(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

МАЪЛУМОТНОМА

оид ба фаъолияти бахши бойгонии мақомоти иҷроияи

ҳокимияти  давлатии  шаҳри Хуҷанд дар шаш моҳи

аввали соли 2015


Бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади рушди кори бойгонӣ, таъмин  ҳифз ва нигаҳдории ҳуҷчатҳои хазинаи бойгонӣ дар шаҳр ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000, №203 «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷчатҳо ва ба нигаҳдории давлатӣ супоридани онҳо», Низомномаи намунавӣ дар бораи бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2011, №16 тасдиқ гардидааст  фаъолиятро ба роҳ  мондааст.
Дар ҳамкорӣ бо Бойгони байнидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайти шахсии шаҳри Хуҷанд оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000, №203 «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигаҳдории давлатӣ супоридани онҳо» дар корхонаи «Хуҷандторгмаш», корхонаи фаърии истеҳсоли тухми кирмаки шаҳри Хуҷанд, Шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд, ҶДММ  ВТ- СИЛК, ҶДММ ТЕКСТЛ-СИТИ, КВДК “Хизматрасонии нақлиётӣ санитарӣ” ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров санҷиш гузаронида шуд ва оид ба ҳуҷҷатҳои мавҷуда, ки муҳлати нигаҳдориашон ба охир расидааст, барои коркарди илмӣ – техникӣ, ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо ва ба нигаҳдории давлатӣ супоридани  онҳо тавсия дода шуд.
Дар  шаш моҳи соли 2015 ба Бойгони байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳри Хуҷанд 876-адад дархостҳои шаҳрвандон оиди гирифтани маълумотномаи бойгонӣ дар бораи тасдиқи собиқаи корӣ ва музди меҳнат дар солҳои фаъолияти кориашон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора  ба 778-адад дархостҳо 2069-адад маълумотномаҳои бойгонии мусбии иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ тайёр карда шуда, ба 46-адад муроҷиатҳо, ки аз сабаби нопурра омада расидан ё набудани ҳуҷҷатҳо дар баъзе корхонаю ташкилотҳо ҷавобҳои манфӣ гардонида шудаанд, 52-адад дархостҳо дар ҳолати иҷроиш қарор доранд ва 13 нафар дархосткунандагон маълумотномаи тайёркардашударо нагирифтаанд ва ё ҳангоми иҷроиш дархосташонро рад намудаанд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 №373 “Дар бораи Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018 оид ба амал татбиқ намудани муқаррароти бандҳои қарори мазкур як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Тибқи банди 1-и қарори мазкур барои маблағгузории чорабиниҳои барномавӣ бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ барои солҳои 2010-2018 70 ҳазор сомонӣ ва аз ҷумла, барои солҳои 2010-2015 40 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ба 5 ҳазор сомонии барои соли 2010 ҷудо гардида, таҷҳизоти огоҳӣ-оташнишонӣ харидорӣ карда шуда, дар махфузгоҳҳо васл карда шудааст.
Соли 2015 барои солҳои 2011-2015  35000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ ба бойгони байниидоравӣ ҷудо карда шуд, ки то имр=з аз ин ҳисоб ба маблағи 7124 сомони ду компютер, принтер бо дастгоҳи нусхабардорӣ ва ба маблағи 3255 сомони мебелҳо барои утоқи корӣ харидорӣ карда шудааст.
Тибқи иҷроиши банди 2-и қарори мазкур дар Бойгони байниидоравӣ барои фароҳам овардани шароитҳои мусоиди нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва корбарӣ дар самти беҳбудии ҳолати нигоҳдории ҳуҷҷатҳо корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудааст.
Мавҷудият ва ҳолати 3000 парвандаҳо санҷида шуда, варақҳои хирагашта ва нобудшудаистодаи онҳо аз нав барқарор карда шуданд. Барои гузаронидани ҳуҷҷатҳо аз маводи коғазӣ ба маводи электронӣ корбарӣ рафта истодааст.
Дар давраи ҳисоботӣ баъди бо масъулини корхонаю ташкилотҳо оиди ба нигоҳдории давлатӣ супоридани ҳуҷҷатҳои м=ҳлати нигоҳдориашон дар бойгонҳои идоравӣ гузашта, корбарӣ намудан ба бойгони байниидоравӣ аз 11 ташкилотҳо ва идораҳо 1516 парвандаҳо қабул карда шуданд.
Бойгони байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳри Хуҷанд дорои 129 хазина буда, шумораи парвандаҳои нигоҳдошташаванда 55477 адад  мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ  хазинаи № 125 – Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои вилояти Суғд, шумораи парванда 43-адад, хазинаи № 126 – Маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, шумораи парванда 33-адад, хазинаи № 127 – Ҷамъияти саҳҳомии п=шидаи “К-З”, шумораи парванда 38-адад, хазинаи № 128 – Раёсати адлияи вилояти Суғд, шумораи парвандаҳо 71-адад, Хазинаи № 129 - КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд, шумораи парванда 113 ташкил карда шуда ва такроран ба хазинаи № 9 – Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд 869-адад, хазинаи № 24 – Маркази клиникавии дермато-венерологии вилояти Суғд 26-адад, хазинаи № 53 – Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд  5-адад, хазинаи № 82 ҶСК “Агроинвестбонк” Сарфилиал дар шаҳри Хуҷанд 28-адад, Хазинаи №3 Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Лаъл” 190 адад   ва хазинаи №13 Иттиҳодияи хӯрокворӣ 100- адад парвандаҳо қабул   карда шудаанд.
Бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ ва муҳофизони Ватан ду ҷаласаи навбатии Комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар он муроҷиатҳои воридгардидаи шаҳрвандон  мавриди баррасӣ қарор дода шуда ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои хаттӣ дастрас карда шуд. Пешниҳодҳои Комиссия оид ба номгузорӣ намудани яке аз кӯчаи навбунёди маҳаллаи Чашмаи Арзана-3 ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Холматов Абдусаттор, кӯчаи навбунёди маҳаллаи Чашмаи Арзана-3 ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Нурматов Аҳмадҷон, гузоштани лавҳаи ёдгории ӯрунов Турсун ба кӯчаи Фурқати маҳаллаи Сирдарё, номгузорӣ намудани муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31-и шаҳри Хуҷанд ба номи Солиев Алиҷон ва гузоштани нимпайкараи генерал-майор Юсупов Абдуразоқ дар ҳудуди бинои комиссариати  ҳарбии вилояти Суғд дар  Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт ва барои  тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум пешниҳод карда шуд.
Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №835 «Дар бораи ба номи профессор Юсуф Баширхонович Исоқӣ номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд»», яке аз кӯчаҳои навбунёди микроноҳияи 29 дар асоси Қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳр 25.09.2014 №279 ба номи Мунзифа Ғаффорова, Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (даъвати IV) №147 аз 13.07.2012 ба номи Мавҷуда Ҳакимова номгузорӣ карда шуд ва инчунин  оид ба иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум аз 26 декабри соли 2014, № 313 тангкӯчаи ба номи Гагарин ба номи ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Алиматов иваз  карда шуд.
Бахшида ба ҷашни 70-солагии Иди Ғалаба ҷиҳати иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум аз 26 декабри соли 2014, № 312 дар кӯчаи ба номи С.М.Киров лавҳаи ёдгории Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зарипов Усмон ва дар асоси  Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум аз   25 декабри соли 2014, № 531 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи  Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Осимов  Зайниддин номгузорда шуд.
Бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давллатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ фаъолиятро бо риояи қатъии ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи бойгонӣ беҳтару самаранок ташкил менамояд.


Мудири бахши бойгонӣ                                                  К.Ҷӯраева

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...