(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиши атлас ва адрас дар Қасри АрбобПас аз анҷоми машварати корӣ бо фаъолону сокинони вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Арбоб пеш аз иштирок дар чорабинӣ бахшида ба иди атласу адрас оромгоҳи қаҳрамони меҳнат Саидхуҷа Урунхоҷаевро зиёрат кард. Президенти мамлакат ва ҳайати ҳамроҳ барои ободию шукуфоии Ватан, сарҷамъии миллат ва якпорчагии сарзамин даст ба дуо бардоштанд. Барномаи Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик - 2015» аз намоиши сару либосҳои гуногуни арусии бо зарҳал ороёфта, оғоз шуд. Дар саҳни ҳавлии қаср духтарони зебою қадраси тоҷик бо либосҳои хуштарҳу назаррабо пешвои хеш Эмомалӣ Раҳмонро бо самимият истиқбол гирифтанд.Чорабинии фарҳангӣ - Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик - 2015» дар толори муассисаи давлатии Қасри Арбоб доир гашт. Сутунҳои даромадгоҳи Қасри бошукуҳи Арбоб бо намудҳои гуногуни атласу адрас оро дода шуда, фазои инҷоро зебову дилрабо карда буд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат маҳсули дасти чеваронро тамошо карда, бо ҳунармандон, ки машғули атласу адрасбофӣ буданд, суҳбат кард.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори ин бонувони чирадаст баҳои баланд, дода онҳоро барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи шогирдон ва ҳарчи бештар тарғиб кардани либосҳои тоҷикӣ ҳидоят намуд. Дар толори пурнақшу нигори Қасри Арбоб тарроҳону дигар ҳунармандон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои соҳаи ресандагӣ намоиш доданд.Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик ва ба муносибати 21 - умин солгарди Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.9 нафар тарроҳ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд либосҳои миллиро, ки аз навъҳои гуногуни атласу адрас духта шуда буданд, пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар ин ҳамоиш тарроҳон аз 30 номгу матоъи гуногуни атласу адрас куртаҳоро бо тарҳи милливу ҳозиразамон духта, пешкаши аҳли нишаст карданд.Дар ин ҳамоиш либосҳои гуногуни духтаронаву писарона ва кӯдакони то синни 8 сола муаррифӣ карда шуд. Маврид ба ёдоварист, ки дар вилояти Суғд 80 маркази атласу адрасбофӣ бунёд ёфтааст ва то охири сол ин шумора бояд ба 150 адад расонида шавад. Айни ҳол наздики 600 нафар занону духтарон ба ҳунаромузӣ ҷалб гаштаанд, ки дар муддати кӯтоҳ ҳамчун мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар вақти баҳодиҳӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, зебоӣ, тарҳи либосҳои нотакрору ғайримуқаррарӣ, тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдузӣ, қуроқдузӣ, интихоби ашёи ороиш ва пардоз ба назар гирифта шуд.Дар охири барномаи рангини ҳунарӣ, ки таърихи рушди санъати атлас ва адрасбофиро тавассути саҳнаҳо инъикос менамуд, аз руи шартҳои озмун, аз ҷумла беҳтарин атласи Гули бодом, беҳтарин либоси кудакона,  беҳтарин либоси рӯзмарраю расмӣ, беҳтарин либоси қадима ва беҳтарин адрас  ғолибон муайян шуданд. Ба иштирокчиёни муваффақ ва ғолиб барои бофтани атласу адраси хушсифат ҷоизаҳо дар ҳаҷми 10 ва 8 ҳазор сомонӣ муайн карда шуда буд, ки онро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард.Зимни суханронӣ дар ҷамъбасти фестивал Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ва ифтихору хушҳолӣ иброз дошт, ки ин саҳнаву толори Қасри Арбоб барои ман азизу муқаддас аст.Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олӣ вакилон бо интихоби  Сарвари хеш тақдири ояндаи давлати тоҷик ва сарҷамъии миллату якпорчагии Тоҷикистонро ҳал карданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ғолибонро бори дигар бо комёбиашон табрику муборакбод намуда, бо итминон иброз дошт, ки ояндаи наздик мо тавассути ин ҳунармандон ба рушди соҳа, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти хушсифати атласу адрас ноил мегардем.Президенти мамлакат ба барномаи ҳунарӣ ва сару либоси тамошобинон, ки толорро бо ҳузурашон рангину гулистон карда буданд, баҳои баланд дод.Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас дар вилояти Суғд, ки ин навъи санъат дар ин ҷо бештар рушд кардааст, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав гузаронида шуд.Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён - тарроҳони ватанӣ барои пешниҳоди чунин як барномаи рангин изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки ҳадафи ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ, аввалтар аз ҳама бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани бонувони хонашин ва эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ба ҷаҳониён мебошад.Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки фестивали атласу адрас минбаъд дар сатҳи вилоятӣ не, балки дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида шавад. Ин пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳозирин бо кафкубиҳои пурмавҷ пазироӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...