(2 голоса, среднее 3.50 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар давраи сипаригашта аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи амалии Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришоти Сарвари давлат, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди қулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ як қатор чораҳои амалӣ андешида ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар шаҳр.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз барои рушду такмили соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр 77 адад, аз он ҷумла 63 адад Барнома, 7 адад Консепсия, 7 адад Стратегияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида амалӣ гардида истодаанд. Барои саривақт татбиқ гардидани Барномаҳо аз шумораи умумӣ дар 74 ҳолат қарори Раиси шаҳр, 3 адад нақшаи чорабиниҳо қабул шудааст.
Ин барномаҳо асосан оид ба масъалаҳои таъсис ва нигоҳдории ҷои корӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди соҳаи тарбияи томактабӣ, диабети қанд, бемориҳои тропикӣ (вараҷа), пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили санъат, саломатии ҷавонон, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари занон ва мардон, мубориза бо зукоми парранда, хариду фурӯши одамонро дар бар мегиранд.
Санадҳои Раиси шаҳр тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси санадҳои мақомоти болоӣ, ки ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, қабул карда мешаванд. Санадҳои Маҷлиси вакилони халқ ва Раиси шаҳр, ки хусусияти умумиҳатмӣ доранд, тибқи тартиби муқарраргардида баъди бақайдгирии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи шаҳрӣ чоп карда мешаванд.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2015 108 адад санадҳои ҳуқуқии мақомотҳои болоӣ, аз ҷумла амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-17 адад, қарору амрҳои Раиси вилоят-86 адад, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят-4 адад ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ворид гардиданд.
Санадҳои ҳуқуқии воридгардида сари вақт барои иҷро ба масъулин дастрас гардида, барои корбарӣ ва иҷрояшон санадҳои дахлдори Раиси шаҳр омода шудаанд. Назорати рафти иҷрои онҳо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида баррасӣ мешаванд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Раиси шаҳр ҳамагӣ 821 адад қарор ва 251 адад амр оид ба масъалаҳои гуногун ба тавсиб расидааст.
Дар ёздаҳ моҳи соли равон 74 маротиба машварати назди Раиси шаҳр гузаронида шуда, дар он 175 масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Вазъи иҷрои буҷет.
Кормандони ҳамаи соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ва кулли сокинони шаҳр ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, ғояҳои хирадмандона ва ояндабинонаи Сарвари ботадбири кишварамон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарӯзаи худ ба пешрафт ва шукуфонии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузорӣ карда истодаанд, ки нишондиҳандаҳои ба дастовардаи ёздаҳ моҳи соли 2015 аз он шаҳодат медиҳанд.
Ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ ҳамарӯза беҳтар кардани раванди ташаккули буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият меёбад, ки он ба ислоҳоти идоракунии молиявии давлат, шаффофият, самаранокӣ ва иҷрои қатъии қисми даромади буҷет равона мешавад. Вобаста ба ин дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2015 иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 106,0 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 105,9 фоиз таъмин гардид, ки аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 14,6 миллион сомонӣ ва 5,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба масъалаҳои мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ бояд қайд намуд, ки дар давраи сипаригашта нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағироташ 96,9 фоиз иҷро гардид. Қисми асосии хароҷотҳо ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ масраф карда шуда, он 77,2 фоизи қисми хароҷоти буҷети шаҳрро ташкил медиҳад.
Вазъи хусусигардонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ.
Дар самти таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, такмили сиёсати инвеститсионӣ ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сармоягузориҳо аҳамияти рӯзафзун пайдо менамояд. Аз ин лиҳоз бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда, дар ин давра  21284,4 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 14117,9 ҳазор доллар ва 7166,5 ҳазор доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст. Сармояи хориҷӣ асосан ба соҳаҳои алоқа, саноат, хизматрасонӣ ва сармояи дохилӣ бештар ба соҳаҳои саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ ворид шудаанд.
Баҳри баланд бардоштани савияи хизматрасонии коммуналӣ ва ҳифзи муҳити зист ва некӯаҳволии халқ Лоиҳаи инвеститсионӣ оиди “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” пас аз ба имзо расидани Созишномаи қарзӣ ва Гранти байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 25 ноябри соли 2011 ба маблағи 5 млн. 940,0 ҳазор доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Бо риояи талаботҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд азхудкунии маблағ то санаи 1 декабри соли 2015 4447,0 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки 75,0 фоизи маблағи умумии лоиҳаро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии азхудкардашуда 1053,8 ҳазор доллари амрикоӣ ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.
Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканал” дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз 2 апрели соли 2007, №104 ва Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 3 апрели соли 2008, №289 “Дар бораи иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №514 “Дар бораи тасдиқи барномаи беҳтар намудани аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020” то 1 декабри соли 2015 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Дар иншоотҳои обтаъминкунӣ 75  адад насосҳои чоҳҳои амудӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ҳамин теъдод насосҳо бозгашт ба чоҳҳо партофта шуд. Дар иншооти обдиҳандаи “Ором” ба чоҳҳои амудӣ ду адад насоси нав, дар иншооти обдиҳандаи №3 як адад, дар иншооти обдиҳандаи №2 як адад ва дар иншооти обдиҳандаи №4 ду адад насоси нав партофта шуд. Дар тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ даҳ адад чоҳҳои амудии иншоотҳои обдиҳӣ аз қум тоза карда шуданд, ки маблағи он 320247 сомониро ташкил медиҳад. Ах ҳисоби хоҷагидорӣ дар тӯли 11моҳи соли ҷорӣ 2 млн. 507 ҳазору 196 сомонӣ маблағ сарф шудааст, ки аз ин 1 млн. 757 ҳазору 525 сомонӣ барои пардохти қарзи бонки Аврупо сарф шудааст.
Аз тарафи КВДК “Хуҷандобуканал” ба шаҳраки навбунёди “Сайхун” воқеъ дар мавзеи Сомғор корҳои хобонидани қубури оби нӯшокӣ Д-225мм ПЭ бо дарозии 4197 м.т ва корҳои васлу насби қубур ба маблағи 213 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуд.
То имруз зиёда аз 20 лоиҳаҳо тарҳрезӣ гардида, ҷиҳати дар сомона бо номи «Арки сармоягузории шаҳри Хуҷанд» (Инвеститӣионнқй портал города Худҷанд) дар шабакаи Интернет ҷойгир намудани он корбарӣ шуда истодааст. Ҳамчунин бобати таъмин намудани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва хоҷагии манзилию коммуналӣ бо сармоягузорӣ якчанд лоиҳаи хурди инвеститсионӣ мавриди таҳия ва коркард қарор доранд, ки минбаъд ба институтҳои молиявӣ пешниҳод карда мешаванд.
Айни замон барои самаранок истифода бурдани иншоотҳои давлатӣ ва ба иҷора додани он чораҳои зарурӣ андешида шуда, он зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ бо тариқи музояда 95 шартномаҳо оид ба иҷораи амволи давлатӣ баста шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 600 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд ва аз ҳисоби ин шартномаҳо ба буҷети маҳаллӣ 547,8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.
Савдои дохилӣ ва хориҷӣ.
Афзоиши ҳаҷми савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ аз рӯи ҳамаи шаклҳои фурӯш ва хизматрасонӣ аҳамияти рӯзафзун дошта, дар давраи ҳисоботӣ он мутаносибан ба 1673,1 ва 886,0 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта мутаносибан 6,1 ва 22,0 дар сад боло рафтааст. Таъсиси мағозаю тарабхонаҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии замонавӣ имкон дода истодааст, ки талаботи шаҳрвандон ба хизматрасониҳои гуногун сари вақт қонеъ гардонида шавад.
Дар раванди рушди муносибатҳои иқтисодӣ муомилоти савдои беруна мавқеи хос дошта, нишондиҳандаҳои асосии он дар давраи ҳисоботӣ 384,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он ҳиссаи содирот 115,7 миллион доллар, ҳиссаи воридот бошад 268,9 миллион долларро ташкил медиҳад.
Вазъи истифодабарии замин.
Ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ ба кумитаи заминсозии шаҳри Хуҷанд 1243 адад аризаю мактубҳо ворид гардид, ки аз онҳо 225 адад ариза оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон, 280 адад ариза оид ба вобаста намудани қитъаи замини иншоотҳои хусусигардонидашуда, 549 адад ариза оид ба барасмиятдарории заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон, 106 адад аз дигар корхонаю ташкилотҳо, 40 адад аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва аз кумитаи идораи замини вилоят 30 ададро ташкил медиҳад.
Аризаю мактубҳои воридшуда сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» дар мӯҳлатҳои муайян ҷавобҳои хаттӣ ирсол карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ баҳри таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1021 аз 22 июни соли 1998 “Дар бораи ба амал баровардани ҳуқуқи истифодабарии замин” 614 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шуд, ки аз он 560 адад ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мебошад.
Баҳри иҷроиши супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2009,  № 13/5-17, қарори Раиси вилоят аз 7 майи соли 2010, № 140 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории доимоамалкунанда» ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба гурӯҳи корӣ, ки фаъолияти он ба масъалаҳои тақсимоти одилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба табақаҳои эҳтиёҷманд донисташудаи шаҳр нигаронида шуда, дар ин самт як қатор чораҳои амалӣ андешида шуданд.
Бо мақсади таъмин намудани шаффофият дар масоили  бақайдгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманд дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссияи манзилии назди мақомот иборат аз 15 нафар аъзо бо қарори Раиси шаҳр аз 5 феврали соли 2015,  № 107 дар ҳайати нав таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар ин давра 9 маротиба ҷаласаи  комиссияи манзили назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он 1259 адад дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон баррасӣ гардида, аз он 1121 нафар ба навбат барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамчун эҳтиёҷманд ба қайд гирифта шуда, аз тарафи комиссия бинобар мутобиқат накардан ба Кодекси манзил ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 81 адад аризаҳои шаҳрвандон барои ба қайд гирифтан ҳамчун эҳтиёҷманд рад карда шуда, 6 адад муроҷиат аз сабаби нопурра будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда маълумотҳои иловагӣ пурсида шуда, боқимонда 51 адад муроҷиат барои гирифтани нусхаи ордери манзили истиқоматӣ, шартномаи типии кирояи манзил ба қайд гирифта шудааст.
Айни ҳол аз тарафи комиссияи манзилии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шароити манзилии зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамчун эҳтиёҷманд ба қайд гирифта шудаанд, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Инчунин зикр кардан лозим аст, ки дар ҳолати 1 декабри соли 2015 бо назардошти солҳои пешина, ҳамагӣ 3119 нафар   шаҳрвандон барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Қайд кардан лозим аст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани  иқдоми некбинонаи Сарвари давлат оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои шаҳрвандони ниёзманд бо қарорҳои дахлдор ва бо хулосаҳои комиссияи ҷамъиятӣ ба 2165 нафар  оилаҳои эҳтиёҷманд аз заминҳои навбунёди маҳаллаҳои 14, 15, 26-уми шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки  навбунёди  “Сайхун”  ба ҳар оила ба масоҳати 600,0 м2 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида.
Дар давраи ҳисоботӣ 20 адад нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, аз он ҷумла нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафарҳои кориашон ба вилояти Суғд ба назорат гирифта шуда, ба ҳар яки ин ҳуҷҷатҳо дар алоҳидагӣ парвандаҳои назоратӣ тартиб дода шуд. Дар мавриди иҷроиши бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳо назорат бурда шуда, дар мӯҳлатҳои пешбинишуда ахборотҳои иҷроия таъмин шуда истодаанд.
Вазъи соҳаи энергетика ва саноат.
Дар натиҷаи фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2015 ба миқдори 575,4 миллион сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ, гази табиӣ ва истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,2 дар сад афзудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои саноатии калону миёна ба 166 адад расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 15 адад зиёд шудааст. Дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 45 адад корхонаҳои нав таъсис дода шуда, 620 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Мувофиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди таъмини мунтазами корхонаҳо бо барқ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои нав ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти саноатӣ корҳои муайян ба иҷро расонида шуда истодааст.
Қобили қайд аст, ки санаи 24 марти соли 2015 бо иштироки Сарвари кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Порсои Хуҷанд” баргузор гардид, ки ин коргоҳ бо коркарди маҳсулоти ширӣ ва истеҳсоли 15 навъи маҳсулот машғул аст. Дар ин коргоҳ 45 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин шуда, музди миёнаи маоши кормандон 807,0 сомониро ташкил медиҳад. Коргоҳ бо технологияи муосири замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар як шабонарӯз то 8-10,0 тонна ва соле 2,5 ҳазор тонна ширро коркард менамояд. Дар айни ҳол оиди ташкили фермаи чорводорӣ ва таъмини ашёи хом барои истеҳсолот корбарӣ рафта истодааст.
Ҳамзамон дар ҶДММ “Стар-пласт” ва “Силкоатбойя” истеҳсоли пластмассаю масолеҳи сохтмонӣ (клейи шпаклевка) бо самтҳои нави технологӣ ба роҳ монда шуд.
Санаи 20 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд  бо иштироки Президенти мамдакат, Ҷаноби оли мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон” ифтитоҳ гардид. Арзиши корҳои барқарорсозии корхона 2 миллион сомонӣ буда, коркарди солонаи он 4,5 ҳазор тонна нахи пахта мебошад. Корҳои навсозии корхона бо дастгирии ширкати олмонии БИМЭКО сурат гирифта, дар як сол дар ин ҷо ба маблағи 35 миллион сомонӣ риштаи пахтагин истеҳсол карда мешавад. Дар навбати аввал 350 нафар занҳои хонашин бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Роҳбарии корхонаро соҳибкор Равзабону Негматуллоева ба уҳда дорад ва коргоҳи ресандагиро аз ширкати “Сомон Суғд” ба мӯҳлати дароз ба иҷора гирифтааст. Соҳибкор Равзабону Негматуллоева ба Президенти мамлакат ваъда дод, ки дар сурати пешравии корҳо оянда бо барқарор кардани навбати дуюми коргоҳ то соли 2016 боз барои 400 нафар зани хонашин ҷойи кори доимӣ таъсис медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шабакаҳои Барқи Тоҷик ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастуру супориш доданд, ки қувваи барқи Ҷамъияти Саҳомии пӯшидаи Ресандаи Тоҷикистон “РБТ” бе пасту баландшавии шиддат ва мунтазам бо барқ таъмин карда шавад ва барои пур кардани воситаҳои гардишӣ аз Бонки Фонди Рушди Дастгирии Соҳибкорӣ маблағи заруриро бо 7 фоизаи солона қарзи дарозмуддат дода шавад.
Дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Корхонаи коркарди чӯбу тахтаи “Арча”дар назди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фортуна ва компания” ифтитоҳ гардид. Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дадахон Очилов бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар зарфи беш аз якуним сол сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона 250 ҳазор метри мураббаъ чӯбу тахта буда, дар як сол ба маблағи умумии 7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамоянд. Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Италия ва Украина ворид карда шуда, маҳсулоти корхона-дару тирезаҳои хушсифат ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мегардад. Дар ин корхона 80 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Дар корхонаи коркарди чӯбу тахтаи “Арча” ҳамчунин барои хушк кардани чӯби воридшуда технологияи муосир насб гардидааст, ки бо он ашёи хоми воридшуда барои коркард омода карда мешавад.  Яке аз афзалиятҳои муҳими ин корхонаи нав истеҳсолоти бепартови он мебошад, яъне тамоми партовҳои истеҳсолӣ мавриди коркарду истифода қарор мегирад. Ин кор дар ду дегхонаи буғӣ, ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст, ба роҳ монда мешавад. Дар навбати дуюм дар ин корхона истеҳсоли намудҳои гуногуни мебел ва дигар ашёи ороишӣ барои хонаҳои ҳама гуна биноҳо ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти ин корхона пурра аз чӯби табиӣ буда, дар вақти коркард ва истеҳсол маводи кимиёвӣ хеле кам истифода мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастуру супориш доданд, ки бозори дохилию хориҷиро омӯхта, маҳсулоти рақобатпазир ва воридивазкунанда истеҳсол кунанд. Тибқи супоришҳои Президенти кишвар бояд тарғиби маҳсулоти чунин корхонаҳои ватанӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Дастур дода шуд, ки барои тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳам барои аҳолӣ бояд маҳсулоти арзону босифат истеҳсол ва пешниҳод карда шавад.
Дар идомаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии “Ваҳдат” бузургтарин иншооти нави энергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи “Ваҳдат” ифтитоҳ гардид. Зеристгоҳи нави барқии “Ваҳдат” бо харҷи 4,5 миллион евро маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи се бонки аврупоии мададрасон-Бонки навсозӣ ва рушди Аврупо, Бонки сармоягузории рушд ва Комиссияи иқтисодии Аврупо бунёд шудааст. Барои сохтмони ин зеристгоҳ, насби ҳисобкунакҳо ва беҳсозии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз ҳамин сарчашмаҳо ҷудо намудании 22 миллион евро пешбинӣ шудааст. Зеристгоҳи барқии 110/10 кВ “Ваҳдат” бо 2 трансформатори ҳар кадом 16 мегаватт дар доираи лоиҳаи “Паст намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд” бунёд ёфтааст. Технологияи беҳтарин аз Аврупо ворид карда шудааст, вале ҳамаи корҳои сохтмон ва васлу насби таҷҳизот пурра аз ҷониби ширкатҳо ва мутахассисони ватанӣ анҷом ёфтаанд. Зеристгоҳи барқии нав то 25 фоизи шаҳри Хуҷандро бо барқи хушсифат таъмин менамояд.
Ҳамзамон баъди ифтитоҳи Зеристгоҳи барқии 110/10 кВ “Ваҳдат” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амсилаи зеристгоҳи барқии навбунёдшавандаи “Темурмалик”-110/10 кВ бо 2 трансформатори тавоноиаш 16000 кВА, ки аз рӯи нақша дар ҳудуди маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, шинос шуда ба шахсони мутасаддӣ оиди омӯзиши лоиҳа ва сохтмони он дастурҳои мушаххас доданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон ба соҳаи саноати шаҳр ба маблағи 94,7 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Баҳри дастгирии соҳибкороне, ки корхонаҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода доданианд, бо қарори Раиси шаҳр барои сохтмони коргоҳ қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад.
Баҳри рушди соҳаи саноат иҷрои Барномаҳои давлатии дар ин самт қабулгардида аҳамияти хоса дошта, иҷроиши  нишондиҳандаҳои ин соҳа таҳти назорати доимӣ қарор дорад. «Барномаи коркарди нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» ба ин мисол шуда, мувофиқи талаботи он дар давраи ҳисоботӣ 7 корхонаҳои саноатии шаҳр бо коркарди нахи пахта фаъолият намуда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ин корхонаҳо ба миқдори 1185,0 тонна нахи пахта коркард карда шудааст.
Инчунин баҳри таъмини иҷрои «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Мавриди истифода қарор додани коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ имкон дод, то ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук сол аз сол боло равад.
Дар шаҳр иқдоми неки Сарвари кишвар оид ба аъзогӣ қабул гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати ба талаботҳои он ҷавобгӯй будани соҳаи истеҳсолот чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.
Номгӯи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуданд, ки ба онҳо профилҳои алюминӣ, сарпӯш барои бонка, ранги акрилӣ, сим, қуттӣ барои партов, коркарди зарфҳои полиэтиленӣ ва масолеҳи оҳану бетонӣ мисол шуда метавонад ва онҳо асосан ба давлатҳои муштаракулманофеъ содир карда мешаванд. Аз ин ҳисоб нишондиҳандаҳои содироти молӣ баланд бардошта шуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 84,0 млн. сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст.
Барои омӯзиши маркетинги бозорҳои хориҷӣ, пайдо намудани ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, пешниҳоди маҳсулоти саноатии ватанӣ ба хориҷи кишвар, васеъ намудани бозори фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ ба давлатҳои дуру наздик коргоҳҳои саноатии шаҳр дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ дар Фаронса, Итолиё, Олмон, Руссия, Чин ва дигар давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда, барои бастани шартномаҳо, воридоти технологияи нав ва таъсиси корхонаҳои муштарак кор бурда истодаанд.
Дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шудааст. Дар ин ҷода ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо кардааст.
Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти идораҳои фурӯши барқ аз тарафи шабақаҳои барқи шаҳр ба миқдори 512,0 миллион кВт/соат нерӯи барқ интиқол карда шуд. Маблағи пардохти умумии он 71,9 миллион сомонӣ, ё 96,3 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 29,9 миллион сомониро ташкил менамояд.
Вазъи соҳаи сохтмон ва меъморӣ.
Баҳри бунёдкорӣ ва ободии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 224,7 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 196,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 183,8 ва 176,1 фоизро ташкил дод. Яке аз манбаъҳои корҳои ба сомонрасида ин маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ буда, аз ин сарчашма дар ҳаҷми 121,9 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Илова бар ин ба маблағи 141,9 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, аз тарафи корхонаҳои пудратии шаҳр бошад, ба маблағи 144,9 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Қайд кардан лозим аст, ки дар ин давра аз тарафи идораи сохтмони асосӣ барои ҳамворкунии қитъаи замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои 1 ва 2-юми шаҳри Хуҷанд 998,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони мактаб барои 1296 талаба дар микроноҳияи 8-ум 240,3 ҳазор сомонӣ, сохтмони биноҳои нави Раёсати минтақавии Суғди Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар шаҳри Хуҷанд 3142,6 ҳазор сомонӣ, азнавсозии лавҳаи шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд 403,7 ҳазор сомонӣ, сохтмони боғчаи бачагона дар шаҳри Хуҷанд 3088,7 ҳазор сомонӣ, азнавсозии чароғонкунии хиёбони Исмоили Сомонӣ аз гардиши хиёбони Исмоили Сомонӣ то масҷиди Нури Ислом ба маблағи 149,6 ҳазор сомонӣ, азнавсозии толори варзишии мактаб гимназияи  №1 ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ 500,0 ҳазор сомонӣ, азнавсозии боғчаи бачагонаи №16 воқеъ дар кӯчаи Аминҷон Расулов (Войков) 497,8 ҳазор сомонӣ, азнавсозии чароғонкунии хиёбони Исмоили Сомонӣ аз даромадгоҳи шаҳри Хуҷанд то ҳайкали Исмоили Сомонӣ 180,2 ҳазор сомонӣ, азнавбарқарор-кунии намои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 180,0 ҳазор сомонӣ, рӯйпӯш намудани роҳравҳои гирди майдони “Ситораҳои Хуҷанд” ба маблағи 80,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони майдончаи варзишӣ дар ҳудуди муассисаи давлатии мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1  337,6 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои маъмурии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд 500,0 ҳазор сомонӣ, шинондани деворҳои (бардюр) махсуси бетонӣ дар ду тарафи роҳ аз масҷиди Нури Ислом то парки троллейбусҳои шаҳри Хуҷанд ба маблағи 21,7 ҳазор сомонӣ, азнавсозии чароғонкунии майдони назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ 155,7 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои иловагии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Хуҷанд 49,1 ҳазор сомонӣ, бартарафсозии обҳои ҷамъшавандаи кӯчаи Ҷӯра Зокиров  дар мавзеи баромад ба кӯчаи Абулқосим Фирдавсӣ 118,0 ҳазор сомонӣ, азнавсозии чароғонкунии майдони Маркази Ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд 66,4 ҳазор сомонӣ, таъмири чароғпояҳои пул бо иваз намудани кронштейн ва чароғҳо 156,3 ҳазор сомонӣ, сохтмони биноҳои 5-ошёна дар микроноҳияи 19-уми шаҳр 46,9 ҳазор сомонӣ, сохтмони фаввора дар назди бонки “Арванд” 47,7 ҳазор сомонӣ, сохтмони фаввора дар микроноҳияи 3-юм 80,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо азхуд карда шуда, корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шуданд.
Бо мақсади дуруст ва максаднок ҷойгир намудани иншоотҳо дар минтақаҳои аҳолинишини шаҳр, баҳри пешрафти самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар расидан ба ҳадафҳои талаботи имрӯзаи ҷомеа, иҷрои азнавсозии лоиҳаи банақшагирии дақиқ ва муфассали сохтмони шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид.
Дар ин асос дар давраи сипаригашта 18 адад иншооти маданӣ-маишӣ, истиқоматӣ ва коммуналӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар ин давра бинои нави филиали минтақавии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва корхонаи коркарди шири “Порсои Хуҷанд” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар ифтитоҳи он Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Вазъи соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия.
Фаъолияти мӯътадили соҳаи нақлиёт барои натиҷаҳои бобарори соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми назаррас мегузорад. Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба таъмини мунтазами фаъолияти ин соҳа аҳамияти махсус медиҳад.
Ҳоло дар ҳудуди шаҳр ва маҳаллаҳои атрофи он 1250 адад микроавтобусҳо фаъолият дошта, ҳар рӯз зиёда аз 825 адад микроавтобус дар 92 хатсайрҳо ҳаракат мекунанд. Дар давраи ҳисоботӣ тавассути ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт 1675,3 ҳазор тонна бор ва 37,9 млн. нафар мусофирон кашонида шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли пешина мутаносибан 131,7 ва 101,0 фоизро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки инфрасохтори ин соҳа замонавӣ буда, талаботи аҳолиро қаноатманд гардонида истодааст.
Дар самти татбиқи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тадриҷан ба истифодаи гази моеъ гузаронидани воситаҳои нақлиёт бо мақсади мунтазам фаъолият намудани нақлиётҳои мусофиркашон корҳои мушаххас гузаронида шуда истодааст.
Баҳри самаранокӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизмати соҳаи алоқа ҳоло дар шаҳр 27,6 ҳазор адад нуқтаҳои телефонӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 724 нуқтаҳои радиошунавоӣ ва дар ҷойҳои серодами шаҳр боз 10 адад баландгӯякҳо низ истифода бурда мешаванд, ки он барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ нақши муҳим мебозад.
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, чун истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои Барномаи вилоятии “Соли 2015-идомаи соли роҳҳои обод” якчанд корҳоро ба анҷом расонид.
Ба пешвози Иди Наврӯз ва ташрифи меҳмонони олиқадр, 70-солагии Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба масоҳати 30702м2 роҳҳои  кӯчаҳои шаҳр аз таъмир бароварда шуда, ба миқдори 3000,0 тонна асфалт хобонида шуд. Дар натиҷа роҳи Чашма, хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо, сатҳи кӯпруки ҷашнӣ, чорроҳаи роҳи Чашмаи назди заводи Барс, кӯчаҳои 30-солагии Ғалаба, роҳи маҳаллаҳои 31-33, роҳи автомагистралӣ, роҳи корхонаи «Порсои Хуҷанд», хиёбони Исмоли Сомонӣ роҳи байни биноҳои 85 ва 162, роҳи маҳаллаҳои 8-12,  кӯчаҳои М.Калинников, М.Муҳитдинова, давоми кӯчаи Шариф Раҷабов, роҳи маҳаллаи 12 то мактаби туркӣ, роҳи маҳаллаи 13, тангкучаи Аминҷон Расулов, кучаҳои Деҳқон, Маҳмуд Исмоилов, Дӯстии халқҳо, Холиқ Иброҳимов, Носир Сулаймонов, Офият Раҳимова, Ҷӯра Зокир, Шӯро, А.Дадобоев, Абулқосим Фирдавсӣ, гузаргоҳи Иванитский, истгоҳҳои нақлиётии хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои С.Полвонов ва Д.Аҳмадбеков аз таъмири ҷорӣ ва куллӣ бароварда шуд.  Корҳои рангубор намудани бардюрҳои хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Раҳмон Набиев, Раҳим Ҷалил, купрӯки кӯҳна ва нав, роҳи автомагистралӣ аз давраи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров то масҷиди «Нури Ислом», кӯчаҳои Султон Умарӣ ба маблағи 16428,00 сомонӣ, инчунин кашидани хатти уфуқӣ ва аломатгузории роҳҳои пиёдагард ба маблағи 73130,84 сомонӣ ба иҷро расонида шудааст. Дар давраи ҳисоботи кӯчаю хиёбонҳои шаҳр 6200м2 ба маблағи 434000,00 сомонӣ сафолакпӯш карда шуд.
Дар ёздаҳ моҳи соли равон дар кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр лампаҳои ДНАТ-400-162дона, ИЗУ-ҳо-49дона, дрюсселҳо-37 дона, лампаҳои каммасрафи 15вт ва 45 вт-608дона, равшанкунакҳо-320 дона, лампаҳои светодиодии 2вт-1026 дона, лампаҳои светодиодии 2 вт-976 дона, нурафканҳои светодиодӣ-6 дона, дюралайти светодиодӣ-8032метр, кушояндаи оҳанрабо (магнитопускател) -3дона, чароғҳои 450вт-8дона, васлкунаки оҳанрабо-2дона,  РПУ-1дона, изолятори такягоҳ-12дона, сими пӯлодин-4565 метр, трансформатори ҷараён-3 дона, лампаҳои каммасрафи муосир -359 адад, кабели барқии 0,4квт-14720 метр, симҳои барқии АПВ-1400 метр, ноқили барқии АППВ 2х4- 1325 метр иваз ва насб карда шуданд.
Инчунин аз тарафи қитъаи кабудизоркунӣ дар қадди кӯчаҳои асосии шаҳр ва гулгаштҳо ба миқдори 342830 дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, 316300 адад гулҳои маҳаллӣ, 40910 адад гулҳои садбарг, 8000 дона карнайгул, 22330 дона карамгул ва 16150 дона дарахтҳои сояафкан шинонида шуданд. Аз муассисаи кабудизоркунии шаҳр 35000 дона гулҳои лола бароварда шуда, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шинонида шуданд. Дар моҳи март 96500 дона гулҳои лолае, ки дар фасли сармо шинонида шуда буд, шукуфонида шуд. Ҳамзамон моҳҳои октябр-ноябри соли равон 500-ҳазор аз ҳисоби КВДК “Сарраёсати ободонии хоҷагии коммуналию  манзилӣ” ва 500-ҳазор аз ҳисоби корхонаю ташкилотҳои шаҳр тухми гулҳои лола шинонида шуда, оиди ин самт корҳо идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба масоҳати 22000м2 таъмири боми  хонаҳои истиқоматӣ  ба иҷро расонида шуда, қубурҳои обу ташноб ба дарозии 4000 метр, ноқилҳои барқии 0,4 квт 733 метр  иваз карда шудааст. Таъмири қуттии барқӣ 96 адад, таъмири даромадгоҳҳо 126 адад, таъмири лифтҳо 5 адад ва оинабандии тирезаҳо 896 м2 ба иҷро расонида шудааст. Дар ҳудуди шаҳр 11 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.
Вазъи ҳолатҳои фавқулодда.
Бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти кори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании шаҳри Хуҷанд дар нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Хуҷанд ва Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар ҳуҷҷатгузории Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании шаҳри Хуҷанд барои соли 2015 тағироту иловаҳо дароварда шуда, якчанд чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании шаҳри Хуҷанд дар соли 2015 ва дар асоси нақшаи тасдиқшудаи солона омӯзиш ба ҳамаи табақаҳои аҳолии шаҳри Хуҷанд оиди мудофиаи граҷданӣ 260 нафар шаҳрвандон ба нақша гирифта шуда, дар ёздаҳ моҳи соли 2015 185 нафар шаҳрвандон дар курсҳои кӯтоҳмуддати мудофиаи граҷдании вилояти Суғд омӯзонида шуданд.
Дар асоси  нақшаи чорабинии миёнамӯҳлат оиди марҳила ба марҳила таъмир ва барқарор намудани иншоотҳои муҳофизатии мудофиаи граҷдании шаҳри Хуҷанд дар ёздаҳ моҳи соли 2015 паноҳгоҳҳои корхонаҳои ҶСШКХ «Барқи Тоҷик», КД «Пилла» ва ҶДММ «Хуҷандторгмаш» таъмир карда шуданд.
Дар асоси нақша чорабиниҳои Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании шаҳри Хуҷанд, ки аз тарафи Сардори мудофиаи граҷдани  - Раиси шаҳри Хуҷанд тасдиқ шудааст, санаи 20.05.2015 сол дар Маркази назорати давлатии санитарию – эпидомологии  шаҳри Хуҷанд машқи махсуси тактикӣ дар мавзӯъи «Паҳншавии касалиҳои сироятӣ пас аз боришоти пай дар пайи борони сел дар шаҳри Хуҷанд» гузаронида шуд. Инчунин дар ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН-ИНТЕРНЕШНЛ» машқи махсуси тактики МГ дар мавзӯи ба амал омадани сӯхтор ва бартараф намудани он гузаронида шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва омӯзонидани соҳаи мудофиаи граҷданӣ дар вақти сар задани ҳолатҳои фавқулодда ва бартараф намудани он, дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд № 264 аз 2 апрели соли 2015, санаи 7 апрели соли 2015 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 17 ба номи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд «Рӯзи мудофиаи граҷданӣ»-и намунавӣ ва ягона дар мавзӯи «Заминларза» гузаронида шуд.
Дар асоси фармони Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд №14 аз 19 феврали соли 2015  ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд № 264 аз 2 апрели соли 2015 «Оиди ташкил ва гузаронидани Рӯзи мудофиаи граҷдании намунавӣ ва ягона» санаи 24 апрели соли 2015 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсею гимназияҳои шаҳри Хуҷанд «Рӯзи мудофиаи граҷданӣ» гузаронида шуд.
Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании шаҳри Хуҷанд бо Ситодҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамкории зич намуда,  дар асоси Қарори Шурои Ҳайати Мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо воситаи ахбори умум дар мавсими оббозӣ баромад намуда, корҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
Вазъи соҳаи илм, маориф ва фарҳанг
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ёздаҳмоҳаи соли 2015 фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиёту фарҳангро ҳамоҳанг сохта, робитаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро бо созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ таъмин намуд. Ҳамзамон баҳри таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо мусоидат карда, фаъолияти ҷамъиятии дигар сохторҳои мақомоти иҷроия, ташкилоту муассисаҳоро танзим бахшид.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2015 бо мақсади тарғиби комёбиҳои солҳои истиқлолият, ташаккули ҳисси ватандорӣ, қадршиносӣ аз арзишҳои умумимиллӣ, таъмини якпорчагиву ягонагии Тоҷикистони  соҳибистиқлол ва таҳкими ваҳдати халқҳои маскуни кишвар, ташаккули давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ якчанд корҳоро ба сомон расонид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъалаи тарбияи маънавии мардум ва баҳри  иҷрои  қарори Раиси шаҳр  аз 15 марти соли 2008,  № 128 «Дар бораи гузаронидани Рӯзи ягонаи ахбор» ва густариши корҳои тарғиботӣ, шинос намудани сокинон бо сиёсати дохилӣ ва берунии давлат, дастовардҳои солҳои истиқлолият, таърих ва анъанаҳои ниёгон рӯзи панҷшанбеи сеюми ҳар моҳ дар маҳаллаю қитъаҳои истифодабарии манзил, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаю ташкилотҳои қаламрави шаҳр Рӯзи ягонаи ахбор ташкил ва баргузор намуд.
Санаи 23 январ дар тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳр, кумитаи маҳаллаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳамчунин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Тибқи иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 17 марти соли 2015, № 234 “Дар бораи нақша-чорабиниҳо баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд”  дар тамоми ташкилоту муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кумитаи маҳаллаҳои шаҳр ва ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ идома дорад.
Барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ  ба муносибати 22-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр як қатор чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занон ва духтарон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, таҳкими нақш ва мақоми модар дар ҷомеа ва бахшида ба Рӯзи Модар дар шаҳр чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ гузаронида шуданд.
Дар  асоси қарори  Раиси  шаҳр аз 3 марти соли 2015, № 190 «Дар бораи таҷлили Рӯзи матбуот» ва бо назардошти саҳми арзандаи васоити ахбори омма дар бунёди давлати  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр чорабиниҳои адабию фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Бо мақсади равнақи ваҳдату худшиносии миллӣ, тарғиби расму ойинҳо ва ҷашну маъракаҳои мардумӣ, бо назардошти нақши Наврӯзи фархундапай дар таърихи мардуми тоҷик, эҳёи анъанаҳои беҳтарини фарҳангӣ дар корхонаю муассисаҳо ва  кумитаи маҳаллаҳои шаҳр чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Рӯзҳои таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Хуҷанд 35 иншоот ба истифода дода шуд. Аксарияти иншоотҳои ифтитоҳшуда ҷашнӣ буда, аз шумораи умумии он 8-тояш коргоҳи хурду миёнаи саноатӣ, боқимонда аҳамияти иҷтимоӣ дорад. Мавзеи лавҳаи фахрӣ бо фаввораи замонавӣ, бинои нави муассисаи “Тоҷиксодиротбонк”, чойхонаи адибон, 1 мағозаи тухмиву гулҳо, 2 бинои баландошёна дар шумораи иншоотҳои нав қарор доранд.
Санаи 21 марти соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаи чорбоғи рамзии шоир ифтитоҳ ёфт. Навсозии боғи Камоли Хуҷандӣ соли 2014 бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт ва дар муддати кӯтоҳ ин боғ ба як мавзеи басо зебою рӯҳафзои сайру тамошо, шиносоӣ бо рӯзгору сарнавишти шоир ба мавзеи истироҳату фароғат табдил ёфтааст.
Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҷамъбасти фестивал-озмуни “Гулҳо” ва “Оши палав” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолият кормандони соҳаҳои  иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  ва фаъолони шаҳр барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Санаи 11 сентябри соли равон боздиди Раиси вилоят аз маркази атласу адрасбофии ба номи Зулфия Баҳриддинова дар маҳаллаи Масҷиди Савр, мумфаршкунии кӯчаҳои Деҳқон ва маҳаллаи Мевағул, ифтитоҳи кӯдакистон дар маҳаллаи Темурмалик барои 320 нафар кӯдак бо 60 ҷои корӣ ва тақсимоти замини наздиҳавлигӣ барои 1000 нафар эҳтиёҷмандон дар шаҳраки Сайҳун ташкил ва гузаронида шуд.
Бо қарори Иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 25 сентябри соли 2014, №278 “Дар бораи тасдиқ намудани Рамзи шаҳр ва эълон кардани Рӯзи шаҳри Хуҷанд” санаҳои 25-26 сентябри соли равон якчанд чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши рассомон, корхонаҳои саноатӣ, таомҳои миллӣ баргузор гардид.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр, вохӯриву мулоқотҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳо гузаронида шуданд.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  дар ёздаҳ моҳи 2015 фаъолияти назарраси худро баҳри таълиму тарбияи шоистаи насли наврас вусъати комил бахшида, ба як қатор дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд Паёми Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода,  дар самти ба камол расонидани хонандагони донишманду ватанпараст, амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ талошҳои созанда намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Хуҷанд 47 мактаб; аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 11 мактаби хусусӣ, 1 мактаб – интернати ёрирасон, 31 кӯдакистон, 5 кӯдакистонҳои хусусӣ, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 35225 нафар хонандагон ва 8641 нафар тарбиятгирандагон  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 62 нафар омӯзгорон ва 19 нафар мураббиён бо сабабҳои гуногун (нафақа, ивази ҷои истиқомат, шароити оилавӣ ва беморӣ) тарки вазифа намуда, 69 нафар омӯзгорон ва 22 нафар мураббиён ба кор ҷалб карда шуданд.  Дар айни замон муассисаҳои таълимии шаҳр ба кадрҳои педагогӣ эҳтиёҷ надоранд. Дар ҳамаи муассисаҳо таълими  фанҳои барномавӣ пурра ба роҳ монда шудааст.
Соли хониши 2014-2015 хонандагони синфи 11-и лаёқатманди мактабҳои  шаҳр дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 32 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, аз 19 нафар хонандагон 15 нафарашон ғолибият ба даст оварданд.
Бо мақсади тақвият бахшидани завқу шавқи  хонандагон  ба омӯзиши илму  техника, ихтироъкориву  навоварӣ ва  ташаккули  тафаккури техникии онҳо моҳи январ дар мактаби №22 озмуни  шаҳрии «Техникони  наврас» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 225 нафар хонандагони ҳамаи намуди мактабҳо ширкат варзиданд.
Баҳри ташаккул додани маърифати хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба тадқиқоти илмӣ, иншои мақолаю гузоришҳои паҷӯҳишӣ ва дар ин замина дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод моҳи марти соли ҷорӣ дар МТМУ №19 сессияи шаҳрии Академияи хурди илмҳо гузаронида шуд, ки дар он 237 нафар хонандагон иштирок намуданд.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ таҷҳизонидани 32 адад  кабинетҳои фанни  физика,  математика. химия, биология, технологияи информатсионӣ ва географияро дар муҳлати панҷ сол ба мактабҳои шаҳр тақсим карда шуданд.
Бо қарори Раиси шаҳр дар 5 сол – 942067,6 сомонӣ маблағ барои таҷҳизонидани ин кабинетҳои фаннӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла дар соли 2015 – 297572,5 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.
Шуъбаи маориф баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 427 аз 3 июли соли 2014, қарори Раиси вилояти Суғд №411 аз 23 сентябри соли 2014 ва қарори Раиси шаҳр №647 аз 5 ноябри соли 2014 дар бораи тасдиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянро ба сомон расонид.
Аз 47 муассисаҳои таълимии шаҳр дар 35 муассисаҳо толори варзишӣ ва дар 44 муассисаҳо майдончаи варзишӣ мавҷуд аст. Дар ҳамаи толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ мувофиқи талабот лавозимотҳои зарурӣ мавҷуданд. Зиёда аз 763 нафар хонандагон дар маҳфилҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, футбол, карате-до, дзюдо, мини-футбол, самбо, гӯштини юнони римӣ, гӯштини тарзи озод машқ мекунанд.
Дар оғози соли нави хониш бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд толори варзишӣ дар гимназияи №1 ба номи М.Беҳбудӣ ба истифода дода шуд ва дар литсейи физикӣ-математикии ба номи академик Муҳаммад  Осимӣ корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 47 нафар хонандагони ятими кулл ва 541 нафар бепадар, 323 нафар бемодар, 181-нафар толибилмон аз оилаҳои камбизоат таҳсил менамоянд. Аз тарафи маъмурияти мактабҳо ва шахсони саховатманд дар арафаи иду айём ба ин хонандагон пайваста маводи ғизоӣ, либосворӣ ва лавозимоти хониш кӯмак карда мешавад. Дар аксарияти мактабҳои шаҳри Хуҷанд барои хонандагони ятими кулл хӯроки гарм ройгон ташкил карда шудааст. Аз тарафи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори кӯдакони ятиму бепарастори шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 51 нафар хонандагони ятиму бепарастори шаҳр дар маркази фароғатии «Ҷавонӣ» дастархони идона ороста, ба онҳо тӯҳфаҳои идона супорида шуд.
Дар арафаи соли хониши 2015-2016 аз тарафи Раиси шаҳр ба 200 нафар хонандагони ятиму камбизоат либосҳои мактабӣ тақдим карда шуд.
Дар Маркази таҳсилоти иловагӣ 5 шӯъба: сайёҳӣ-кишварши-носӣ, техникӣ, эстетикӣ, табиатдӯстон, Созмони талабагӣ, 30 номгӯи маҳфилҳо амал мекунад, ки ба он 1290 нафар толибилмони  мактабҳои шаҳри Хуҷанд ҷалб карда шудаанд, ки 75%-и аъзоён аз оилаҳои камбизоат мебошанд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Темурмалики микроноҳияи 3-юм барқарорсозии кӯдакистон барои 320-нафар кӯдак ба анҷом расида,  дар маҳаллаи Сари Баландӣ барқарорсозии кӯдакистони №16 барои 200-нафар кӯдак идома дорад.  Таъмири боми кӯдакистони №25 ва таъмири 3-гурӯҳи садамавии муассисаи таҳсилоти томактабии №29  ба итмом расонида шуд.
Аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 1070 нафар кӯдакон ба мактаб равона карда шудаанд.
Дар таълиму тарбияи кӯдакон 416  нафар мураббиён, аз онҳо 216 нафар бо маълумоти олӣ, 200 нафар бо маълумоти миёнаи махсус кор ва фаъолият мебаранд. Барои баланд бардоштани маҳорат ва малакаи омӯзгорӣ 75-нафар мураббиёни ҷавон ба мураббиёни пуртаҷриба вобаста карда шуданд.
Дар ин давра бақайдгирии асосии довталабон ба имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ-2015 дар ҳамаи нуқтаҳои бақайдгирӣ аз санаи 2 март то 30 апрели соли 2015 идома ёфт. Дар он 1927 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд аз қайд гузаштанд, ки ин 79%-и хатмкунандагонро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 367 нафарашон хатмкунандагони солҳои қаблӣ мебошанд.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани аттестатсия нақша–чорабинии мушаххас таҳия карда шуд. Дар рафти баргузории аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар ягон муассисаи таълимӣ вайрон намудани талаботи  Дастурамали аттестатсия ба назар нарасид. Синфи 9-ро 2896 нафар ва синфи 11- ро 2444 нафар хатм намуда, 1659 нафар (68%) ба мактабҳои олӣ, аз он ҷумла 293 нафарашон ба мактабҳои олии хориҷи кишвар ва 214 нафар ба мактабҳои миёнаи махсус дохил шуданд.
Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №377 «Оиди таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ва Низомномаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 августи соли 2010, №266, қарори Раиси шаҳр аз 16 августи соли 2013, №450 «Дар бораи тасдиқи Барномаи вилоятии кор бо ноболиғон барои солҳои 2010-2015» ба роҳ мондааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 269 аризаи хаттӣ, 177 адад муроҷиати шифоҳӣ, мактуб 338 адад ворид гашта, дар 11 ҷаласаи комиссия мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуд.
Фарҳанг дар рушди маънавии ҷомеаи муосир нақши назаррас мебозад.
Дар давоми ёздаҳ моҳ аз ҷониби бахши фарҳанг 170 – чорабинӣ гузаронида шуд, ки дар он қариб 240 ҳазор нафар тамошобинон иштирок карданд. Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои чопи китоби бадеӣ 15000 сомонӣ, Наврӯзи ҷаҳонӣ 56135 сомонӣ, аз ҷумла барои сарулибоси саҳнавӣ 23905 сомонӣ, барои ба навор гирифтани филми мустанад 19394 сомонӣ, барои устои қолинбофӣ 1377 сомонӣ, барои музди меҳнати устоҳои қолинбоф 9120 сомонӣ  ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 14739 сомонӣ, барои либоси саҳнавии ансамбли «Парниён» 9 000 сомонӣ, барои баргузории Рӯзи Ваҳдати миллӣ 83 751 сомонӣ, барои чопи китоби Карим Шариф «Роҳсоз» 1480 сомонӣ, барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» 6000 сомонӣ, барои баргузории озмуни «Таронаи Ваҳдат» давраи якум 35678 сомонӣ ва даври дуюм 6100 сомонӣ, Рӯзи Сарқонун 2100 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 271 ҳазору 574 сомонӣ маблағ масраф гардидааст.
Вазъи соҳаи тандурустӣ, кор бо занон ва оила.
Дар соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷанд барои дар амал татбиқ намудани Барномаҳои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ», қарору фармоишҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, карорҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ва шаҳри Хуҷанд барои беҳдошти вазъи сиҳатии омма, пешбурди кори муассисаҳои табобатӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ  дар асоси нақшаи тасдиқгардида тадбирҳои муайян ба сомон расонида шуд.
Дар шаҳр 16 муассисаҳои тиббӣ амал менамоянд, ки  дорои 1110 кати беморӣ буда, дар  онҳо зиёда аз 2260 нафар кормандони соҳаи  тиб адои вазифа мекунанд.
Дар асоси “Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар марказҳои саломатии шаҳрӣ хизматрасонии тибби оилавӣ ҷорӣ карда шуда, то давраи ҳисобот 136 нафар духтурони оилавӣ ва 168 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ хизмат мерасонанд.
Мувофиқи нақша барои соҳаи тандурустии шаҳр барои соли 2015 дар ёздаҳ моҳи соли равон 30106602 ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 25953752 сомонӣ маблаггузорӣ карда шудааст.
Оиди баланд бардоштани савияи дониш аз тарафи кормандони маркази репродуктивии марказҳои саломатии шаҳр якчанд маротиба вохӯрӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, дар маҳаллаҳо, дар донишгоҳҳою коллеҷҳои тиббию педагогӣ сӯҳбатҳо дар мавзӯъҳои «Гигиенаи шахсии духтарон», «Исқоти ҳамл ва зарари он», «Бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда», «Сину соли никоҳӣ ва танзими расму ойинҳо», «Ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Танзими оила ва нигоҳ доштани фосилаи байни таваллуд», «Истифодабарии маводҳои пешгирии ҳомилаи номатлуб», ки аз проблемаҳои актуалии ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб мераванд, вохӯрӣ гузаронида шуда истодааст.
Оиди иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 декабри соли 2010,  № 412  ва Қарори Раиси   шаҳри  Хуҷанд аз 16 феврали соли 2011, № 115 «Дар бораи татбиқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои  2011-2020»  дар шаҳри Хуҷанд» ба тавсиб расида, дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим нисбати пешгирии бемориҳо аз ҷумла, бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ идома дорад.
Таҳлили вазъи эпидемиологӣ нишон медиҳад, ки дар ҳудуди шаҳр бемориҳои махсусан хатарнок (ҳорӣ, сӯхтанӣ, вабо, гулӯзиндонак, қазомуқ ва домана) ба қайд гирифта нашудааст.
Дар соли 2015 барои таъмири муассисаҳои табобатии шаҳр аз буҷаи маҳаллии шаҳр барои: Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1- 500 ҳазор сомонӣ, Беморхонаи шаҳрии №2 - 365 ҳазор сомонӣ, Беморхонаи сирояткунанда  - 300 ҳазор сомонӣ, Маркази саломатии шаҳрии №1 - 170 ҳазор сомонӣ, Маркази саломатии шаҳрии №3 – 5 ҳазор сомонӣ, Маркази саломатии шаҳрии №4 – 5 ҳазор сомонӣ, Маркази саломатии шаҳрии №5 – 190 ҳазор сомонӣ, Маркази саломатии шаҳрии №6 – 5 ҳазор сомонӣ, Стаматологии бачагона - 100 ҳазор сомонӣ, Маркази мубориза бар зиддӣи бемории сил - 150 ҳазор сомонӣ, Хонаи кӯдакон - 30 ҳазор сомонӣ, ҳамагӣ барои ин мақсадҳо 1820,0-ҳазор  сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар самти шуъбаи кор бо занон ва оила дар заминаи 4 (чор) санади давлатӣ-Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҶТ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҶТ барои солҳои 2011-2020», «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар ҶТ барои солҳои 2014-2023» ба роҳ монда, дар асоси ин санадҳои мазкур дар назди шуъба Маркази иттилоотӣ-машваратӣ таъсис дода шуда, ҳуқуқшиноси он ба муроҷиаткунандагон ройгон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Баҳри таъмини иҷрои Барномаҳои мазкур дар соли 2015- 12000 (дувоздаҳ) ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, он мақсаднок масраф карда шудааст.
Дар асоси Барномаи «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҶТ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд», дар назди шуъба курси 3-моҳаи «Зан-роҳбар», аз ҳисоби 20 нафар донишҷӯдухтарон ташкил карда шуд. Доири Барномаи «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо», дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд, 15 Грант ба маблағи 50 000 (панҷоҳ ҳазор) ҷудо гардида, дар тантанаи «Рӯзи шаҳр» ба ҳунармандон супорида шуд.
Доир ба амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои Паёми Сарвари давлат  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қайди ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Кодекси оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон», солимӣ ва мустаҳкамии оилаҳо, оид ба пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ва пешгирии он, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва аз муоинаи тиббӣ гузаштани ҷавонон дар байни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, донишгоҳи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ корҳои ташвиқотӣ гузаронида шуд.
Дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд дар давраи ҳисоботӣ 1565 адад ақди никоҳ ба қайди давлатӣ  гирифта шуд. Инчунин 6342 адад сабти асноди ҳолати шаҳрвандон ва 4008 адад таваллуди кӯдаки навзод ба қайд гирифта шуд.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии Оила бо иштироки 13 оилаҳои ҷавон ва оилаи намунавии шаҳри Хуҷанд маҳфил бо номи «Оила-маҳзани меҳру муҳаббат» бо ҳидояти аҳливу тифоқӣ ва устувор гардонидани пояи оила, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон баргузор гардид.

Ҳамчунин доир ба тарғиби фарҳанги либоспӯши, худшиносӣ ва арзиши эҳтироми миллӣ иштироки фаъоли кормандони Хонаи ақди никоҳ дар кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, нишасти телевизионӣ дар тарабхонаи «Ҷавонӣ» ва бо воситаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» инъикос ва нашр гардид.
Инчунин дар мавзӯи оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ ва солимии оилаҳои ҷавон Конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва наслҳои солим ташаккул меёбад» гузаронида шуд.
Вазъи соҳаи варзиш, ҷавонон ва туризм.

Дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар самти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳи чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, иҷтимоиву маърифатӣ ва варзиширо доир намуда истодааст, ки он боиси фаъолнокии ҷавонон гардида ва таваҷҷӯҳи ҷавонони болаёқату боистеъдодро зиёд менамояд.
Бобати рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш, сохтмон ва эҳёи майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона  ба истифода дода шуда истодаанд.
Аз ҷумла дар маҳаллаи 32 назди биноҳои 88, 89, 90, 91, 92 майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона  ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он намудҳои варзишии баскетбол, волейбол, турник, брус ва монанди ин насб гардиданд. Дар маҳаллаи «Шарқ» майдончаи варзишии  волейбол ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд майдони футбол бо алафи сунъӣ дар Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1”-и шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гарид. Майдони мазкур тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ ба маблағи 295 ҳазор сомонӣ  сохта ба истифода дода шуд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилали ҳифзи кӯдакон дар маҳаллаи Темурмалик, микроноҳияи 8 дар назди бинои 54 майдончаи варзишии бозии кӯдакона ба истифода дода шуд.
Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд 6 адад Муасиссаҳои давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасон» фаъолият мебарад, ки дар ин муассисаҳо барои 4000 ҳазор нафар наврасону ҷавонон машғулиятҳои варзишӣ гузаронида мешавад.
Баҳри рушди туризм дар шаҳри Хуҷанд ширкатҳои сайёҳӣ ба монанди Ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон «Спутник», ҶДММ «Суғдиён – Помир Тур», «Олами саёҳат», «Шарқ -Амрико» фаъолият мебаранд.
Вазъи соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаҳои ташаккули минбаъдаи низоми ба талаботи замона ҷавобгӯ, таъмини нафақаи аҳолӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоат ва таъсис додани ҷойҳои корӣ ҳамеша дар маркази диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, дар ин самт чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.
Дар натиҷа музди маоши миёнаи кормандони хоҷагии халқи шаҳр дар ҳолати 1 ноябри соли 2015 сол ба 1044,13 сомонӣ расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72,18  сомонӣ, ё ин ки 7,4 дар сад афзудааст. Фонди музди меҳнат дар ин давра 353,2 миллион сомониро ташкил намудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 22,0 миллион сомонӣ, ё ин ки 6,6 дар сад афзудааст.
Самти дигари афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин муваффақ шудан ба таъмини пурраи шуғли аҳолӣ ба шумор рафта, дар ин ҷода корҳои мушаххас ба иҷро расида истодаанд. Дар натиҷа дар давраи ҳисоботӣ  мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 53,0 ҳазор нафарро ташкил дода, 631 нафар ба таври расмӣ мақоми бекорӣ гирифтанд ва ҳоло ҳамагӣ бо назардошти солҳои пешина 408 нафар бекорон дар қайд истодаанд.
Тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд барои соли 2015 бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати пешниҳоди қарзҳои хурди бефоиз барои фаъолияти соҳибкорӣ ба 45 нафар шаҳрвандони бекор ба ҳар кадоме аз 2,0 то 4,0 ҳазор сомонӣ маблағ дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 14 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, дар натиҷа аз ҳисоби ин ярмаркаҳо 190 нафар шаҳрвандон ба шуғл ҷалб карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави шаҳр 11387 ҷои корӣ таъсис дода шуд, ки аз он 932 ҷой ба корхонаҳо ва муассисаҳо тааллуқ дошта, 10455 нафар бо патент ва шаҳодатнома фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Тибқи қарори Раиси шаҳр аз 04 декабри соли 2014, № 471 «Дар бораи муайян намудани теъдоди умумии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Хуҷанд» аз тарафи мутахассисон тавассути пурсиши ҳавлиҳо ҳар нимсола ба ҳисоб гирифтани муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷи кишвар фаъолияти корӣ доранд, ба роҳ монда шудааст. Пурсиши саросарӣ собит намуд, ки ба ҳолати 25 ноябри соли 2015  6073 нафар шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ тибқи иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 27 декабри соли 2013, №846 “Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар солҳои 2014-2016” корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуда истодааст.
Аз ҷумла, муҳоҷирони экологии соли 2014, ки 4-хонагӣ эътироф гардидаанд, аз кӯмакпулии яквақтаина ва қарзи имтиёзнок бархурдор шуданд ва мутобиқи қарори Раиси шаҳр оиди ҷудо намудани қитъаи замин ба онҳо қитъаҳои замини наздиҳавлигии якумра ба масоҳати 0,06 га ҷудо карда шуд.
Муҳоҷирони экологии соли 2015 низ 4-хонагӣ эътироф гардида, аз кӯмаки яквақтаина ва қарзи имтиёзнок бархурдор шуданд. Инчунин ба онҳо мутобиқи қарори Раиси шаҳр қитъаи замини наздиҳавлӣ ба ҳар кадоме ба масоҳати 0,06 га ҷудо карда шуд.
Ҷиҳати татбиқи сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар аз ҷониби сохторҳои дахлдор дар давраи ҳисоботӣ 44450 адад шартнома бо суғурташавандагони шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ баста шуд.
Натиҷаи фаъолияти ҷамъбасти ёздаҳ моҳи соли 2015-ум нишон дод, ки иҷроиши нақшаҳои воридоти пардохтҳои суғуртавӣ аз рӯи ҳамаи  намудҳои ҳатмӣ ва ихтиёрӣ 130,7 фоизро ташкил дод, яъне ба ҷои 1943,4 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 2541,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 597,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин дар ин давра талофии суғуртавӣ аз рӯи ҳамаи намудҳои суғуртавӣ ба шаҳрвандон дар натиҷаи офатҳои табиӣ, садамаи нақлиётӣ,  аз ҳодисаҳои нохуш, сӯхтор ва молу амволи хона ба 131 нафар ба маблағи 78,3 ҳазор сомонӣ ҳақгузорӣ карда шудааст.
Дар шаҳр амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014,  №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» идома дорад. Айни ҳол ҳамагӣ 3213 муроҷиати шаҳрвандон қабул шуда, 3078 парвандаҳо тариқи компютер ба сервер ворид карда шуда, аз он 2541 нафар ба кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор шуда, 537 нафар рад карда шуд. Маблағи умумии дар ин давра барои пардохти кӯмакпулӣ воридгардида 1639,1 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ба ҳолати 1 декабри соли 2015 шумораи нафақахӯрон 17274 нафарро ташкил дода, андозаи миёнаи нафақа 275 сомонию 44 дирамро ташкил медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки талаботи ёздаҳ моҳи соли 2015 53,8 ҳазор сомониро ташкил дода, маблағи он пурра пардохт карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба пиронсолон ва маъюбон 196 нафар шаҳрвандон, ки ба хизмати хонагӣ ниёз доранд, ба қайд гирифта шуда, бо сабаби вафот ва ба дигар давлат кӯчида рафтанашон 17 нафар аз қайд бароварда шуда, иловатан 7 нафар ба қайд гирифта шуд. Аз ҷониби хизматгузорони шуъба ба ҳар як хизматгиранда дар як ҳафта ду маротиба хизмат расонида мешавад.
Маълумот дар бораи дастгирии маъюбон, оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нафарони дар ақибгоҳ ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон.
Бояд қайд кард, ки барои боз ҳам беҳтар кардани шароити иқтисодиву иҷтимоии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, алалхусус иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маъюбони дар истифодаи имтиёз ба онҳо баробар аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ кӯмакпулӣ муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла, мутобиқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 19 январи соли 2015, №20 ба 88 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ, мутобиқи қарори Раиси вилоят аз 19 январи соли 2015, №21 ба 73 нафар шаҳрвандони дар ақибгоҳ фидокорона меҳнаткарда  80 сомонӣ ва ба 34 нафар маъюбони рафъи оқибатҳои садамаи экологӣ (иштирокчиёни рафъи садамаи Чернобил) тибқи қарори Раиси вилоят аз 19 январи соли 2015, №22 ҳар моҳ 80,0 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.
Ҳамчунин тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 29 январи соли 2015, №8  ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маъюбони дар истифодаи имтиёз ба онҳо баробар аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ ҳар моҳ ба андозаи 20,0 сомонӣ кӯмакпулӣ муқаррар карда шуда, ба шаҳрвандони дар ақибгоҳ фидокорона меҳнаткарда, инчунин ба маъюбони рафъи оқибатҳои садамаи экологӣ ҳар моҳ дар ҳаҷми 15,0 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шуда истодааст.
Баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 22 солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми миқёси шаҳр зиёда аз 100 оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои шаҳидони сохти конститутсионӣ, сарбозони дар вақти адои хизмат маҷруҳу ҳалок ва беному нишон гашта, инчунин ҷанговарони байналмиллал аз ҷониби мақомот, корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорон мавриди аёдат қарор гирифтанд.
Дар арафаи Иди Наврӯз ба собиқадорони меҳнат, шаҳрвандони фахрӣ ва шахсони барӯманд аз тарафи Президенти Тоҷикистон ба 6 нафар ба ҳар кадоме 1000,0 сомонӣ, ҷамъ 6,0 ҳазор сомонӣ маблағ ва аз номи Раиси вилоят ба 21 нафар ба ҳар кадоме 500,0 сомонӣ, ҷамъ 10,5 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби Раиси шаҳр ба 20 нафар 300,0 сомонӣ, ҷамъ 6,0 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд 2000 нафар аёдат карда шуданд. Дар 6 муассисаи иҷтимоии маркази вилоят дастархони идона ороста шуда, ба 24 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, беш аз 100 нафар собиқадорони меҳнат ва 700 нафар оилаҳои ниёзманд маводи озуқа дастрас гардид.
Ба ҳамаи аёдатшудагон маводи хӯрока ба маблағи зиёда аз 140,0 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд. Баҳри амалигардонии  қарори Раиси шаҳр аз 6 июни соли 2014, №311 210 оилаҳои камбизоаттарини шаҳр мавриди аёдат қарор гирифта, ба ҳами онҳо маводҳои хӯрока, ҷамъ ба маблағи зиёда аз 22,4 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № АП-159 ва Амри Раиси вилоят аз 7 майи соли 2014, №65 тибқи ҷадвали аз ҷониби Раиси вилоят тасдиқ гардида санаи 18 марти соли 2015 ба муносибати ҷашнгирии Иди байналмиллалии Наврӯз дар комплекс кӯдакистон- мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобино, муассисаи таҳсилоти томактабии №26-и кӯдакони иллати шунавоидошта, хона-интернат барои пиронсолон ва маъюбон, хонаи кӯдакон, мактаб - интернати ёрирасон барои кӯдакони маъюб, оилаҳои камбизоат ва хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби корхонаҳои сарпараст дастархони идона ороста шуда, кӯмакҳои моддӣ дастрас гардид.
Ба хона-интернат барои пиронсолон ва маъюбон, аз ҷониби Шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба маблағи 2,2 ҳазор сомонӣ дастархони идона ва ҶДММ КМ “Ҷавонӣ” туҳфа ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Ба Комплекс кӯдакистон – мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино аз ҷониби ҶСП “Вавилон-Мобайл” ба маблағи 600,0 сомонӣ маводҳои хӯрока ва аз тарафи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1500,0 сомонӣ маводи хӯрока дастрас гардид. Ба муассисаи таҳсилоти томактабии №26-и кӯдакони иллати шунавоидошта аз ҷониби сарфилиали ҶСК “Агроинвестбонк” дастархони идона ба маблағи 2,2 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд. Ба хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳр аз тарафи ҶДММ КМ “Само” ба маблағи 402,0 сомонӣ дастархони идона ороста шуда, аз ҷониби КМ “Сатн” 18 дона либос дастрас гардид. Ба хонаи кӯдакони шаҳр аз ҷониби сарпараст ҶС “Сорбон” дастархони идона ба маблағи 722,6 сомонӣ ороста шуда, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 264,0 сомонӣ барои дигар маводҳо дастрас карда шуд. Ба мактаб- парваришгоҳи ёрирасон 1,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд ва аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 16,2 ҳазор сомонӣ дастрас гардид.
Инчунин дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии шаҳр ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳр ба ин муносибат дастархони идона ороста шуда, барномаҳои консертӣ ташкил карда шуд.
Қобили қайд аст, ки дар ҳамаи кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр сумалак ташкил карда шуда, ҷашнгирии Наврӯз дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр орд, гандум ва равған ба таври ройгон пешниҳод гардид.
Ба муносибати 70 - солагии Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирокчиён, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони дар ақибгоҳ кор кардаанду бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ шуда, кӯмакҳои моддиву молиявӣ расонида шуд.
Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  №  АП-495 аз 29 апрели соли 2015 ба 21 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд истиқомат мекунанд, ба ҳар кадом 1500,0 сомонӣ кӯмакпулии яквақта супорида шуд.
Ҳамчунин тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 апрели соли 2015,  № 216 «Дар бораи расонидани кӯмаки яквақтаи моддӣ ба муносибати 70-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ба 25 нафар иштирокчиёну маъюбон, оилаҳои бесаробонмондаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба маблағи 1000,0 сомонӣ ва ба 65 нафар шахсоне, ки дар ақибгоҳ кор кардаанду бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, қадршиносӣ шуда, ба ҳар яки онҳо кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми 800,0 сомонӣ супорида шуд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, тибқи қарори Раиси шаҳр аз 4 майи соли 2014,  № 335 ба 25 нафар иштирокчиёну маъюбон, оилаҳои бесаробонмондаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маблағи 500,0 сомонӣ ва ба 65 нафар шахсоне, ки дар ақибгоҳ кор кардаанду бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, қадршиносӣ шуда, ба ҳар яки онҳо кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми 200,0 сомонӣ дастрас гардид.
Ҳамчунин аз ҷониби Раиси шаҳр, аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон, шахсони саховатманд тамоми иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои бесаробонмонда, заҳматкашони ақибгоҳ мавриди аёдат қарор дода шуда, ба ҳамаи онҳо маводҳои хӯрока аз қабили орд, шакар, равған, биринҷ, гӯшт ва ғайра дастрас карда шуд. Инчунин ба 60 нафар муроҷиаткунандагони оилаҳои камбизоат бахшида ба Иди  Ғалаба маводҳои озуқаворӣ дастрас карда шуд.
Бахшида ба иди Ғалаба ба иштирокчиён, маъюбон, оилаҳои бесаробонмонда ва заҳматкашони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат ва шахсони барӯманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар тарабхонаи «Тоҷикистон» дастархони идона ороста шуд. Инчунин ба як нафар муроҷиаткунанда дар иди Ғалаба аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.
Ҳамзамон бахшида ба Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тамоми миқёси шаҳр чорабиниҳои идона баргузор гардид.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №  АП-159 ва Амри Раиси вилоят аз 7 майи соли 2014, №65 тибқи ҷадвали аз ҷониби Раиси вилоят тасдиқ гардида санаи 29 майи соли 2015 ба муносибати ҷашнгирии Иди байналмилалии Рӯзи кӯдакон дар Комплекс кӯдакистон – мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобино, муассисаи таҳсилоти томактабии №26-и кӯдакони иллати шунавоидошта, хонаи кӯдакон, мактаб-интернати ёрирасон барои кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоат аз ҷониби корхонаҳои сарпараст дастархони идона ороста шуда, инчунин кӯмакҳои моддӣ дастрас гардид.
Ба Комплекс кӯдакистон – мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобино аз ҷониби Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1100 сомонӣ маводи хӯрока дастрас гардид.
Ба муассисаи таҳсилоти томактабии № 26-и кӯдакони иллати шунавоидошта аз ҷониби сарфилиали ҶСК «Агроинвестбонк» барои таъмири ҳоҷатхона  ба маблағи 1400 сомонӣ ва бозичаҳои гуногун ба маблағи 220 сомонӣ дастрас карда шуда,  аз тарафи «Хоҷагии манзилию комуналӣ» 25кг шакар ва 18 кг равғани растанӣ расонида шуд.
Ба хонаи кӯдакони шаҳр аз ҷониби сарпараст ҶС «Сорбон» дастархони идона ба маблағи 717 сомонӣ ороста шуда, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 дона уребча ба маблағи 100 сомонӣ дастрас карда шуд.
Ба мактаб интернати ёрирасон барои кӯдакони маъюб ва аз оилаҳои камбизоат аз тарафи сарпарастон барои дастархони идона 600 сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Бо мақсади дастгирии кӯдакони маъюб ва ниёзманд аз ҷониби масъулин 10 нафар кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд аёдат карда шуда, бо тӯҳфаҳои идона сарфароз гардонида шуданд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар чор кумитаи маҳаллаҳои шаҳр майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шуда, санаи 1-июн дар боғи фароғативу фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон ботантана ҷашн гирифта шуд. Ҳамзамон, барои иштирокдорон консерти идона пешкаш карда шуда, барои кӯдакон- меҳмонони шаҳр 5,0 ҳазор дона самбӯса, обҳои ташнашикан, яхмос, шоколади «Snikers» ва зиёда аз 200 адад тӯҳфаҳои хотиравӣ пешниҳод карда шуд.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар миқёси шаҳр зиёда аз 260 оилаҳои камбизоат ва маъюб, яккаву танҳо аз ҷониби рӯйхати пешниҳодгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Ғамгусор» мавриди аёдат қарор гирифтанд. Ба ҳамаи аёдатшудагон маводи хӯрока ба маблағи зиёда аз 23400,0 сомонӣ дастрас карда шуд.
Баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Иди Рамазон дар тамоми миқёси шаҳр зиёда аз 3000 оилаҳои ниёзманд ва камбизоат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилон, корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорон мавриди аёдат қарор гирифтанд. Ба ҳамаи аёдатшудагон маводи хӯрока ба маблағи зиёда аз 320,0 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд. Баҳри амалигардонии қарори Раиси шаҳр №311 аз 3 июни соли 2014 210 оилаҳои камбизоаттарини шаҳр мавриди аёдат қарор гирифта, ба ҳамаи онҳо маводҳои хӯрока, ҷамъ ба маблағи зиёда аз 25,2 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.
Дар арафаи Иди Рамазон  дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии шаҳр барои оростани дастархони идона кӯмак расонида шуд.

Бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6  қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҷойгиршуда, бо маблағи 8378,0 сомонӣ дастархони идона ороста шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони шаҳр хубу хотирмон баргузор гардид.
Ба 8 нафар собиқадорони меҳнат аз тарафи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулӣ ба миқдори 1000 сомонӣ, ҷамъ 8000 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Аз тарафи Раиси вилоят Суғд  мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба 21 нафар ба маблағи 500 сомонӣ, ҷамъ 10500 сомонӣ супорида шуд.
Санаи 4 сентябри соли 2015 дар шаш муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои идона баргузор гардид. Дар мактаб- интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачаҳои ятим ва маъюб, ки аз тарафи корхонаҳо ва ташкилотҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ вобаста карда шудаанд, чорабиниҳои идона доир гардиданд.
Аз ҷумла, ба мактаб – интернати ёрирасон барои кӯдакони маъюб ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Хуҷанд аз тарафи сарпарастон: «Дастаи сайёри механиконидашудаи  Суғд» ,ҶДММ «Евростройсервис», ҶДММ «Хуҷандсоз-1» ба маблағи 744 сомонӣ  дастархони  идона ороста шуд.
Ба комплекс – кӯдакистон мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ҶДММ «Вавилон- Мобайл» дастурхони идона ташкил карда шуда, инчунин аз тарафи ДДҲБСТ маблағи 1000,0 сомонӣ тӯҳфа карда шуд.
Ба хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда аз тарафи сарпарастон ҶДММ «Само» барои оростани дастархони идона ба маблағи 500,0 сомонӣ ва аз ҷониби КМ «САТН» 18 дона шим, инчунин аз тарафи Раиси вилояти Суғд як дона аробачаи маъюбӣ, аз тарафи ҷаъияти маъюбони вилоят 18 дона рӯйпоккун  дастрас  гардид.
Ба муассисаи таҳсилоти томактабии №26-и кӯдакони иллати шунавоидоштаи шаҳри Хуҷанд аз тарафи сарпарастон КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» як адад баландгӯяк бо ҳамаи таҷҳизоташ ва аз ҷониби Сарфилиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Хуҷанд ширинӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан, инчунин  асбоб, оинаи нилгунгузор ба арзиши 215 сомонӣ дастрас гардид.
Ба бошандагони хона-интернат барои пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд аз тарафи сарпарастон шӯъбаи  минтақавии Бонки Миллии Тоҷикистон  дар шаҳри  Хуҷанд  ва ҶДММ КМ «Ҷавонӣ» маблағи 2700 сомонӣ дастрас гардид.
Ба хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд аз тарафи Раиси  вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва Раёсати тандурустии вилоят 3-адад  гармкунаки барқӣ, бозичаҳо ва сарулибосҳои мавсимӣ ба маблағи 1740 сомонӣ дастрас гардида, аз тарафи ҶСК «Сорбон» ба маблағи 670,0 сомонӣ дастархони идона ороста шуд.
Аз тарафи Раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соҳибкорону шахсони саховатпеша ба 1000 нафар собиқадорони меҳнат, оилаҳои  камбизоат, яккаву танҳо ва оилаҳои  дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ фавтида кӯмаки яквақта ба маблағи зиёда аз 15000 сомонӣ расонида шуда, ба 3 нафар маъюби гурӯҳи 1 аз ҷониби Раиси шаҳр аробачаи маъюбӣ ва маводи хӯрока дастрас  гардид. Инчунин аз тарафи соҳибкорон 30 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат хатнатӯй карда шуданд. Маблағи умумии аёдатҳо зиёда аз 50,0 ҳазор сомониро ташкил дод.
Бахшида ба Иди Қурбон чорабиниҳо дар муассисаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, ба мактаб – интернати ёрирасон барои кӯдакони маъюб ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Хуҷанд аз тарафи сарпарастон: «Дастаи сайёри механикондашудаи  Суғд» ,ҶДММ «Евростройсервис», ҶДММ «Хуҷандсоз-1»,ҶДММ «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи 2000,0 сомонӣ дастархони идона ороста шуд ва либоси мактабӣ тақдим гардид.
Ба комплекс – кӯдакистон мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ҶДММ «Вавилон- Мобайл» ва ДДҲБСТ маблағи 2100,0 сомонӣ тӯҳфа карда шуд.
Ба хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда аз тарафи сарпарастон ҶДММ «Само» барои оростани дастархони идона ба маблағи 500,0 сомонӣ ва аз ҷониби КМ «САТН» 18 дона шим, инчунин аз тарафи Раиси вилояти Суғд як дона аробачаи маъюбӣ, аз тарафи ҷамъияти маъюбони вилоят 18 дона рӯйпоккун  дастрас гардид.
Ба муассисаи таҳсилоти томактабии №26-и кӯдакони иллати шунавоидоштаи шаҳри Хуҷанд аз тарафи сарпарастон КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ду адад таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ ва аз ҷониби Сарфилиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Хуҷанд  як адад чангкашак дастрас гардид.
Ба бошандагони хона-интернат барои пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд аз тарафи сарпарастон-шӯъбаи  минтақавии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ КМ «Ҷавонӣ» маблағи 2200,0 сомонӣ дасрас гардид.
Ба хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи 492,00 сомонӣ ва ҶСК «Сорбон» дастархони идона  ороста шуд.
Аз тарафи  Раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соҳибкорону шахсони саховатпеша ба 3000,0 нафар собиқадорони  меҳнат, оилаҳои  камбизоат, яккаву танҳо ва оилаҳои  ниёзманд кӯмаки  яквақта ба маблағи зиёда аз  45,0 ҳазор сомонӣ расонида шуда, ба 1 нафар маъюби  гурӯҳи 1 аз ҷониби Раиси шаҳр аробачаи маъюбӣ ва маводи  хӯрока дастрас гардид. Маблағи умумии аёдатҳо зиёда аз 53,0  ҳазор сомониро ташкил дод.
Бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Сарқонуни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 ноябри соли 2015 дар шаш муассисаҳои иҷтимоӣ, ки аз тарафи корхонаҳо ва ташкилотҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ вобаста карда шудаанд, чорабиниҳо баргузор гардиданд. Аз ҷумла, ба мактаб – интернати ёрирасон барои кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоати шаҳри Хуҷанд аз тарафи сарпарастон: «Дастаи сайёри механиконидашудаи Суғд», ҶДММ «Евростройсервис» ва ҶДММ «Хуҷандсоз-1» ба маблағи 670,0 сомонӣ дастархони идона ороста шуд.
Ба комплекси кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ҶДММ «Вавилон- Мобайл» дастархони идона ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ташкил карда шуд.
Ба хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда аз тарафи сарпарастон ҶДММ «Само» барои оростани дастархони идона ба маблағи 428,0 (чорсаду бисту ҳашт) сомонӣ ва аз ҷониби КМ «САТН»  18 дона куртаи ҷинси мардона, инчунин аз тарафи ҷамъияти маъюбони вилоят 18 ҷуфт пайпоқ дастрас гардид.
Ба муассисаи таҳсилоти томактабии №26-и кӯдакони иллати шунавоидоштаи шаҳри  Хуҷанд  аз тарафи  сарпарастон КВД « Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва аз ҷониби Сарфилиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Хуҷанд ду адад оинаи пластикӣ барои хобгоҳи ин муассиса  ба маблағи 2860,0  сомонӣ  дастрас  ва насб карда шуд.
Ба бошандагони хона - интернат барои пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сарпарастон, шуъбаи минтақавии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ КМ «Ҷавонӣ» 3700,0 (сеҳазору ҳафтсад) сомонӣ кӯмаки молиявӣ дасрас гардид.
Ба хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд аз тарафи ҶСК «Сорбон» ба маблағи 543,0 сомонӣ дастархони идона ороста шуд.
Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ оид ба беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии шаҳрвандон 310 адад аризаю дархостҳо ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, ба 150 нафар бо маводи озуқаворӣ, ба 14 нафар кӯмакхои яквақтаинаи молиявӣ ба маблағи 21200,0 сомонӣ расонида шуда, ба 5 нафар шаҳрвандони муроҷиаткарда ба осоишгоҳҳо барои ройгон табобат гирифтан роҳхат дода шуда, 10 нафар ба хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбон ҷойгир карда шуданд. Инчунин 25 нафар шаҳрвандони барои гирифтани дафнпулӣ муроҷиат намуда, сари вақт маблағҳои худро гирифтанд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Суғд ҳамагӣ 21 адад аробачаи маъюбӣ ба маъюбон супорида шуда, ба як нафар шаҳрванд аробачаи маъюбии чархи электрикӣ ба маблағи 4900,0 сомонӣ дастрас карда шуд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба 3 нафар хонаи истиқоматӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба 4 нафар шаҳрвандони камбизоат, истиқоматкунандагони кучаҳои Содирхон Ҳофиз №370, Фурманов №13, Ҷӯра Зокир №93/6 ва Қосим Собир №12 хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд.
Вазъи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2015 дар ҳудуди шаҳр миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда ба 254 адад ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла; таҷовуз ба номус 2 адад, ҷиноятҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содиргашта 7 адад, ғоратгарӣ 2 адад, дуздӣ 19 адад, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 2 адад, авбошӣ 43 адад, одамрабоӣ 3 адад, ошкорёбии вайрон намудани қоидаи бехатарии ҳаракати роҳ 212 қисми 2,3 КҶ ҶТ, 3 адад, дар ҳолати мастӣ 1 адад, ҷиноятҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содиргашта 2 адад, расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ 4 адад кам шудааст. Бо баробари ин миқдори ҷиноятҳои вазнин, ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон ва ё бо иштироки онҳо содирнамуда, аз тарафи шахсони доғи судӣ дошта, қаллобӣ, одамкушии барқасдона ва сӯиқасд ба он, мутаносибан афзудааст.
Вазъи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ.
Баҳри таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Фармони Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат шудани сарбозон ва серҷантони тибқи даъват хизмати ҳарбиро адо намуданд» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 сентябри соли 2015, №443 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2015” даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар ин радиф  Қарори  Раиси  шаҳри  Хуҷанд  аз 25 сентябри соли 2015, №676 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2015» ба имзо расида, мувофиқи он ҳайати комиссияи даъватӣ ва тиббӣ тасдиқ гардида, гусели 40 нафар нахустдаъватшавандагон бо хоҳиши худ расман 3 октябри соли 2015 оғоз гардид ва нақшаи даъват пурра иҷро шуд.
Баҳри ташкил ва босифат омода ва ба қайди ҳарбӣ гузоштани ӯҳдадорони ҳарбӣ ва даъватшавандагон дар 22 маҳаллаҳо 7 нафар  сардорони мизҳои ҳарбӣ таъин гардид.
Ҳамзамон ба комиссариати ҳарбии шаҳр 20000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Барои ҷавонони ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ номнависшуда, либосҳои варзишӣ ва маводҳои гигиенӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.
Ҳолати воқеии пахши барномаҳои телевизиони маҳаллӣ.
Шаҳри Хуҷанд ба фарогирии барномаҳои телевизионҳои ҷумҳуриявӣ – Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон» ва телевизиони вилояти Суғд пурра таъмин аст.
Дар шаҳр ширкатҳои телевизион ва радиои мустақил - «СМ-1», «Азия», «Ҷаҳоноро», «Диёр», “Танин” ва радиоҳои «Пайванд», «Садои Хуҷанд», «Радио-Тироз», «Тирози ҷавонӣ», “Шаҳри ман” фаъолият доранд.
Рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буда, дар ҳаҷми 4 саҳифа ҳафтае 2 маротиба, рӯзҳои чоршанбе ва шанбе мунтазам чоп мешавад. Мақсади асосии рӯзнома пур кардани фазои иттилоотии шаҳри Хуҷанд ва маҳалҳои атрофи он, тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, саҳмгузорӣ дар раванди демократикунонии ҷомеа, пойдории истиқлолият, таҳкими давлатдории навини тоҷикон, ҳаматарафа инъикос кардани фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тарбияи ҳифзи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамидаи мардум мебошад.
Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр эътибори ҳамешагӣ зоҳир мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ доир ба  муаммоҳои дар шаҳр ҷойдошта дар васоити ахбори умум 8 маводи танқидию таҳлилӣ дарҷу пахш гардиданд. Ба ҳамаи онҳо аз ҷониби масъулин ҷавобҳо ирсол карда шуданд.
Дар ин бобат истифодабарии шаҳрвандон аз «Қабулгоҳи ҷамъиятӣ»-и Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ки 16 воҳидҳои сохториро (бо шумори роҳбарияти шаҳр) бо алоқаи электронии мустақими муроҷиаткунандагон таъмин сохта, ҷузъи таркибии «Ҳукумати электронӣ»-ро ташкил медиҳад, торафт бештар ба назар мерасад.
Бо мақсади ҷалби бештари сокинон барои муроҷиат тариқи «Қабулгоҳи ҷамъиятӣ»-и Сомона ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тавассути радиою телевизионҳои маҳаллӣ ва рӯзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон» мунтазам эълону реклама пахш ва дарҷ мешаванд.
Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2015 6456  адад муроҷиатҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1081 адад зиёд аст. Аз теъдоди умумии аризаҳои бақайдгирифта 829 ададашон таҳти назорат қарор гирифта шуданд.
Асосан шаҳрвандон дар номаҳои худ вобаста ба масъалаҳои манзилӣ 3143 адад, соҳаи заминсозӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ 1515 адад, соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 334 адад, сафари ҳаҷ  613 адад, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак 218 адад, ҳуқуқӣ ва баҳси оилавӣ-94 адад, маориф 70 адад, тандурустӣ 66 адад, иқтисод ва савдо 80 адад, расонидани кӯмаки моддию маънавӣ 182 адад ва ғайраҳо 141 адад муроҷиат намуданд.
Аз шумораи умумии аризаву муроҷиатҳои шаҳрвандон  ба унвони Раиси шаҳр 577 адад тавассути Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, аз ҷумла 77 адад аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи шаҳрӣ 17 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид гардиданд.
Аз ҷониби иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар 5 адад муроҷиат ба унвони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ворид шуд.
Дар ин давра қабули шаҳрвандон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва тибқи системаи хизматрасонии равзанаи ягона ҷараён гирифта, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 1416 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.
Муроҷиаткунандагон асосан дар масъалаи таъминот бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмин шудан бо хобгоҳ, таъмин намудан бо масолеҳи сохтмонӣ, мусоидат ҷиҳати ҷойгир намудани кӯдакон ба боғчаи бачагона, сафари ҳаҷ, гирифтани муолиҷаи ройгон, расонидани кӯмаки моддӣ ва молиявӣ ба роҳбарияти шаҳр дархост намуданд.
Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”.
Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»  дар шаҳр  давоми ёздаҳ моҳи соли 2015  тибқи маълумоти оморӣ 3223 адад маърака ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 1820 адад тӯи арусию домодӣ, 989 адад хатнасур, 299 адад маъракаи чил ва 115 адад маъракаи сол   гузаронида шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба идҳои ҷашнӣ, инчунин, ба истифода додани объектҳои гуногуни таъинотӣ- истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва маишӣ хатнасури хайриявии 76 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат ташкил ва гузаронида шуд.
Баҳри амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”  корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуда, дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2015 4 масҷидҳои ҷомеаи шаҳр ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба монанди марказҳои атласу адрасбофӣ ва чойхонаҳо барои сокинони маҳаллаҳо табдил дода шуд.
Омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар партави сиёсати созандаю ободкоронаи Сарвари мамалакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯзҳо симои шаҳру деҳоти кишвар, аз ҷумла Хуҷандшаҳри куҳанбунёду тозаҷавон  ободу зебо шуда истодааст.
Баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 11 апрели соли 2015, №178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 14 апрели соли 2015, №301 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани  500 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд”  ва бо мақсади вусъат додан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ нақшаи мукаммали чорабиниҳои марбут ба ободонии шаҳр мувофиқи минтақаҳои аҳолинишин ва саноатӣ таҳия ва тарҳрезӣ карда шудааст. Ҳамзамон бо мақсади ҳарчӣ бештар обод кардани муҳити зист, ташаккули шаҳрдорӣ, тарбияи зебоипарастии мардум, баланд бардоштани маданияту завқи аҳолӣ ба гулу гулзор дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ фестивал-озмуни “Гулҳо” ва “Оши палав” баргузор гардид. Тавассути шартҳои озмун симои маҳаллаҳо дигаргун, саҳни биноҳои истиқоматию идораҳои ташкилот гулзору ба тариқи дизайн оро дода шуд.
Бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои неки бунёдкории аҷдодон, инкишофи ташаббускориву фаъолнокии ҳар як сокини шаҳр ва дар ин замина тақвият бахшидан ба  корҳои ободкориву созандагӣ, сабззоркунию гулзоркунӣ дар 22 маҳаллаҳои шаҳр бо иштироки фаъолонаи сокинон корҳои таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳо идома дода шуда, дар мавзеъҳои оммавӣ корҳои ободонӣ ва гулзоркунӣ вусъат дода шуда истодааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби сокинон, ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди маҳаллаҳо буда беш аз 13250 дона гулҳо,  11200 адад ниҳолҳои ҳамешасабзу орошӣ  ва тухми гулҳои лола шинонида шуда, 61,37 км роҳҳои дохилии маҳаллаҳои “Масҷиди Савр”, “Раззоқ”, “Чорчароғ”, “Сирдарё”, “Сайхун”, “Тиллокон”, “Ҷаббор Расулов”, “1-май”, “Тути калон”, “Сари баланд” ва “Мевағул” мумфарш карда шуд. Бо дастгирии сокинони кумитаи маҳаллаҳои “1-май” ва “Раззоқ” 11 адад симчӯбҳои барқӣ ба бетонӣ иваз карда шуда, фурӯзонакҳои каммасраф насб карда шуданд. Дар маҳаллаи “Раззоқ” бо ташаббуси сокинони кӯчаи Одилҷон Калонов як адад зеристгоҳи барқӣ (трансформатор), ки тавоноиаш 250 кВта мебошад, шинонда шуд.
Чойхонаҳо дар пешбурди ҳаёти солимии ҷомеа, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб нақши босазо дорад. Кумитаи маҳаллаҳо ба масъалаи таъмиру тармим ва эҳёи анъанаҳои наҷиби чойхонадории мардуми маҳал эътибори зарурӣ медиҳад. Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  чойхонаҳои маҳаллаҳои шаҳр таъмиру тармим ва сохта шуда, айни ҳол 22 чойхона  кор мекунад.
Дар баробари раванди корҳои ободонӣ ҷиҳати омодагӣ  ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохӯриҳои собиқадорони ҷангу меҳнат, муҳофизони сохти конститутсионӣ, зиёиён ва пешқадамони истеҳсолот бо ҷавонон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият ташкил ва баргузор гардида истодааст.
Инчунин корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, ҷавонону наврасон дар макотибҳои олию миёна оиди мазмуну мӯҳтавои асарҳо ва андешаҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арзишҳои Истиқлолият ва Ваҳдат ба роҳ монда шуда, бобати ин масъалаҳо чорабиниҳои мухталиф,  конференсияҳо, мизи мудаввар, сӯҳбату мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.
Бахшида ба иду ҷашнвораҳо бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва саховатмандон аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, муҳофизони сохти конститутсионӣ, волидони фарзандонашон дар ҷанги шаҳрвандӣ шаҳидшуда, ҷанговарони байналмилал мунтазам ба роҳ монда шудааст.
Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Хуҷанд минбаъд низ тамоми имкониятҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дастуру супоришоти Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, таъмини рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳамчунин дар самти сохтмону ободонӣ ҷиҳати  ташкил ва гузаронидани  «500 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани чорабиниҳои Соли 2015-соли оила, соли рушди фарҳанг ва гулкорӣ, соли идомаи роҳҳои обод ташкилу сафарбар хоҳад кард.

 Раиси шаҳри Хуҷанд                                                       Раҷаббой Аҳмадзода

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...