҷдиди сохтор ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ ташкил шуданд. Ободу кабудизорунии заминҳои бекорхобида босуръат идома меёбад, бо нерўи бозуи сокинони вилоят шаҳру деҳоти нави аҳолинишин сохта мешаванд, барномаи бунёду азнавсозии роҳҳо бомуваффақият амалӣ гардида, садҳо километр роҳҳои байналхалқӣ ва дохилӣ бунёд, таъмиру тармим шуда истодаанд. Ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардида, барои нигаҳдорӣ ва такомули арзишҳои фарҳангии мардуми тоҷик шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд.
Талаби рўз ва ҷараёни ташаккули иқтисодиёт аст, ки имрўз бозори содиротии нав, шарикони ҳамкори нав пайдо карда шаванд, лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ коркард ва сармоягузорон, ҳамчунин технологияи нави муосир ба вилоят ҷалб карда шаванд.
Робитаҳои байниҳукуматӣ ва байнипарлумонии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷа ва созмонҳо дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба судманд истифода бурда мешаванд. Масъалаи ба роҳ мондану тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳоти гуногун бо минтақаҳои ҷудогонаи Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон маҳаки дурнамои ҳамкориҳоанд. Ба ҷуз ҳамкориҳо дар самти иқтисодӣ робитаҳо дар ҷодаи илм ва маориф торафт равнақ меёбанд. Чунончи, ба наздикӣ намояндагони макотиби олии Олтой, Майкоп, Новосибирск, Москва, Екатеринбург, Қазони Федератсияи Русия барои довталабони вилояти Суғд ярмарка доир сохта, донишгоҳҳои худро муаррифӣ намуданд. Дар асоси шартномаҳои байниҳукуматӣ алҳол дар ин макотиби олӣ ва дигар манотиқи Федератсияи Русия ҳазорҳо ҷавонони вилоят таҳсил доранд. Он рўз дур нест, ки дар ин донишгоҳҳои олии маъруф соҳибмаълумот гардида, ҷавонон донишҳои худро баҳри пешбурди иқтисодиёт, илм, фарҳанг, техника ва дигар соҳаҳои Тоҷикистони азиз ба кор мебаранд.
Робитаҳои дўстона бо ҳамсояи девордармиёни мо минтақаҳои гуногуни Қирғизистон торафт мустаҳкам мегарданд. Иштироки фаъолонаи намояндагон дар ин форум шаҳодати он аст. Қирғизистон иштирокчии иттиҳоди гумрукӣ буда, ин ба равнақи муносибатҳои иқтисодӣ имкон фароҳам меорад. Солҳои охир соҳибкорони вилояти Суғд ба ин кишвар маҳсулоти гўшту ширӣ, ҳамчунин семент содир мекунанд.
Ярмаркаи имрўза бори сеюм аст, ки доир карда мешавад ва он аллакай мавқеи байналмилалиро касб кардааст. Имрўз дар ярмарка намояндагони 5 Минтақаи озоди иқтисодӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон-«Бишкек», «Норин», «Данғара», «Панҷ» ва «Суғд» ширкат доранд, ки ин нишондиҳандаи хуби ҳамкорист.

Давоми солҳои баргузории ярмаркаи савдову саноатӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Агар солҳои пеш 70-100 нафар намояндагони хориҷӣ ширкат кунанд, имрўз дар ярмаркаи савдову саноатӣ бештар аз 260 нафар меҳмонон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, давлати Полша, Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз тамоми манотиқи Тоҷикистон иштирок доранд. Сол аз сол имконоти содиротии вилоят афзун мегардад. Танҳо аз аввали соли равон ба мамолики хориҷа 56 ҳазор тонна пиёз, 3 ҳазор тонна меваи тару тоза, пеш аз ҳама зардолу,453 тонна сабзавот ва 15 ҳазор тонна хушкмева содир карда шуд. Дар ҳамин давр ба манотиқи мухталифи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бештар аз 70 тонна маҳсулоти полезӣ содир гардид. Бо мақсади афзун гардондани хосил ва рушди содирот майдони кишти полезиҳо аз 2000 гектари соли гузашта имсол ба 2600 гектар расонда шуд. Феълан баҳри рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ фаъолияти марказҳои логистикӣ равнақ меёбанд. Ва дар ин раванд баҳри барқарорсозии иқтидорҳои соҳаҳои коркард корбарӣ карда шуда истодааст. Аз аввали соли равон 7 млн адад қуттии шартӣ маҳсулоти консерв тайёр карда шудааст. Вале имкониятҳо дар ин самт, яъне рушди соҳаи коркарди маҳсулот фаровонанд.
Дар қаламрави вилоят баҳри ба минтақаи аграрию саноатӣ табдил додани он корҳо идома доранд. Дар назди КМ «Зарафшон» фабрикаи дуюми аффинаҷӣ ба фаъолият шурўъ кард, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 1 млн тонна семент дар як сол корхонаи бузург ба кор дароварда шуд. Танҳо давоми ду соли охир дар қаламрави вилоят бештар аз 170 корхонаи хурду калони саноатӣ таъсис гардид. Новобаста ба паст гаштани нархҳо дар бозорҳои ҷаҳон соли 2015-ум нақшаи содирот дар вилоят ба 104 фоиз расонда шуд.

Дар раванди рушду такомули Тоҷикистон нақши шарикони рушд, аз ҷумла Оҷонсии Олмон оид ба ҳамкории байналхалқӣ, Ташкилоти «Хелветас»-и Швейтсария, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушд ва таҷдиди Аврупо, САҲА, Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус ҷоиз ба зикр аст, ки дар амаликунонии ҷараёни ислоҳот ва баргузории чорабинии байналмилалӣ кўмак мекунанд.
Давоми солҳои баргузорӣ Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд» ҳамчун майдони босамари намоишӣ ва баҳамойӣ муаррифӣ намуд, ки истеҳсолкунандагонро аз тамоми гўшаҳои Тоҷикистон, соли ҷорӣ бошад, мамолики хориҷи дуру наздик, намояндагони маъруфтарин иттиҳодҳои содиротиро ба ҳам овард. Ва барномаҳои гуногунранг, чорабиниҳои кории ярмаркаи тиҷоратӣ роҳи асосӣ ва дурнамои рушди ояндаро муқаррар хоҳад кард.

Сипас Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҳамроҳи меҳмонони Ярмарка аз растаҳо, ки дар онҳо хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулот, когоҳҳои саноатӣ маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта буданд, диданд, ҳамзамон бо маводҳои рекламавии ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳои вилоят ошно шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...