(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Натиҷаҳои соҳаҳои шаҳри Хуҷанд ҷамбаст гардид.Маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2015 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи ҷамъбастӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат варзид. Дар ҷаласа нахуст доир ба фаъолияти мақомоти иҷроия дар давраи сипарӣ раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки сокинони маркази вилоят дар соли 2015, ки Соли оила, Соли рушди фарҳанг ва гулҳо буд, софдилона меҳнат карда, ҳамзамон қабул шудани қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва ба Президенти мамлакат сазовор донистани унвони Пешвои миллатро бо мамнунияти том ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ин давра буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 106 дарсад иҷро гардида, аз 11 намуди андозҳо танҳо нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоӣ таъмин карда нашудааст. Дар давраи ҳисоботӣ маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147 миллион сомонӣ ё 30 дар сад афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 638,8 миллион сомонӣ расида, аз ин миқдор ба маблағи 96,2 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он тамоюли афзоиш дорад. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 101 адад ё худ 60,5 фисад ҳаҷми маҳсулотро зиёд ва 11 корхона пурра фаъолият накардаанд. Соли сипарӣ дар шаҳр 48 корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолӣ бо 729 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 167 адад расидааст. Аз ҷумла, бо иштироки Президенти мамлакат корхонаҳои истеҳсолии замонавӣ ба монанди ҶДММ “Порсои Хуҷанд”, Корхонаи ресандагию бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон” ва корхонаи коркарди чўбу тахтаи “Арча” ифтитоҳ ёфтанд. Дар ин корхонаҳо бо истифода аз технологияи муосир коркарди маҳсулоти ширӣ ва истеҳсоли 15 навъи маҳсулот аз он, коркарди солонаи 4,5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чўбӣ ба роҳ монда шуд.    Дар ин давра барои азнавсозии технология ва модернизатсияи корхонаҳои саноатии навташкилшуда зиёда аз 100 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шудааст.
Ҳамзамон дар шаҳри Хуҷанд иншооти дигар - зеристгоҳи барқии “Ваҳдат” бо харҷи 4,5 миллион евро ба кор шуруъ намуд, ки 25 фоизи муштариёнро бо барқ таъмин менамояд. Ҳамзамон ҷиҳати ҳалли муаммои соҳаи нақлиёт ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ бо нақлиёти мусофиркаш лоиҳа оиди “Азнавсозии нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» ба маблағи 17,5 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо ба имзо расидааст ва шаҳрвандон метавонанд дар нимсолаи аввали соли 2016 аз истифодаи нақлиётҳои нави замонавии мусофиркаш бархурдор гарданд.  Дар ин давра 29 адад иншооти коммуналӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла 18 адад биноҳои баландошёна бо масоҳати 73,4 ҳазор метри мураббаъ барои 1050 оила сохта ба истифода дода шудаанд, ки онҳо ба талаботи имрўза ҷавобгўй мебошанд. Дар доираи барномаи роҳҳои обод 62,92 километр кўчаҳои шаҳр таъмиру мумфарш карда шуда, иҷроиши нақшаи тасдиқгардида 110,2 фисадро ташкил кардааст.
Дар баробари дастовардҳо камбудиҳо низ дар бахшҳои гуногуни шаҳр ҷой доранд, ки зимни пурсиш мавриди таваҷҷӯҳи Раиси вилоят қарор гирифтанд. Аз ҷумла, Абдураҳмон Қодирӣ аз қонунвайронкунӣ дар самти риояи танзими расму оинҳо изҳори нигаронӣ намуд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз шаҳрвандон ба қоидавайронкунӣ бо баргузор намудани анъанаҳои ба халқи мо бегона, таҷлили рӯзи таваллуд дар тарабхонаҳо, вайронкунии интизоми роҳ бо нақлиёти гуруҳӣ роҳ медиҳанд. Масъалаи дигар ин таъминоти эҳтиёҷмандони шаҳр бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мебошад, ки шумораашон ба 4 ҳазор расидааст. Бояд гуфт, ки соли сипаришуда бо мусоидати роҳбарияти вилоят ба беш аз 2 ҳазор шаҳрвандони Хуҷанд дар маҳаллаҳои 14 –ум ва 15-ум ва шаҳраки Сайҳун замин таъмин карда шуд. Вобаста ба ин, дастур дода шуд, ки масъалаи бунёди инфрасохтори шаҳракҳои нав аз қабили таъминот бо обу барқ ва роҳ ҳал карда шавад.
Роҳбари вилоят ҳамзамон аз кам шудани ҳаҷми маҳсулот дар 55 корхонаи саноатии шаҳр изҳори нигаронӣ кард. Падидаи манфии дигар ин кам шудани ҳиссаи маҳсулоти саноатии шаҳр нисбат ба вилоят аст, ки соли гузашта 13 дарсадро ташкил додааст. Дар ин замина, 120 ташкилоту идора ва коргоҳҳо, аз чумла 4 корхонаи воҳиди давлатии шаҳрро зарур аст, ки қарзи хешро дар назди мақомоти андоз соф намоянд.
Ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифта нашудани хонандагон пас аз хатми синфи нуҳум, ба мактабҳо ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон пас аз хатми донишгоҳ,  бе маълумоти олӣ фаъолият бурдани 65 омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ ва даст ба ҷиноят задани бархе хонандагон аз мушкилоти соҳаи маорифи шаҳр мебошанд, ки бояд масъулини соҳа барои ҳалли он тадбир андешанд.
Ҳамзамон ба масъулини бозрасии автомобилии шаҳр ва бахши нақлиёт супориш дода шуд, ки танзими ҳаракати нақлиётро дар шаҳр таъмин намуда,  муаммои тамбашавии нақлиётро дар кучаҳои асосӣ бартараф намоянд. Дар самти фароҳам овардани шароити истироҳати ҷавонон бошад, зарурати ташкили марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ барои онҳо ба миён омадааст. Илова бар ин дар ҳар маҳалла бояд майдончаҳои варзишӣ бунёд карда шаванд. Дар ин раванд соли 2016 дар вилоят озмуни шаҳраку деҳа ва маҳаллаи обод эълон гардидааст.
Раиси вилоят роҳбарият ва масъулини шаҳрро ҳамзамон ҷиҳати ҳалли масоили вобаста ба ташкили марказҳои таълимию истеҳсолӣ барои занҳои хонашин, ҷамъоварии саривақтии ҳақи нерӯи барқу об ва хизматрасониҳои коммуналӣ, тозагии дарёи Сир, ташкили истироҳатгоҳҳои замонавӣ дар соҳили он ва ғайра вазифадор намуд. Изҳори умед карда шуд, ки дар соли таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сокинони шаҳри Хуҷанд пурсамар фаъолият намуда, ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ ноил мегарданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...