(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамдиёрони азиз!
Падарони шуҷою шарафманд!
Фарорасии 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро барои ҳар яки Шумо муборакбод мегӯям. Ба кулли мардуми диёри офтобиамон осмони софу беғубор, тани сиҳату хотири ҷамъ, ба падарони матину қаҳрамон давлати пирӣ таманно мекунам.
Ҳафтоду як сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари  маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҷдаи Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид. Ин ҷанги мудҳиштарин дар таърихи инсоният 1418 шабонарӯз давом карда, дуду оташи он садҳову ҳазорон шаҳру деҳаҳоро ба хок яксон намуда, ҳаёти 27 миллион нафар мардумони шӯравиро ба комаш фурӯ бурд. Дар ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз 260 ҳазор нафар тоҷикистониён паҳлӯ ба паҳлӯи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ, ҳар як ваҷаби хоки муқаддаси Ватанро ҷон рӯи каф гирифта, ҳифз намуданд. 60 ҳазор нафари онҳо аз ҷанг барнагаштанд, дар майдонҳои набард ҷавонии ҷовидона дарёфтанд.
Он қаҳрамонӣ, шуҷоат, диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла хуҷандиён дар қатори миллионҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, намунаи олии ватандорӣ ва дарси олии мардонагӣ буда, дар китоби таърихи ватан бо хатҳои заррин сабт шудааст ва насли ҷавони имрӯза, вақте ки онҳоро варақгардон мекунанд, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шӯҳратманд, дарси садоқату вафодорӣ ба диёрро меомӯзад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол дар арсаи олам мақому манзалати хоса пайдо кардааст, сиёсати сулҳпарваронаи худро ҳамеша эълон медорад. Ҷонибдории сулҳи минтақа ва кулли курраи арз ҳамчун садои дили мардуми сулҳдӯсту инсонпарвари тоҷик дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди умумиҷаҳонӣ бозгӯи рисолати азалии сулҳдӯстию инсонпарварии тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст.
Солҳо мегузаранд, наслҳои дигар дар олами ҳастӣ чашм во мекунанд, вале қаҳрамониҳои безаволи падарону бобоёни шарафманд, хотири неки онҳое, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан дар майдонҳои ҷанг ҷон нисор кардаанд ва онҳое, ки бо мурури замон, бо ҳукми тақдир ҳаётро падруд гуфтаанду имрӯз миёни мо нестанд, барои асрҳои дигару наслҳои дигар аз бузургии инсонҳои некному абадзинда огоҳӣ мебахшанд, хушдор медиҳанд, ки тинҷию амонӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта ва муттаҳидию ҳаммаромӣ беҳтарин неъмати тақдир ва таърих будааст.
Дар ин рӯзи нек ба ҳар яки Шумо, ҳамдиёрони азиз, комронию сарбаландиҳо хоҳонам. Бигзор осмон ҳамеша соф, сулҳ дар рӯи Замин  ҷовидон бошад!
Идатон муборак бод ҳамдиёрони азиз!

 

И.в.Раиси шаҳри Хуҷанд                             Шарифзода Ш.Ф.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз536
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4098
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8705
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17391
mod_vvisit_counterҲамин моҳ45110
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта110370
mod_vvisit_counterҲамагӣ3357219