19 Март 2016
Дар чорабинии идонаи наврӯзии муассиса мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдураҳим Ҳикматов, сардори шуъбаи банақшагирии Идораи сохтмони асосии шаҳр Очилова Муҳаррам Яҳёевна, намоянда аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Ҷӯрабой Муродов, намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаммадсаид Ҳаитов иштирок намуда, муҳассилинро ба ҷашни фархундаи Наврӯз табрику таҳният гуфтанд. Бо ибтикори сарпарастони маҳаллӣ: Дастаи сайёри механиконидашудаи «Суғд», ҶДММ «Евростройсервис», ҶДММ «Хуҷандсохтмон 1» ва ҶДММ «Сомониён» барои хонандагони мактаб дастархони идона ташкил карда шуд. Барномаи адабию фарҳангии хонандагони мактаб-интернати ёрирасони шаҳр бо сурудҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун ба ҷамъомади наврӯзӣ ҳусни анҷом бахшид.