(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунандаДар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки ҳайати васеи меҳмонони олиқадр, профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда” баргузор гардид.
Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ д.и.и., профессор Инъомҷон Аминов ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони арҷманд ва аҳли нишастро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ зимни суханронии хеш меҳмонони аз хориҷи кишвар ташрифовардаро ба Суғди бостонӣ шодбош гуфт ва имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратии вилоятро тавассути намоишномаи таҳияшуда дар баромади хеш манзури ҳозирин намуд. Намояндаи Иттифоқи Тоҷикматлубот А. А. Набиев андешаҳояшро перомуни Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ташаккул ва равнақи таълиму тадриси донишҷӯёни донишкада баён дошт. Номбурда таманниёти раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот муҳтарам Ҳ. Идиевро ба аҳли иштирокчиёни конфронс иброз намуда, ба кори он бурдборӣ орзу намуд.
Ҳамзамон сардори Раёсати илми ДДТТ Саидаҳмад Зубайдов табрикот ва таманниёти ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон д.и.и., профессор М. М. Шарифзодаро ба кулли ширкаткунандагони конфронс иброз дошта, ба кори он дар бахшҳо муваффақият орзу кард.
Баъди анҷоми суханрониҳои табрикотӣ қисмати асосии конфронс – бахши шунидани маърӯзаҳои илмӣ оғоз гардид. Сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Ш. Бурҳонзода дар мавзӯи “Дастовардҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият” маърӯзаи илмӣ намуда, аз бурду бохти иқтисоди кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот дод.
Ҷонишини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ оид ба илм ва инноватсия, д.и.и., профессор Т. Р. Ризоқулов дар маърӯзаи хеш тафсири макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ, баҳодиҳии умумӣ ва равияҳои афзалиятноки рушди иқтисоди мамлакат, роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва таъмини дурнамои макроиқтисодии онро мавриди баҳс қарор дод.
Доктори илми иқтисод, профессори Донишкадаи савдо ва иқтисоди Донишгоҳи федералии Сибири Федератсияи Русия Аида Талятовна Петрова дар мавзӯи “Тавсифи муқоисавии муаммоҳои рушди инноватсионии минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон” (бо забони русӣ) маърӯза намуда, оид ба муаммоҳои рушди инноватсионии манотиқи ду кишвар таҳлили муқоисавӣ карда, роҳҳои ҳалли ин муаммоҳоро пешниҳод кард.
Дар маърӯзаи хеш таҳти унвони “ Такомули муносибатҳои иқтисодӣ дар Роҳи Бузурги Абрешим” д.и.и., профессори Донишгоҳи технологии шаҳри Москваи Федератсияи Русия М. Қ. Ҳусаинов оид ба муносибатҳои иқтисодии кишварҳои абарқудрати олам дар Роҳи Бузурги Абрешим (дар мисоли Чин ва Русия) таҳлили илмии иқтисодӣ намуда, бурду бохти ин муносибатҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, н.и.и., дотсент Д. А. Мирпочоев перомуни “Дурнамои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттифоқи иқтисодии Авруосиё: ҷанбаҳои мусбат ва манфии он”  андешаҳои судманд баён дошт.
Мавриди зикр аст, ки конфронси байналмилалӣ дар ДИС ДДТТ дар панҷ бахш идома ёфта, беш аз 100 маърӯзаҳои илмӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.  Лозим ба таъкид аст, ки маърӯзаҳои илмии конфронси баналмилалӣ дар маҷмуаи алоҳида интишор хоҳанд шуд.

Нуъмон Раҷабзода, Каёнуш Калонзода

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...