(2 овоз, миёна 1.50 аз 5)

Корхонаҳои саноатии Хуҷанд фаъолияти пурмаҳсул доранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатии маркази вилоят дидан намуд.
Боздиди кории Раҷаббой Аҳмадзода аз коргоҳи муштараки «Ҷавонӣ» оғоз ёфт. Коргоҳи мазкур давоми чанд соласт, ки аз фаъолияти пурсамар дошта, аз коркарди пахта сар карда то истеҳсоли маҳсулоти тайёр,-либосҳои мардона занона ва кӯдаконаро аз нахҳои табии истеҳсол менамояд.
Дар коргоҳи мазкур 1300 нафар машғули кори ҳамарӯза ҳастанд.
Коргохи мазкур 90% маҳсулоти хешро ба бештар 10 кишварҳои хориҷӣ содир менамояд, ки бештари ин кишварҳоро давлатҳои Аврупо ташкил медиҳад.
«Маҳз дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бояд маҳсулоти хоми ватанӣ дар дохили кишвар коркарда шуда, чун маҳсулоти тайёр пешниҳоди харидорони дохилию хориҷӣ гардад. Дар ин самт бояд доираи фаъолияти коргоҳ васеъ карда шавад.»-таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳоло коргоҳи мазкур бо мақсади беҳтар намудани сифати маҳсулоти худ хатти нави рангубордиҳии маторо васлу насб менамояд, ки арзиши он 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тамоми маҳсулоти ин  коргоҳ бо ҷавобгӯи меъёрҳои сифати аврупоӣ истеҳсол мегардад. Айни замон теъдоди номгӯи маҳсулоти бо тамғаи ин корхона ба 20 намуд мерасад. Корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» аз санаи 24 июни соли 2010 коргоҳ ҳамчун ҶДММ «Ҷавонӣ» ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Ҳаҷми истеьсолот бошад зиёда аз 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Музди маоши миёна кормандон 1200 сомонӣ буда, ин нишондиҳанда назар ба соли 2014 170 сомонӣ зиёд мебошад.
Коргоҳи «Неку Хуҷанд» коргоҳи коркарди пахта ва ресандагӣ буда, ҳоло кӯшиш дорад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худро зиёд намояд.
Ин корхонаи саноатӣ низ соли 2010 ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Ҳоло корхона дар соли равон ҳаҷми истеҳсолоти худро дар ҳашт моҳи соли равон ба 1073,4 ҳазор сомонӣ расондааст.
Теъдоди коргарон 182 нафарро ташкил дода, музди маоши миёна 652 сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2014 131 сомонӣ зиёд мебошад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири таъмини иҷтимоии кормандон, бештар намудани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ ва ободонии мавзеи вобастаи корхона супоришу дастурҳо дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Порсои Хуҷанд», ки ҳамчунин дар минтақаи саноатии шаҳр ҷойгир аст, дидан намуд. Корхонаи мазкур дар доираи иҷроишги дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати таъсиси корхонаҳои коркарду истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ таъсис дода шудааст.
Расми кушоди ин коргоҳи нав, ки соли равон ба фаъолият шурӯъ намуд, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашта буд. Коргоҳ 14 номгӯй маҳсулоти шириро бо тамғаи «Файзи Расул» истеҳсол менамояд. Иқтидори корхона ба коркарди 120 тонна шири табии мерасад. Корхона ширро аз ноҳияҳои вилоят ва шахсони инфиродӣ харидорӣ менамояд. Барои фаъолияти ҳамарӯзаи 45 нафар кормандон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, музди маоши ҳармоҳинаи онҳо 740 сомониро ташкил медиҳад. Коргоҳ то имрӯз маҳсулоти худро ба шаҳрҳои Душанбе Қурғонтеппа Кӯлоб Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи, ноҳияҳои тобеи марказ ва хориҷи кишвар,-Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Афғонистон содир менамояд.
Коргоҳ бо технологияи муосири замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар як шабонарӯз то 10,0 тонна ва соле се ҳазор тонна ширро коркард менамояд. Раҷаббой Аҳмадзода барои фаъолияти пурсамар ба роҳбарияти коргоҳ изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид намуд, ки сатҳу сифати коргоҳ минбаъд низ бояд ҷавобгӯи талаботи харидорон бошад.
“Дар асоси дастури Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозори дохилӣ ҳар чӣ бештар бояд бо маҳсулоти ватанӣ таъмин бошад. Шаҳри Хуҷанд барои иҷроиши ин дастури сарвари кишвар тамоми шароиту имкониятҳоро дорад.” - зикр намуд Рачаббой Аҳмадзода.
ҶДММ «Яхмоси 33» фаъолияти худро соли 1997 ҳамчун соҳибкори инфиродӣ «Мӯминов М» оғоз намудааст. Аз оғози соли 2008 коргоҳ ҳамчун ҶДММ «Яхмоси 33» ба фаъолият шурӯъ намудааст.Маҳсулоти коргоҳ яхмосҳои гуногуннавъ буда, имрӯз дар марказҳои савдои кишвар харидорони зиёд дорад.
Ҳангоми боздиди Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин корхона роҳбарияти коргоҳ иттилоъ дод, ки имрӯз ширкат қобилият дорад маҳсулоти худро бо сифат ва сари вақт ба тамоми минтақаи кишвар дастрас намояд.
Ҳаҷми истеҳсолот ба то имрӯз 3922,2 ҳазор сомонро ташкил намудааст, ки то интиҳои сол корхона ният дорад дар ин самт корҳои бештарро ба анҷом расонад. Дар корхона 36 нафар корманд бо музди миёнаи 845 сомонӣ таъмин буда, аз шароити хуби корӣ бархудоранд. ҶДММ «Дилписанд» ба истеҳсоли самбӯсаҳои миллӣ машғул буда, онро харидорон бештар бо номи “Самбӯсаи 33” мешиносанд. Дар ҳудуди вилоят ва минтақаҳои дигари кишвар ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя бештар аз 10 намуди ин самбӯса ба фурӯш меравад. Муассисони коргоҳ ҳангоми мулоқот бо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот доданд, ки имрӯз дар коргоҳ 106 нафар кормандон, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд, ба ҳисоби миёна 800 сомонӣ маош мегиранд. Дар қиёс, аз соли гузашта ин нишондиҳанда 156 сомонӣ зиёд аст.
Дар рафти шиносоии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба шароити корӣ, сифати маҳсулоти барои самбӯса истифодамешуда ва ҳолати санитарии сехҳои корӣ таваҷҷӯҳ намуда, аз шароити мавҷуда ва сифати маҳсулот изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки агарчанде имрӯз технологияҳои муосир имкони бе иштироки инсон омода намудани маҳсулоти коргоҳро доранд, лек мавқеи роҳбарияти коргоҳ аст, ки барои коҳиш надодани теъдоди ҷойи корӣ аз харидорӣ ва истифодаи ин гуна хатти технологӣ худдорӣ менамоянд. Раҷаббой Аҳмадзода аз чунин мавқеъ ва тасмими масъулини корхона сипосмандӣ намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...