(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шаҳри Хуҷанд натиҷаи нӯҳмоҳаро ҷамбаст намуд.Маҷлиси ҳисоботӣ оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар фосилаи моҳҳои январ-сентябри соли 2015 бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма ва сардори Раёсати иқтисоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдулло Шарифов доир гардид.
Раисикунандаи маҷлис, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғоз бахшидан ба маҷлиси ҳисоботӣ диққати ҳозиринро ба ҷамъбасти марҳалаи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намуд. Барои иҷрои саривақтии нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба раиси маҳаллаи Чашмаи арзана Осим Охунов ва нозири минтақавӣ Хоҷаев Сипосномаи Раиси шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Зимни сипос, Раиси шаҳр супориш дод, ки даъвати тирамоҳӣ то 20-уми октябр ҷамъбаст карда шавад. Баъдан, Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳозирин маълум намуд, ки маҷлис аз як масъала – баррасии вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр аз оғози сол то ба имрӯз иборат аст. Барои ҳисобот ба муовини раиси шаҳр Муродӣ Умедахон Бурҳонзода сухан дода шуд.
Мавсуф зимни ҳисоботдиҳӣ арз намуд, ки сокинон ва фаъолони шаҳри Хуҷанд дар соли таърихӣ, дар соли рушди фарҳанг ва гулҳо, оила, идомаи роҳҳои обод басо меҳнат карда, дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси муҳтарами вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ин самт талош варзиданд.
Дар ин марҳала ба корхонаҳо таъмини барқ 415,9 миллион кВ,соат барқро ташкил дод. Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 459737,0ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 28,2 фоиз афзуд. Дар 164 корхонаи саноатӣ, ки 57 ададаш корхонаи хурди саноатӣ мебошад, то 10 ададӣ коргар фаъолият бурд. Ба ҳисоби миёна, ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолкардаи шаҳри Хуҷанд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 14,1 фоиз зиёдро ташкил дод.
Умедахон Бурҳонзода афзуд, ки давоми соли ҷорӣ 1987 нафар бо қитъаи замин (шаш сотихӣ) таъмин шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ба шумор меравад. Зина ба зина ин масъалаи ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ҳалли худро ёфта истодааст.
То марҳалаи кунунӣ дар миқёси шаҳр боз 44 км роҳ асфалтпӯш гардид ва он идома дорад.
Муродӣ Умедахон Бурҳонзода дар ҳисоботи хеш ба ҳамаи сохторҳои марбутаи ҳисоботдиҳанда дахл намуд ваҳусну қубҳи фаъолияти ононро ифода кард.
Сипас, Раиси шаҳр дар бобати масъалаи  сиёсии рӯз – сабабҳои қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ, бо ғояҳои ватандӯстона тарбия кардани наврасону ҷавонон, ба либоси халқиятҳои ғайр пайравӣ накардани ҷавонзанону духтарон, риоя кардани қонун дар бораи  танзими анъана ва расму оин, ба хатоҳои дурушт роҳ додани масъулин дар навиштаҷоти шиору овезаҳо дар қаламрави шаҳр, маъракаи муҳими сиёсӣ- обуна ба нашрияву маҷаллаҳо дар соли нав ва амсоли он сухан карда, масъулини соҳаҳоро вазифадор кард, ки дар муддати кӯтоҳтарин аз иҷрои супориш маълумот ва ҳисобот бидиҳанд.
Раиси маҷлис ба мудири шӯъбаи саноат ва энергетика Абдураҳим Солиев, мудири шуъбаи иқтисод ва савдо Усмонҷон Алимов, мудири бахши сармоягузорӣ Ҷалолхон Маннонов, комиссари ҳарбии шаҳр Fанихӯҷаев, намояндаи хадамоти оташнишонии шаҳр Рустам Мирзоев, сардори муассисаи солимгардонӣ ва нигаҳдории куҳансолон Нуринисо Комилова, сардори Хонаи ақди никоҳ Хуршеда Хоҷаева сухан дод ва ба саволҳои хеш посух гирифт.
Абдулло Шарифов, сардори Раёсати иқтисоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳаи корхонаву муассисаҳои шаҳри Хуҷанд изҳори қаноатмандӣ кард ва пешниҳод намуд, ки дар асоси стратегияи миллии рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, дар шаҳри Хуҷанд низ барномаи махсуси рушд дар ин самт таҳия гардад, ба манфиати кор хоҳад буд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раисикунандаи маҷлиси фаъолон дар хотимаи ин тадбири муҳим изҳор намуд, ки талаботи замон аз ҳар яки мо м асъулияти бештарро дар иҷрои ин ва ё он кор тақозо менамояд. Дар доираи 500 рӯзи зарбдор ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли оила, рушди фарҳанг ва гулҳо, идомаи роҳҳои обод мо бояд бештар фаъолият барем ва ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...