10 Декабр 2015
Омуни мазкур дар маркази таълимӣ-истеҳсолии ба номи «Зулфия Баҳриддинова» баргузор гардид, ки дар он 8 нафар занону духтарони ҳунарманди маркази номбурда ширкат намуданд.
Озмун аз рӯи 3 шарт,- нақшаи беҳтарин, микдори матои бофташуда ва бофтани матои адрас дар муддати 30 дақиқа доир гардид. Аъзоёни ҳакамон, ки роҳбарии онро санъатшинос Наим Ҳакимов ба ӯҳда дошт баъди иҷроиши шартҳои зикргардида ҷойи аввалро ба Фотимахон Маллаева ҷойи думро ба Дилафрӯз Холматова ва ҷойи сеюмро бошад ба Лутфӣ Файзибоева муносиб донистанд. Дар тантанаи ҷамъбастии озмун муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ иштирок намуда, табрикоти самими Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ғолибони ин озмуни ҳунарӣ расонда ба онҳо тӯҳфаҳои арзишманд ва сипосномаи Раиси шаҳрро супорид.
Ҳамчунин ба иштирокдорони ин озмун низ барои саҳмашон дар рушду тарғиби ҳунарҳои мардумӣ Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.