(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шарифзода Шариф Файз раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр интихоб гардид.

Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъитии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Кори ҷаласаро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, муовини Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Умеда Муродӣ оғоз намуда ба ҳозирон иттилоъ дод, ки аз 14 нафар аъзоёни Шӯро 13 нафар нафар иштирок доранд.
Аъзоён масъалаҳои барои баррасӣ пешниҳод намударо иборат аз се банд,- тасдиқи ваколати аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки намояндаи худро дар Шӯрои ҷамъиятӣ иваз намудаанд, рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27.01.2015, №78 «Дар бораи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» ва татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016-Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» дар маҳаллаҳои шаҳр баррасӣ намуданд. Тибқи масъалаи якуми рӯзнома бинобар ба амал омадани тағийроти кадрӣ, дар Шӯрои ҷамъиятӣ зарурати иваз намудани Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ба миён омадааст.
Бо таклифи раисикунандаи ҷаласа ба ҷои Раҷаббой Ахмадзода ба вазифаи Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд – Шарифзода Шариф Файз пешбарӣ гардид,ки аъзоёни Шӯро ҷонибдории худро бобати ин пешниҳод изҳор намуданд. Баъди овоздиҳии якдилона иҷрокунадаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба вазифаи раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд интихоб гардида, садорати минбаъдаи ҷаласаро ба зимма гирифт.
Дар асоси банди дубми рӯзномаи ҷаласа Шарифзода Шариф Файз суханро ба мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов дод. Номбурда доири “Рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд  аз 27.01.2015, №78 «Дар бораи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» маърӯза намуд.
Зимни баромади худ Бахтиёр Исматҷонов қайд намуд, ки “Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туизм”, рушди минъбадаи соҳаи туризм, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27 январи соли 2015, №78 «Дар бораи амалц намудани нақша-чорабиниҳои «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 дар шаҳри Хуҷанд» бо дарназардошти 24 банд ва маблащгузорц 302 ҳазор сомонц аз ҳисоби буҷети маҳаллц ва 396 ҳазор сомонцаз ҳисоби дигар манбаъҳо ба тавсиб расид.
Ҳамзамон бо мақсади омӯзиш ва таҳлили вазъи ҳуқуқию иқтисодц ва иҷтимоц дар самти рушди соҳаи туризм бо қарори Раиси шаҳр аз 4 марти соли ҷорц таҳти рақами 120, Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи туризм дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъсис гардида, Низомнома ва ҳайати Шӯро тасдиқ карда шуд.
Айни ҳол дар шаҳр 6 адад ширкатҳои сайёҳц ба монанди ширкати сайёҳии «Спутник», филилали «Сущдиён – Помир Тур», «Олами сайёҳат», «Шарқ -Амрико», “Марко-Поло” ва ширкати сайёҳии “Согдиана Трейд” фаъолият намуда истодаанд.”
Аъзоёни Шӯро Наим Маликисломов, Мубинҷон Маҳмудов доири пешрафти соҳа андаҳои худро иброз намуда барои боз ҳам таҳким бахшидани сохторҳои дахлдори соҳа ва ширкатҳои сайёҳӣ таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз  дар навбати худ таъкид намуд, ки барои рушди туризми дохилӣ, ошноии ҳар ҷчи бештари сокинон бо мавзеҳои сайёҳии минтақаҳои мухталифи кишвар аз қабили Бадахшону Рашту Хатлон, ҳамчунин таҳияи харитаи сайёҳии маркази вилоят ва ҷалбу омода намудани роҳбаладҳои маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Баъдан ҳозирон маърӯзаи мудири Шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр Файзулло Мамадҷонов тибқи масъалаи сеюми рӯзнома,- татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016-Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» дар маҳаллаҳои шаҳр шуниданд.  Баъди баррасии масъалаи мазкур аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба ин банди кори ҷаласа қарори дахлдор қабул намуданд.
Дар интиҳо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Шарифзода Шариф Файз изҳори боварӣ намуд,ки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2016, ки дар вилоят «Соли фарди солим» эълон шудааст, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодириро сармашқи кори худ қарор дода, дар ин ҷода ҳамкории судмандро бо ҷомеа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва оилаҳои пешқадам доимӣ ба роҳ монда, таъмини рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳамчунин дар самти сохтмону ободонӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани «500 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани чорабиниҳои Соли 2016-Соли фарди солим ташкилу сафарбар хоҳанд кард.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...