23 Март 2016
Дар мусобиқаи мазкур 6 дастаи собикадорони футбол иштирок намуданд.
Дар давраи финалӣ дастаи «20 солагии Истиқлолият» бо дастаи «Амирӣ», ки бозингаронаш собиқадорони дастаи футболбозони «Хуҷанд» буданд бо ҳисоби 3:4 ғолиби мусобиқа гардиданд. Ҳамин тавр аз рӯи натиҷа ғолибият насиби дастаи «Амирӣ» гашта дастаи «20 солагии Истиқлолият» ҷойи дуюмро соҳиб гашт. Дар ҷойи сеюм бошад ду даста,- дастаҳои «Файзи расул» ва «Собиқадорон» ишғол намуданд. Дар мусобиқа ҳамчунин дарвозабони беҳтарин – Насим Баротов муҳофизатгари беҳтарин – Анвар Шукуров, нишонзани беҳтарин – Акрамҷон Аҳмадзода бозингарони бетарин – Шариф Зиёев муқаррар гардиданд.
Ғолибон бо медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуданд.