(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳисобот

оиди фаъолияти Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд

дар 6 моҳи якуми соли 2015

 

Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд тибқи нақша- чорабинии пешбининамуда дар соли 2015 дар иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ», «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини сиёсати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти рақами 691 аз соли 1997, «Барномаи таълимӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», «Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019» фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар давраи 6 моҳи соли 2015 – 527 адад  ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
Вобаста ба тадбиқи нақша-чорабиниҳо доир ба эълон намудани соли 2015- Соли оила аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳо таҳти унвони «Оила-маҳзани меҳру муҳаббат», «Зани оқилаву порсо, кунад марди хешро подшоҳ», «Арӯси беҳтарин» дар озмунҳо ва маҳфилҳои «Ҳамроз», «Дарёи муҳаббат», «Ҳамсарон» ва вохӯриву сӯҳбатҳои  тарғиботию ташвиқотӣ дар ташкилоту муассисаву коргоҳ, мактабҳои олӣ ва миёна дар байни аҳолӣ давом доранд. Ба маҳфилҳо оилаҳое, ки зиндагонии осоишта дошта, ба давлату ҷомеа хизмат кардаанд, фарзандони солеҳу содиқ ба ватану миллат тарбия намудаанд ва собиқаи зиёди ҳамзистӣ доранд, ҳамчун намуна ба оилаҳои ҷавон даъват мешаванд.
Оид ба татбиқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда ва баҳри барпо намудани оилаи солим, пойдорӣ ва нигоҳ доштани он дар оғози сол бо иштироки навхонадорон ва аъзоёни оилаҳо, донишҷӯён, шӯрои занони кумитаҳои маҳаллаҳо ва фаъолон зимни фаъолияти «Маркази солим» дар ҳамкорӣ бо Маркази солимгардонии репродуктивии вилояти Суғд  машваратҳо дар солимии оила, модар ва кӯдак, таҳким ва устувории оила 28 адад сӯҳбат бо иштироки 38о нафар навхонадорон бо аъзоёни оила доир намуд. Аз ҷониби сардори шуъбаи Хонаи ақди никоҳ доир ба амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба қайди ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Кодекси оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон», солимӣ ва мустаҳкамии оилаҳо, оид ба пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ва пешгирии он бо иштироки табибони марказҳои солимгардонии шаҳри Хуҷанд маърӯза намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд дар байни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, донишгоҳи ДИС ДДТТ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оиди пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва аз муоинаи тиббӣ гузаштани ҷавонон ташвиқ намуда, сӯҳбати муфид гузаронида шуд.
Ҳамчунин дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд машварат бо намояндагони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, раисони шӯрои занони кумитаҳои маҳаллаҳо ва фаъолзанон доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ», «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамчунин ҳамкорӣ ва дар робита бо кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр тарғибу ташвиқ намудани таҳкими оилаҳои ҷавон баргузор гардид. Дар сӯҳбат барои боз ҳам ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мустаҳкамии оила якчанд таклифу пешниҳод аз ҷониби иштирокчиён дода шуд. Машваратҳои мазкур бо воситаи телевизион ва радиои вилояти Суғд ва «СМ-1» тарғиб гардида, намоиш дода шуд.
Бо иштироки намояндагони мақомоти тандурустӣ, кумитаҳои маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ оиди пешгирии вайроншавии оилаҳо мизи мудаввар дар устувор гаштани ақди никоҳ, оила ва муносибатҳои оилавӣ, дар рӯҳи садоқат ба Ватан, муносибати бошуурона ва дуруст тарбия кардани насли наврас баргузор гардида, нақшаи корӣ таҳия карда шуд.
Мақолаҳои тарғиботӣ дар рӯзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон» аз санаи 25 феврали соли 2015 таҳти №18 бо унвони «Мустаҳкамии оила мақсади мост», рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» санаи 07 феврали соли 2015 таҳти №17 бо иштироки корманди Хонаи ақди никоҳ дар ҷавоб ба саволҳои рӯзноманигори саҳифаи «Чаманоро», рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» санаи 26 феврали соли 2015 таҳти №25 «Омили муттаҳидкунандаи халқ», аз санаи 17 марти соли 2015 таҳти №33  дар мавзӯи «Солимии ҷомеа аз пойдориву устувории оила», аз санаи 15 апрели соли 2015 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Роҳандозии тадбирҳо ба ифтихори Соли оила», аз санаи 18 апрели соли ҷорӣ дар рӯзномаи «Согдийская правда» ба мавзӯи «Река любви», рӯзномаи «Нилуфар» бо номи «Оила бувад зи ду тан пайванд», рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» дар мавзӯи фарҳанги либоспӯшӣ, худшиносӣ ва арзиши эҳтироми миллӣ дарҷ гардида, доир ба гузаронидани сӯҳбатҳои муфид бо шаҳрвандон дар бунёд намудани оила, мустаҳкам ва нигоҳ доштани он ба тавсиб расидааст. Ҳамзамон дар рӯзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон» бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи оилавӣ дар шумораҳои он тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардида истодааст. Ҳамчунин бо иштироки кормандони Хонаи ақди никоҳ баромадҳо дар телевизионҳои маҳаллӣ «СМ-1», «Танин» ва вилоятӣ дар мавзӯи «Пешгирӣ аз ҳолатҳои никоҳи хешутаборӣ», «Мустаҳкамии оилаҳои ҷавон» ва радиои вилоятӣ дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқии зан» ва радиои шаҳрии «Замон» дар мавзӯи тарғиби соли 2015-Соли 0ила пахш гардид.
Дар арафаи Наврӯзи ҳуҷастапай бо иштироки кормандони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли оила дар кумитаи маҳаллаи «Тиллоқон» дар шаҳри Хуҷанд маъракаи суманакпазӣ бо эҳдои анъанаҳои миллии хӯрокпазӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ороиши як қисми хона бо ҷиҳозҳои миллӣ ва саҳначаи тарбиявӣ доир ба одоби оиладорӣ ва тарбияи хонаводагӣ баргузор гардид. Дар маҳфил  оилаҳои намунавии маҳаллаи мазкур иштирок намуда, аз таҷрибаи оиладорӣ ва рӯзғордорӣ ба ҷавонон нақл намуданд.
Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии Оила бо иштироки 13 оилаҳои ҷавон ва оилаи намунавии шаҳри Хуҷанд маҳфил бо номи «Оила-маҳзани меҳру муҳаббат» бо ҳидояти аҳливу тифоқӣ ва устувор гардонидани пояи оила, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон баргузор гардид.
Ҳамчунин доир ба тарғиби фарҳанги либоспӯши, худшиносӣ ва арзиши эҳтироми миллӣ иштироки фаъоли кормандони Хонаи ақди никоҳ дар кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, нишасти телевизионӣ дар тарабхонаи «Ҷавонӣ» ва бо воситаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» инъикос ва нашр гардид.
Конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва наслҳои солим ташаккул меёбад», ки дар толори мактаби таҳсилоти умумии «Иршод» баргузор гардид, маърӯзаи мутахассиси Хонаи ақди никоҳ оид ба оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ ва солимии оилаҳои ҷавон шунида шуд.
Шӯъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд зимни амалинамоии нақшаи кории шӯъбаи Хонаи ақди никоҳ баҳри пойдорӣ ва мустаҳкамии оила тибқи иҷроиши нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.

 

Сардори шуъбаи Хонаи ақди никоҳи ш.Хуҷанд                                                              Х.Хоҷаева

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...