28 Июл 2015
Дар ҳамин замина дар асоси ҳамкориҳои Чумхурии Точикистон ва давлати Ҷопон чандест, ки дар Тоҷикистон барномаи Оҷонсии мкосибатҳои байналхалқии давлати Ҷопон амал намуда барои омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун, такмили малакаи касбии онҳо саҳм мегузорад.
Тибқи барномаи номбурда аз санаи 21 июл то санаи 7 август 6 нафар кормандони сохторҳои давлатии соҳаи рушди сайёҳӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар семинари омӯзишии «Рушди сайёҳии минтақавӣ» дар ин кишвар қарор доранд. Дар ин бозомӯзӣ ҳамчунин аз кишварҳои Туркманистон, Арманистон дар умум 14 нафар ширкат менамоянд.
Дар барномаи сафари корӣ ба ғайр аз омӯзиши таҷрибаи ниҳодҳои давлати Ҷопон вохурию мулоқотҳо бо роҳбари ширкату коргоҳхои сайёҳии ин давлат пешбинӣ гаштааст. Дар доираи чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда, иштирокчиёни ин семинар аз вилояти Суғд бо масъулини щаҳрдории Сэндай бо сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмиллалии департаменти иқтисодӣ, савдо, саноат ва туризми префэктураи Мияги бо Кейсуке Такахаси мулоқот намуда ба номбурда китоб ва видеофилми мустанад дар бораи шаҳри Хуҷандро супориданд.