(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt

Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди пайравӣ ва омӯзиш қарор додааст.
Дарвоқеъ ҳам Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамо ва башоратест аз ояндаи пурсаодати кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон.
Дар он Пешвои миллат аз ҷумла, зикр намуданд, ки «Бо мақсади суръат бахшидани корҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок ва муайян намудани дурнамои минбаъдаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, ҳоло дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.
Дар санади мазкур се ҳадафи миллии эълонкардаамон ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қатъӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем. Дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифатҳои нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод.
Дар ин раванд, ба самаранокии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди нерӯи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот, тақвияти институтсионалӣ ва тараққиёти минтақаҳо афзалият дода мешавад».
Ин нуктаи пурарзиши Паём мо, шаҳрдорон ва масъулини соҳаҳои марбутаро водор мекунад, ки роҳу василаи ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои муҳимро ҷустуҷу намоем. Боварии комил дорам, ки нерӯи созандаи хуҷандиён дар расидан ба ин иқдоми ояндасоз хоҳад расид.

Дар соли ҷадид Мақомоти иҷроияи шаҳр тасмим гирифт, ки шумораи корхонаҳои истеҳсолиро ба бист адад зиёд намуда, сатҳи содироти маҳсулотро ба маротиб афзояд. Алҳол, то Наврӯзи байналмилалӣ панҷ корхона омодаи оғози фаъолияти истеҳсолӣ гардонида шуда истодааст. Дар ин самт, чуноне ки дар Паём омадааст, «..ҳангоми банақшагирии сохтмони корхонаҳои саноатӣ масъалаи ба манбаъҳои ашёи хом наздик ҷойгир кардани онҳо, ҳаҷми зарурии нерӯи барқ, об, роҳ ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ бо истифодаи технологияҳои каммасраф ба инобат гирифта шавад», тамоми нуктаҳои қайдгардида, ҳамаҷониба ба эътибор гирифта шудааст.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 25 марҳалаи созандагиву бунёдкорӣ, пешравиву рушдёбиро бо қадамҳои устувор тай намуда истодааст. 25 сол дар назди таърих фосилаи тӯлонӣ нест, аммо Тоҷикистонро бо мақоми ваҳдату сулҳофарӣ, таҳаммулгароиву заҳматкашиҳои содиқонаи мардумаш кишварҳои олам шинохтаву эътироф кардаанд.
Барои истиқболи сазовори ин санаи табаррук дар Хуҷанд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 300 рӯзи ободонӣ ва созандагӣ эълом кардааст. Дар пиёда намудани ин нақшаи муҳим шаҳрдорон ва шаҳр-вандон пайи ободонии ҳар кӯчаву хиёбон, маҳаллаву микроноҳия, ҷойи зисту маҳалли фаъолият камари ҳиммат бастаанд. Хуҷандиён бо шукрона аз замони осудаву осоишта, бо ҳидояти Пешвои миллат, ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуроти Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо кору фаъолияти созанда ва рӯзафзуни хеш машғуланд.
Баҳри зиндагии шоиста ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву бархурдорӣ аз ҳуқуқҳои башарӣ бо таклифи намояндагони мардум дар Мақомоти қонунбарор ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйиру иловаҳо ворид кардан лозим омад.
Агар ба рафти босуръати ҷаҳонишавӣ ва талаботи давр чуқур назар андозем, хуб дарк менамоем, ки қонун догма, яъне як чизи шахшудамонда нест, он бо гузашти вақт ва тақозои замон тағйиру иловаҳоро хостор аст. Аз ин рӯ, рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд.
Ва он имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар шавад.
Дар пешниҳод омадааст, ки калимаи «Сарқонун» дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад. Бояд зикр намуд, ки калимаи «Конститутсия» вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад. Конститутсия калимаи лотинӣ буда, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода менамояд. Вожаи «Конститутсия» дар ҷаҳон маъмулу мақбул буда, ба ҳама фаҳмо ва истифодаи он роиҷ гаштааст.
Аз тарафи дигар, калимаи «Сарқонун» сохта буда, тамоми паҳлуҳои вожаи «Конститутсия»-ро дар бар гирифта наметавонад. «Сарқонун» танҳо боло, баланд ва дорои қувваи олӣ доштани онро ифода мекунад. Конститутсия аслан, китоби саодат ва бахтномаи мардум аст ва дар он тамоми меъёру ҳуқуқҳо барои шаҳрвандон ба тариқи возеҳ муқаррар гардидаанд.
Ба моддаи ҳаштум ду тағйирот пешниҳод шудааст.
Якум. Пешниҳод мегардад, ки дар қисми чорум калимаи «Ташкилотҳои» ба «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад. Қобил ба зикр аст, ки мафҳуми вожаи «иттиҳодия» назар ба «ташкилот» васеъ буда, тамоми навъҳои созмонҳои динӣ, аз ҷумла, ташкилотҳои диниро низ фаро мегирад. Аз ин рӯ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» истилоҳи «иттиҳодия» истифода шудааст.
Дуюм. Ба моддаи мазкур қисми шашум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.
Бояд таъкид намуд, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои ба сари ҳокимият омадан муборизаи сиёсӣ мебаранд. Ин мубориза бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо, бе дахолати давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирад. Бинобар ин, пешниҳод шудааст, ки амалҳои мазкур манъ карда шаванд.
Дар ин пешниҳод ҳамчунон зикр гардидааст, ки таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти миллӣ ва динидошта манъ аст.
Таъсиси ҳизби сиёсӣ дар заминаи намояндагони миллати алоҳида (миллӣ) дар ҷавҳари худ метавонад ба ҷудоиандозӣ, низоъҳо ва муноқишаҳои миллӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, баъзе аз давлатҳо (Булғористон, Қазоқистон, ӯзбекистон ва дигар давлатҳо) ин амалро дар сатҳи Конститутсия манъ кардаанд.
Ҳамон тавре ки дар боло зикр гардид, тибқи пешниҳод таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта низ манъ карда шудааст. Бояд иброз дошт, ки ҳизбҳои сиёсӣ, ки фаъолияти асосии онҳо муборизаи сиёсӣ мебошад, набояд аз дин ва созмонҳои динӣ истифода баранд. Эътиқод ба дин кори шахсии (хусусии) ҳар як инсон мебошад. Шахс бояд дар интихоби дин, ба ҷо овардани ибодат ва дигар расму оинҳои динӣ озод ва мустақил бошад. ҳизби сиёсӣ, дигар созмон, фарди алоҳида набояд ба эътиқоди динии шахс дахолат кунад ё аз он суистифода намояд. Таъсис додани ҳизби сиёсии хусусияти динидошта боиси истифода аз дин ва эътиқоди динии шахс, ба сиёсат омехта кардани дин мегардад. Бинобар ин, давлатҳое, ки дар онҳо таъсири дин зиёд аст, ташкили ҳизбҳои сиёсиро вобаста ба дин дар конститутсияҳояшон манъ кардаанд. Бояд ёдовар шавам, ки воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015-ум, ки бо дастгириҳои молиявии ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, аъзои он ба табаддулоти давлатӣ даст заданд, моро ҳушдор месозад, ки дар ин масъалаи ниҳоят ҳассоси сиёсӣ басо дақиқназар бошем.
Ҷойи дигар, ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи бистуҳаштум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст ва тибқи он «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад». Тибқи таҳрири нави ин қисми модда аз матни пештараи он калимаҳои «аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистидошта» хориҷ гардиданд, зеро ин меъёр хусусияти конститутсионӣ надошта, дар ин ҷо зарурат ба таъкиди хусусияти ҳизб мавҷуд нест. Аз ин ҷо, дар таҳрири нави ин қисми модда калимаҳои зикргардида хориҷ карда шудаанд. Дар ҳақиқат, воқеаҳои сиёсии ҷаҳон тақозо доранд, ки дар ин масъала шаҳрвандон басо ҳушёру зирак бошанд ва дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат кору фаъолият намоянд.
Ба моддаи 65-ум қисми панҷум илова шудааст, ки тибқи он маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида, яъне меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Зеро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҳуқуқҳои Пешвои миллатро муқаррар намудааст. Истифода бурдан ё набурдан аз он танҳо ҳуқуқи ин шахсият мебошад. ҳам қонун дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат» ва раъйи мардуми кишвар ҳамин аст, ки ҷаноби олӣ аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ бархурдор буда, дар пешрафти ҷомеаи тамаддунсози кишвар саҳми ҳамешагӣ дошта бошанд.
Шарҳу тавзеҳи зарурат ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ нукта ба нукта ба самъи шаҳрвандон расонида мешавад ва онон рӯзи 22-ми май, ки рӯзи раъйдиҳӣ ба тағйиру иловаҳои Конститутсия эълон шудааст, мавқеи сиёсӣ ва ҳуқуқии хешро иброз медоранд.


      Раҷаббой АҲМАДЗОДА,                                               Раиси шаҳри Хуҷанд,

узви Маҷлиси миллии 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...