23 Феврал 2016
Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд ба манзили истиқоматии хонаводаи Раҳматовҳо омад. Фарзанди ин хонавода Фирдавс Раҳматов ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот намуда буд. Раҷаббой Аҳмадзода баробари изҳори тасаллият ва расондани кӯмаки моддӣ аз шароити феълӣ ва зиндагии ин хонавода пурсон шуд. Волидайни шодравон Фирдавс Раҳматов барои таваҷҷӯҳи доимӣ ба давлату ҳукумат ва мақомоти шаҳрдорӣ изҳори сипос намуда аз Раҷаббой Аҳмадзода барои дарёфти ҷойи корӣ сазовор ба писараш дархост намуд. Раиси шаҳр ба мутасаддии бахши шуғли аҳолӣ дастур дод, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ин масъала ба таври мусбӣ бояд ҳалли худро ёбад.
Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода аз оилаи Владислав Субоч, Шӯҳрат Аминов ва 3 оилае, ки наздикони худро дар муҳорибаи дохили кишвар гум кардаанд дидан намуда, таъкид намуд, ки ин оилаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ аз ғамхорию таваҷҷӯҳ ва парастории давлату ҳукумат канор нахоҳанд монд.
«Супоришу дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки пайваста дар ғамхории Шумо бошем. Зеро имрӯз давлату ҳукумат қодир аст барои оилаи қурбониёни барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар тамоми шароитҳоро фароҳам орад.»- таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Ба тамоми аёдатшудагон кӯмаки яквақтинаи моддӣ дастрас карда шуд.