25 Январ 2016
Дар дар майдони Театри мазҳака-мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ дар интиҳои ҳафтаи сипаригашта чунин намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Назар ба маълмуоти масъулини шӯъбаи савдои Мақомоти иҷрояи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби деҳқонону кишварзони ноҳияҳои вилоят бештар аз 30 тонна маҳсулот аз қабили гӯшту равған, катошкаю сабзӣ, пиёз ва ғайра ба фурӯш гузошта шуда буд. Нархи маҳсулот бошад нисбати нархҳои муқаррарӣ арзон буда, сокинон имкон доштанд ба миқдори дилхоҳ маҳсулоти нисбатан арзонро харидорӣ намуда, барои рӯзгори худ захира намоянд.
Дар намоиш-фурӯш нархи гӯшт 25-27 сомонӣ, як килограмм равған бон архи 10 сомонию 40 дирам, картошка аз як 1 сомонӣ то 1сомонию 50 дирам, сабзӣ 50-70 дирам, пиёз 1сомоню 20дирам – 1 сомонию 70 дирам буд.