(4 овоз, миёна 2.00 аз 5)

 Ҳисоботи

шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

дар нимсолаи аввали соли 2015

 

Шӯъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шашмоҳаи аввали соли 2015-умро бо рӯҳияи баланди худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ, бо дили гарму рӯҳи қавӣ ва умеду орзуҳои нек ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол истиқбол намуда, ба як қатор дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд Паёми Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои фаъолияти хеш қарор дода, дар самти ба камол расонидани хонандагони донишманду болаёқат, ватанпараст, худшиносу худогоҳ, амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ талошҳои созанда намуданд. Таҷлили бошукӯҳи Рӯзҳои ҷавонон, ҳифзи байналмилалии кӯдакон ва дигар чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ бахшида ба Соли оила, Соли рушди фарҳанг ва гулҳо воқеаҳои фараҳбахшу хотирмон буданд, ки дар ҳамаи онҳо аҳли маориф бо масъулиятшиносии баланд иштирок намуданд.
Соли хониши 2014-2015, ки ҷамъбасти он ба анҷоми нимсолаи соли 2015 рост меояд, дар шаҳри Хуҷанд 47 мактаб, 30 кӯдакистон, 5 кӯдакистонҳои хусусии «Дилоро», «Раҳматулло», «Офтобак», Академияи бачагонаи «Гулноз», «Раҳнамо», 1 комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 11 мактаби хусусӣ, 1 мактаб – интернати ёрирасон, фаъолият менамояд, ки дар онҳо 33712 нафар хонандагон ва 8764 нафар тарбиятгирандагон  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
То санаи 1 июли соли ҷорӣ буҷаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 99% иҷро гардид, ки ин 5 689 765 сомониро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда  дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мутаносибан ба 85% ё 190208 сомонӣ баробар аст.
Дар шашмоҳаи аввал аз ҳисоби буҷаи мактабҳо ба маблағи 20740,0 сомонӣ компютер, тахтаи электронӣ, мизу курсиҳо ва ҷевонҳо харидорӣ карда шуданд. Бо мақсади корҳои таъмиру барқароркунӣ ва омодагӣ ба соли хониши нав то имрӯз аз буҷаи муассисаҳои таълимӣ 1 199 658 сомонӣ маблағ масраф гардид.
Барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ дар шаш моҳи соли равон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, суратҳисоби махсус ва сарпарастон 3 адад  тахтаи электронӣ, 32 адад компютер, 30 адад принтер, 2 адад телевизор,  80 адад мизу курсиҳои талабагӣ, 2 адад ҷевон,  15 адад печҳои барқию 12 адад яхдон, 12 адад тафдон ва дигар таҷҳизотҳои барқӣ харидорӣ карда шуданд.
Дар ин давра директорони мтму №19 ротатсия гардида, мтму №2 аз ҳисоби захираи кадрҳои роҳбарикунанда ба вазифа таъин карда шуданд, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 2 нафар мудирон (мтт № 6,7) аз ҳисоби захираи кадрҳои роҳбарикунанда ба вазифа таъин карда шуда, мудирони мтт №14,16,19 ба нафақа гуселонида шуданд.
Шӯъбаи маориф баҳри таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ пайваста кӯшиш менамояд.  Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 2159 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2047 нафарашон маълумоти олӣ ва 112 нафарашон маълумоти миёнаи махсус доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ 36 нафар омӯзгорон ва 13 нафар мураббиён бо сабабҳои гуногун (нафақа, ивази ҷои истиқомат, шароити оилавӣ ва беморӣ) тарки вазифа намуда бошанд, ба ивази он 40 нафар омӯзгорон ва 13 нафар мураббиён ба кор ҷалб карда шуданд. Дар айни замон муассисаҳои таълимии шаҳр ба кадрҳои педагогӣ эҳтиёҷ надоранд. Дар ҳамаи онҳо таълими  фанҳои барномавӣ пурра ба роҳ монда шудааст.
Баҳри дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №475 аз 02.10.2010 «Дар бораи барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016», қарори Раиси вилояти Суғд аз 16.02.2011 №46 «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба татбиқи тадбирҳои барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016», қарори Раиси шаҳр №951 аз 16.12.2010, «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба татбиқи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016» корҳои зайлро ба анҷом расонид. Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр силсилаи мулоқоту вохӯриҳои хатмкунандагон бо устодони ДДХ ба номи Б.Ғафуров дар хусуси мақому манзалати касби омӯзгорӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин хонандагони синфҳои болоии мактабҳо дар чорабиниҳои «Дарҳои кушод»-и мактабҳои олии омӯзгорӣ    иштирок намуданд. Дар ин давра бо хатмкунандагони синфҳои 11-ум дар мтму №12 вохӯрӣ бо намояндагони Донишгоҳи меъморӣ (архитектура) ва сохтмони шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия, дар мтму № 7 вохӯри бо намояндагони Донишгоҳи давлатии кофтукови геологии шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба номи Сергей Ордҷоникидзе, дар мтму №23  вохӯри бо намояндагони Донишгоҳи аграрӣ ва техникии шаҳри Барнаули вилояти Олтоӣи Федератсияи Русия, дар мтму №14 вохӯрӣ бо намояндагони Донишгоҳи Аграрии шаҳри Уляновск ва Донишгоҳи политехникии вилояти Ростови шаҳри Новочеркаски Федератсияи Русия баргузор гардид. Аз теъдоди умумии хатмкунандагони синфи 11-ум 310 нафарашон дар имтиҳоноти қабул ба мактабҳои олии хориҷӣ мамлакат, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Украина ва Эрон аз рӯи ихтисосҳои муосири техникию технологӣ,  ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, ширкат варзиданд.
Моҳи июни соли ҷорӣ тақсимоти мутахассисони ҷавони ихтисосҳои омӯзгории хатми соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров гузаронида шуд. 37 нафар мутахассисони ҷавон мувофиқи тақсимот ба ихтиёри шӯъбаи маориф фиристода шуданд, ки онҳо аз моҳи сентябр ба фаъолияти касбӣ шурӯъ менамоянд.
Мувофиқи нақшаи курси такмили ихтисос соли 2015 бояд 366 нафар омӯзгорон савияи дониши худро баланд бардоранд ва дар нимсолаи аввал 250 нафар кормандони соҳаи маориф савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки ин 68%- и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Инчунин аз санаи 01.06.-06.06.2015 дар пояи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд курси ҷумҳуриявии махсуси омӯзиши кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ баргухор гардид, ки дар он 21 нафар роҳбарон ва ҷонишинони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Бо мақсади дарёфт ва муайян кардани омӯзгорони боистеъдоду навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнату заҳмати муаллимон ва таҳкими мақоми онҳо дар ҷомеа, тарғибу паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ моҳи май озмуни шаҳрии  «Муаллими соли Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он Аминова  Зебо омӯзгори фанни математикаи ЛДП ғолиб дониста шуда, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифт.
Дар шӯъбаи маориф ба масъалаи омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ аҳамияти калон дода мешавад. Тибқи нақшаи алоҳидаи кабинети методӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ин самти кор ҳамаҷониба ба роҳ монда шудааст. Таҷрибаи пешқадами педагогии 10 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии №3,8,12,14,27, гимназияи №24, ЛДП, литсейи №1, м/х Пӯлотов, Паймони азизон, дар миқёси шаҳр ва 4 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии №8,19, гимназияҳои №4,13 дар миқёси вилоят паҳн гардида, дастурҳои методии 51-нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии №2,3,5,6,10,11,14,15,18, 20,22,26,30, гимназияҳои №1,24, Гёте, Ганҷ, м/х Паймони азизон, Файз, Гулчини маърифат, Дониш, ЛДП, мактаб-интернати ёрирасон таҳия шуда истодааст.
Аз ҳисоби омӯзгорони пешқадами муссисаҳои таълимӣ то имрӯз 126 соат дарсҳои намунавӣ дар миқёси вилоят гузаронида шуд. Дар онҳо омӯзгорони дигар мактабҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок карда, табодули таҷриба намуданд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, муайян намудани дараҷаи тахассус ва маҳорати касбии кормандони муассисаҳои таълимӣ, зиёда аз 400 нафар омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимӣ аз аттестатсияи навбатӣ гузаштанд.
Дар давари ҳисоботӣ номзадии 2 нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ барои гирифтани мукофоти давлатӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва номзадии 12 нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ барои гирифтани нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Вазорати маориф пешниҳод карда шуданд.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №92 аз 03.05.2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба мутахассисони ҷавон» 174 нафар омӯзгорон барои гирифтани қитъаи замин дар навбат истодаанд, Дар давраи ҳисоботӣ 83 нафар омӯзгорон соҳиби қиъаи замин гардиданд, ки аз ин миқдор 9 нафарашон мутахассисони ҷавон мебошанд, Дар нимсолаи  аввал ба 36 нафар омӯзгорон ба маблағи 41979 сомонӣ, аз он ҷумла 21 нафар ба осоишгоҳи «Соҳил», 11 нафар ба осоишгоҳи «Баҳористон», 2 нафар ба осоишгоҳи «Зумрад», 1 нафар ба Маркази саломатии Ҷумҳуриявӣ ва 1 нафар ба санаторияи «Уротеппа» роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд. Барои гузаронидани чорабиниҳои маданӣ-равшаннамоӣ 4195 сомонӣ, аёдати собиқадорони соҳа 951 сомонӣ равона гардида, 43 нафар омӯзгорону мураббиёни пешқадам бо Ифтихорномаҳои соҳавӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар мактабҳо пешрафти хонандагони лаёқатманд зери назорати махсус қарор дода шуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати маърифатомӯзии онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда, аз тарафи омӯзгорони варзидаи шаҳр ба  чунин хонандагон дарсҳои иловагӣ ташкил карда шудааст. Соли хониши 2014-2015 хонандагони лаёқатманди мактабҳои  шаҳр дар Олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 32 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, аз 19 нафар хонандагон 15 нафарашон ғолибият ба даст оварданд. Аз он ҷумла 3 нафар соҳиби медали тилло, 4 нафар соҳиби медали нуқра ва 8 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.  Аз тарафи Раиси вилоят ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд ва 34 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр сарфароз гаштанд.
Дар озмунҳои байналхалқии лоиҳасозие, ки дар кишварҳои Гурҷистон,  ва Индонезия аз фанҳои физика, технологияи информатсионӣ доир шуд, 5 нафар  толибилмони литсейи интернати  муштараки тоҷикӣ – туркӣ ширкат варзида, ба гирифтани медалҳои тилло (2н.) ва нуқра (3н) ноил гардиданд. Инчунин дар шаҳри Душанбе озмуни лоиҳавии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ (TASPO) баргузор гардид. Толибилмони литсейи интернати  муштараки тоҷикӣ – туркӣ ба гирифтани медалҳои тилло (1н.), нуқра (4н) ва биринҷӣ (4н) ноил гардиданд.
Дар ин давра дар озмуни ҷумҳуриявии «Нишонзани беҳтарин» хонандаи синфи 10 м/х Иршод Мунирова М. ғолиби озмун гардид.
Бо мақсади тақвият  бахшидани завқу шавқи хонандагон ба омӯзиши илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва  ташаккули  тафаккури техникии онҳо, моҳи январ дар мактаби №19 озмуни  шаҳрии «Техникони  наврас» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 237 нафар хонандагони ҳамаи намуди мактабҳо ширкат варзида, дар ин озмун хонандагони мактабҳои №15 Раҳимов Комил, мтму №19 Орифбоев Абдуғафур, гимназияҳои №13 Бердеев Шероз, №24 Бобокалонова Парвина, м/х Паймони азизон Дӯстматов Ғайрат, м/х Гулчини маърифат Шамсиев Фаридун ва Муродова Азиза ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.  Дар озмуни вилоятии «Техникони наврас» 3 нафар соҳиби ҷойи аввал (гимназияҳои №13.24 ва м/х Гулчини маърифат), 1 нафар соҳиби ҷойи дуюм (м/х Паймони азизон) ва 2 нафар (мтму №19, м/х Гулчини маърифат) ба гирифтани ифтихорнома мушарраф гардиданд.
Бо мақсади ташаккул додани маърифати хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба тадқиқоти илмӣ, иншои мақолаю гузоришҳои паҷӯҳишӣ ва дар ин замина дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод сессияи шаҳрии Академияи хурди илмҳо моҳи апрел дар мтму №23 баргузор гардид. ки дар он 429 нафар хонандагон аз рӯи 17 бахш иштирок намуданд. Дар даври вилоятии сессияи Академияи хурди илмҳо 18 нафар хонандагони мактабҳои шаҳр иштирок намуда, аз ин миқдор 10 нафар, аз ҷумла 7 нафар соҳиби ҷойи аввал, 3 нафар ҷойи дуввум гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо бошад, 43 нафар толибилмони мактабҳои шаҳр ғолибият ба даст оварданд, яъне аз ин миқдор 16 нафар соҳиби ҷойи аввал, 3 нафар ҷойи дуввум, 1 нафар ҷойи сеюм ва 23 нафар ба мақоми аз ин ҳам  баланд – 14 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ ва 9 ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба омӯзиши фанҳои таълимӣ, муайян намудани хушзеҳнӣ, дараҷаи саводнокӣ, дарёфт намудани хонандагони лаёқатманд, ҷалб ва омода намудани хонандагони хурдсол ба озмунҳо тибқи фармоиши шуъбаи маориф ҳарсол дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Олимпиадаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ баргузор мегардад. Имсол низ тибқи фармоиши шӯъбаи маориф  дар мтму №14 Олимпиадаи фаннии  хонандагони синфҳои 4 гузаронида шуд, ки дар он 1085 нафар хонандагон иштирок намуданд, ки нисбат ба соли хониши гузашта 232 нафар зиёд мебошад. 52/33 нафар хонандагон ҳамчун ғолибони ин давр ба Олимпиадаи шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Дар олимпиадаи мазкур 31 нафар хонандагони синфҳои 4 сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Дар он хонандагони мактабҳои №5,8,9,10,14,16,17,18,21,22,23,25,26,30, гимназияҳои №1,4,24, мактабҳои хусусии Пӯлотов, Паймони азизон, Гулчини маърифат, Рустамов, Файз, Дониш, Иршод, гимназияҳои Кавсар, Гёте, Ганҷ дониши хуб нишон дода, ғолибият ба даст оварданд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади муайян намудани вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омодагии омӯзгорон ба дарсҳо, санҷиши иҷроиши барномаҳои таълимӣ, тибқи фармоиши шӯъбаи маориф дар мактабҳои №26,28,31, гимназияи №13 «Рӯзҳои шӯъбаи маориф»  гузаронида шуд. Дар рафти санҷишҳо дар муассисаҳои таълимӣ сифати дарси омӯзгорон, сатҳи дониши хонандагон, меъёрҳои иҷроиши корҳои хаттӣ дида баромада шуданд.
Тибқи нақшаи солонаи бахши Хадамоти назорати соҳаи маориф 15 муассисаи таълимӣ барои аз аттестатсия гузаштан пешбинӣ карда шудааcт. Дар давраи ҳисоботӣ  мтму №11,16,18,30, мтт №9,11,26,31 аз аттестатсия гузаронида шуданд. Натиҷаи аттестатсияи ин муассисаҳои таълимӣ  дар Шӯрои маориф мусбӣ арзёбӣ шуданд.
Аз рӯи талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.02.2003, №54 «Дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи аккредитатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмурияти муассисаҳои таълимии №3,14,16,25,30 ва гимназияи №1 ба  шӯъбаи маориф ариза ва маводҳои аккредитатсионии муассисаҳои худро пешниҳод намуданд. Комиссияи аккредетатсионии шӯъбаи маориф маводҳои аккредетатсияи давлатии ин муассисаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод. Комиссияи аккредитатсионии шӯъбаи маориф маводҳои аккредитатсияи давлатии ин муассисаҳоро дида баромада, онҳоро аз аккредетатсия гузашт ҳисобида, қарори худро ба Шӯрои шуъбаи маориф пешниҳод намуд.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №94 аз 03.03.2006 дар бораи тасдиқи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабиниҳои гуногун ба амал бароварда шуданд.
Доир ба амал татбиқ намудани тарбияи ватанпарастии хонандагон бахшида ба таҷлили таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ шиору гӯшаҳо ва нашрияҳои деворӣ ташкил карда шуд. Барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони шаҳр гузаронида шуд, ки дар он дастаи хонандагони гимназияи №13 сазовори ҷойи якум гардиданд. Ҳамзамон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Сипар» байни хонандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд, ки дар он дастаи хонандагони гимназияи №4 сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Бахшида ба ҷашнҳои Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи аҷам, Рӯзи оила аз тарафи хонандагон, омӯзгорон ва аъзоёни ҳаракати эҳсонкории «Футувват» иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони байналмиллал аёдат карда шуданд.
Бо мақсади амалӣ намудани фармоши Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 28.04.2015, №55 дар бораи таҷлили Рӯзи байналмиллалии Оила, баҳри тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ ва пойдевории оилаҳои ҷавон курсҳои машваратӣ, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳои омӯзишӣ барои оилаҳои ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар робита бо таълиму тарбияи наврасон ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Ҷиҳати татбиқи Рӯзи байналмиллалии Оила дар муассисаҳои таълимӣ силсилаи барномаҳо бо оилаҳои намунавӣ дар мавзӯи «Дилҳои бо меҳр пайванд» баргузор гардид, ки оилаҳои намунавии маҳаллаҳо, омӯзгорони пешқадамро  даъват намуданд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2,3,5,6,7,8,9,10,11,12,15, 16,17,18,20,21,22,23,27,30, гимназияҳои №1,4,24, Гёте, Ганҷ, литсейи физикӣ- математикии №1, ЛДП ва дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ чорабинию, конфронсҳо, мизи мудаввар, гузаронида шуд. Чунончӣ дар гимназияҳои №1,4 маҳфили «Маърифати оиладорӣ ва сабабҳои вайроншавии оилаҳо», «Оинаи рӯзгор аст-зан», дар мтму №2,3,22  чорабинии беруназсинфӣ «Оилаи солим- ҷомеаи солим», «Оилаи ман тифоқ», «Падар, модар ва ман – оилаи тифоқ» ва ба монанди инҳо ташкил ва гузаронида шуд. Инчунин, аз худи муассисаҳои таълимӣ 4 нафар оилаҳои омӯзгорони тифоқ, ки зану шавҳар омӯзгор мебошанд, даъват карда шуданд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27 майи соли 2015, №383 «Дар бораи таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳр», бо мақсади тарғиби анъанаҳои неки инсонпарварӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳаёти кӯдакон, бедор намудани ҳисси худшиносиву хештаншиносӣ дар замири кӯдакон бахшида ба  таҷлили Рӯзи байналмиллалии  ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд фармоиш ва Нақшаи  чорабиниҳои шуъбаи маориф низ  таҳия карда шуд. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ таблиғи мӯҳтавои санадҳои  меъёрӣ- ҳуқуқии нисбати кӯдакон амалкунандаро байни хонандагон тарғиб намуда, аёдати кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон  маҳдудро ба роҳ монда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон тадбирҳои зарурӣ андешиданд. То ҷашн дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ байни хонандагон иншо дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои худро меомӯзем», озмуни расм дар рӯи мумфарш дар мавзӯи «Тоҷикистон аз нигоҳи ман» ва қабули хонандагони пешсаф ва болаёқати муассисаҳои таълимӣ ба сафи Созмони Талабагӣ, озмуни шаҳрии «Донояк» байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, иштирок дар чорабинии идона дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи К. Хуҷандӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ 281 нафар тарбиятгирандагони  Хонаи кӯдакон, бачагони ятиму бепарастор маъюб ва барҷомонда аёдат карда  шуданд.
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳр аз санаи 20.04.2015, №304  санаи 16.06.2015  дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи К.Хуҷандӣ Фестивали гулҳо ва озмуни Оши палави беҳтарин дар миқёси вилоят дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он муассисаҳои таълимии шаҳр низ фаъолона иштирок намуда, сазовори туҳфаҳои молию пулӣ гардиданд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон, доир ба таблиғу ташвиқ ва фаҳмонидани мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гӯшаву овезаҳои махсус барои омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон ташкил карда шуда, маҷлисҳои падару модарон бо иштироки намояндагони шӯъбаи маориф баргузор гардид. Ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёт, тафаккур ва маърифати ҳуқуқии падару модарони ҷавон дар мактабҳо фаъолияти университетҳои падару модарон пурзӯр карда шуданд.  То ин дам  мавзӯъҳои «Таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллии фарзандон дар муҳити хонаводагӣ», «Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ – ду боли пешрафти ҷомеа», «Саломатии фарзандон  саломатии миллат аст», «Меҳнати ҳалол ва касбу ҳунари писандида – калиди бахту саодат», «Фарҳанг ҳастии миллат аст», «Нақши хонавода дар пешгирии қонуншикании фарзандон», «Вазифа ва ӯҳдадориҳои падару модар дар амалишавии қонун», «Муошират ва хулқи некӯи волидайн дар ташаккули одобу ахлоқи писандидаи фарзандон», «Нақши падару модар дар пешгирии шомилшавии фарзандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии динӣ– «Ҳизбуттаҳрир», «Салафия» ва  «Ваҳҳобия»» бо иштироки волидон муҳокима карда шуд. Оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар назди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳайати комиссия  ташкил карда шуд, ки фаъолияти онҳо  баҳри  пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, худкушӣ, дигар ҳодисаҳои номатлуб равона карда шудааст. Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ намудани ҷиноятсодиркунӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, худкушӣ, сӯиқасд ба он, риояи либоси ягонаи мактабӣ, истифодабарии телефонҳои мобилӣ, ҷавоҳирот, зару зевар дигар ашёҳои қимматбаҳо  бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрӣ бо хонандагони мактабҳо ва волидони онҳо гузаронида шуда истодааст.  Доир ба рафти иҷрои банди 14-и моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» се моҳи соли равон дар масҷидҳои «Шайх Маслиҳаддин», «Тақво», «Нури ислом», «Бобохӯҷа», «Миркамолбой» директорони мактабҳо вобаста карда шуданд. Дар рафти навбатдорӣ хонандагоне, ки  ҳангоми намозгузорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ба маъмурияти мактабҳои номбурда мактуби огоҳӣ ирсол карда мешавад.
Дар муассисаҳои таълимӣ фаъолияти мунтазами равоншиносон ба роҳ монда шудааст, ки фаъолияти асосии онҳо кор бо хонандагони душвортарбия мебошад. Ба ҳар як хонандаи ҷиноятсодиркарда дар мактабҳо мураббӣ вобаста карда шуда, корҳои инфиродӣ бурда мешавад. Хонандагони душвортарбия ба маҳфилҳои беруназсинфӣ ва Маркази таҳсилоти иловагӣ ҷалб карда шудаанд. Инчунин 204 нафар хонандагоне, ки дар мактабҳо ҳамчун душвортарбия ба қайд гирифта шудаанд, бо онҳо низ корбарӣ намуда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи мактабҳо ташрифи роҳбарони синф ва намояндагони маъмурият ба хонаҳои хонандагон ба роҳ монда шуд. Дар рафти ин чорабинӣ аз вазъи зист ва шароити оилавии 4685 нафар хонандагон шиносоӣ пайдо гардид ва умуман, аз аввали соли хониши 2014-2015  ба хонаи  12585 нафар хонандагон ташриф оварда шуд, ки ин барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи хонандагон, бохабар шудани падару модарон аз рафти таълиму тарбияи фарзандонашон мусоидат намуд.
Дар ин давра дар муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, нашъамандӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ   ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм доир гардид. Инчунин  санаи 04.06.2015  вохӯрӣ бо Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадӣ дар толори Кохи Рӯдакӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳо, донишҷӯёну ҷавонони вилоят баргузор гардид.
Бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, баланд бардоштани самаранокии кор дар ин самт, дар ҳамаи мактабҳо гӯшаҳо оид ба риояи қоидаи ҳаракати роҳ ташкил карда шудааст. Бахшида ба даҳаи «Қоидаи ҳаракат дар роҳ» соатҳои тарбивии намунавӣ дар мактабҳои  №2,3,5,6,9,10,12,15,16,19, гимназияи №1,4, м/х Паймони азизон, Рустамов, Пӯлотов оид ба мавзӯъҳои «Аломатҳои роҳ барои пиёдагардон», «Қоидаи ҳаракат дар роҳ»,  «Чароғаки роҳнамо ва маънои рангҳои он», «Саёҳат дар кӯчаҳои шаҳр», «Чароғаки роҳнамо - чароғи огоҳнамо» доир гардид. Кори дастаи Нозирони навраси ҳаракати мактабҳоро пурзӯр карда, фаъолияти онҳо дар асоси Низомнома ба роҳ монда шудааст. Навбатдории нозирони навраси ҳаракат дар роҳҳои назди мактабҳо, хусусан дар вақти шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таҳти роҳбарии омӯзгор ва аз рӯи ҷадвал ба роҳ монда шуда, фаъолияти онҳо зери назорати маъмурияти мактабҳои таҳсилоти умумӣ  қарор дорад. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, баланд бардоштани сифати дониши хонандагон оид ба қоидаи ҳаракакати роҳ моҳи март озмуни «Нозирони навраси ҳаракат» дар се давр гузаронида шуд: дохилимактабӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ. Дастаи «Нозирони навраси ҳаракати»-и гимназияи  №13 дар озмуни шаҳрӣ ғолибият ба даст оварда, дар озмуни вилоятӣ сазовори ҷойи сеюмро гардиданд.
Бахшида ба ҷашн ба мактаб-интернати ёрирасон аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон 150 адад рӯйпоши ҷойи хоб, пойафзоли хонагӣ 150 ҷуфт, маводҳои хониш тақдим карда шуд. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастархони идона ташкил карда шуд. Ба муассисаи таҳсилоти томактабии №26 кӯдакони иллати шунавоидошта аз тарафи сарпарастон Агроинвестбонк маводи сохтмонӣ, ба комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобино аз тарафи сарпарастон «ВАВИЛОН-мобайл», ТЕКСТИЛ-СИТИ дастархони идона ташкил карда шуд.
Дар панҷмоҳи соли 2015 23 ноболиғ 28 ҷиноятро содир намуданд.  Аз он 4 ҷиноятро 2 нафар хонандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №26,31 содир кардааст.
Баҳри татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010,  №223  «Барномаи  давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии  ҷумҳурӣ  бо  кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои  муҷаҳҳази  таълимӣ ва  илмию таҳқиқотӣ» қарори Раиси вилоят аз 18.08.2010, №276 «Дар  бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010,  №223 «Барномаи  давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии  ҷумҳурӣ  бо  кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои  муҷаҳҳази  таълимӣ ва  илмию таҳқиқотӣ»», қарори Раиси  шаҳр аз 20 октябри соли 2010   №779  «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид  ба татбиқи Барномаи  давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии  ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои  муҷаҳҳази  таълимӣ ва  илмию таҳқиқотӣ»  тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ таҷҳизонидани 32  адад  кабинетҳои фанни  физика,  математика. химия, биология, технологияи   информатсионӣ ва географияро дар муҳлати панҷ сол ба мактабҳои шаҳр тақсим карда шуданд.
Бо қарори Раиси шаҳр дар 5 сол – 942067,6 сомонӣ маблағ барои таҷҳизонидани ин кабинетҳои фаннӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла  дар соли 2015 – 297572,5 сомонӣ маблағ пешбинӣ  шудааст:
- мактаби №8,26 (технологияи информатсионӣ)- ба маблағи 1114785,44 сомонӣ;
- мактаби №9,17 (биология)- ба маблағи 40306,67 сомонӣ;
- мактаби №25 (физика)- ба маблағи 43417,22 сомонӣ;
- гимназияи №24 (математика)- ба маблағи 27395,11 сомонӣ;
- мактаби №6,23 (химия) - ба маблағи 57069,21 сомонӣ.
- мактаби №27 (география) – ба маблағи  14597,88 сомонӣ
Барои таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ мактабҳо аз имкониятҳои дохилии худ истифода мебаранд.  Беҳтаршавии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ин пеш аз ҳама ба ташкил кардани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои фанҳои математика, физика, химия, биология, экология, технологияи информатсионӣ ва география вобастагӣ дорад. Бе таҳкими заминаи моддӣ – техникии кабинетҳои таълимии фанҳои табиатшиносӣ ҷараёни таълим ва сифати дониши хонандагон баланд намеравад.
Дар самти  амалӣ гаштани марҳилаи сеюми Барномаи давлатии компютеркунонии  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо техникаи компютерӣ ва омӯзиши амиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва истифодаи васеи воситаҳои замонавӣ ва технологияи нави иттилоот дар ҷараёни таълим чораҳо андешида шуданд. То имрӯз миқдори умумии компютерҳо ба 1276 адад  расонида  шуд. Ҳоло дар 76 синфхонаҳои компютерӣ 141 адад принтер, 12 адад сканер ва 24 адад техникаи нусхабардорӣ, 47 адад проектор, 38 адад тахтаи электронӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар  ин синфхонаҳои компютерӣ 780 адад мизу курсиҳои махсуси компютерӣ мавҷуданд. Умуман тибқи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 миқдори компютерҳо ба 395 адад расида, иҷроиш 170%-ро ташкил медиҳад. Миқдори компютерҳои мавҷуда ба 11 нафар хонандагони синфҳои 7-11 як адад компютер   рост меояд.
Дар 21 кабинетҳои таълимии мактабҳо компютерҳо мавҷуданд, ки  истифодаи васеи онҳо дар ҷараёни таълим ба роҳ монда шудааст. Ба сифати азхудкунии барномаи фанни технологияи информатсионӣ ва ба таври замонавӣ ҷиҳозонидани утоқи технологияи информатсионӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Синфхонаҳои компютерии мактабҳои №5,9,11,19,21,23,28, гимназияҳои №1,4,13, литсейи физикӣ-математикии №1, ЛИМТТ, мтғ Паймони азизон, Пӯлотов, Кавсар, Ганҷ, Гёте, Гулчини маърифат, м/х «Рустамов»  хуб ҷиҳозонида шудаанд.
Компютерҳои мактабҳои шаҳри Хуҷанд пурра ба шабакаи  Интернет пайваст мебошанд. Дар литсейи физикӣ-математикии №1 китобхонаи электронӣ ва дар мактаби №19  ва ЛИМТТ китобхонаи электронӣ ва сомонаи мактаб, ба шабакаи Интернет дохил карда шудааст. Шуъбаи маориф ва мактабҳои №5,7,9,21,22,23,28, гимназияи №4,24 сомонаҳои худро ташкил карданд. Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф тибқи мактуби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.08.2013, №01/2-245 суратҳисоби махсусро дар назди суратҳисоби шуъбаи маориф дар хазинадории Раёсати молияи шаҳр ташкил намуд. Ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои хизматрасониҳои техникӣ минбаъд маблағи худро ба ин суратҳисоб ирсол менамоянд.
Вазъи корҳои методӣ аз фанҳои дақиқ ва таҳкими сатҳи дониши хонандагон аз ин фанҳо аз ҷумла, технологияи информатсионӣ  ва истифодаи компютерҳо  дар раванди таълими дигар фанҳо дар мадди назари шуъбаи маориф қарор дошта, тибқи нақшаи корӣ санҷида мешаванд.
Дар дарсҳои намунавӣ омӯзгорони ҳамаи фанҳои таълимӣ аз компютер дар ҷараёни таълим васеъ истифода мебаранд. Омӯзгорони ҷавон дар озмуни касбии «Мутахассиси ҷавон» дар даври якум маҳорати компютердонӣ ва кор бо тахтаи электрониро нишон доданд. Дар мактабҳо баҳри татбиқи Барномаи мазкур ва бо мақсади баланд намудани шавқи хонандагон ба фанни технологияи информатсионӣ дар ин давра озмуни «Барномасози моҳир», викторинаҳо, КВН-ҳо,сохтани айёниятҳою буклетҳо, стендҳо, гӯшаҳо дар байни хонандагон ташкил ва гузаронида шуданд.
Моҳи майи соли ҷорӣ, дар асоси мактуби Раёсати маорифи вилоят №212 аз 13.05.2014, ҳолати синфхонаҳои компютерии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд аз назар гузаронида шуд.
Шуъбаи маориф баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 427 аз 03.07.2014,  қарори Раиси вилояти Суғд №411 аз 23.09.2014 ва қарори Раиси шаҳр №647 аз 05.11.2014 дар бораи тасдиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянро ба сомон расонид.
Мактабҳои таълимашон бо забони русӣ гимназияи №13, Гёте, Гимназияи забонҳо, МТУА №29 мебошанд. Ғайр аз ин боз дар 13 мактабҳои шаҳр  синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият мебаранд, инчунин дар мактабҳои №2, №7, №16, №29, гимназияи «Гёте» дар баробари забони англисӣ, забони немисиро низ меомӯзанд. Дар ҳамаи мактабҳо махфилҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва  англисӣ, дарсҳои иловагӣ барои хонандагони сустхон ва болаёқат ташкил карда шудаанд. Ҳамзамон дар назди 22 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 46 гурӯҳ бо забони русӣ фаъолият бурда, дар боқимонда кӯдакистонҳо дарсҳои иловагӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ ҷорӣ карда шудаанд. Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе дар мактабҳои шаҳр  ҷамъомади пагоҳирӯзӣ гузаронида шуда, дар онҳо хонандагон шеърҳо, баромадҳо, саҳначаҳо, суруд, нақл ва хабарҳои гуногунро бо забонҳои русӣ ва англисӣ пешкаши ҳаммактабон мегардонанд. Ҳафтаи 3-юми ҳар моҳ машваратҳои доимоамалкунандаи иттиҳодияҳои методии омӯзгорони  фанҳои забони русӣ ва англисӣ ва дарсҳои  намунавӣ аз рӯи нақша гузаронида мешаванд. Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи омӯзгорони пешқадами фанҳои забони русӣ ва англисӣ 10 семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони фаннӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модарон, Иди Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр дарсҳои кушод, чорабиниҳои беруназсинфӣ, озмунҳо, викторинаҳо гузаронида шуда истодаанд, ки инҳо «Китоб-манбаи дониш», «Муҳофизони Ватан», «Наврӯз-иди миллӣ», «Мама - первое слово», «Шеърхони беҳтарин», «Гулдухтарони тоҷик», «Идёт красавиӣа Весна» гузаронида шуд.
Аз рӯи нақшаи  иттиҳодияҳои методии фанҳои забони русӣ ва англисӣ ҳар моҳ озмуни луғатдонҳо, озмуни хушнависӣ, тарҷумони беҳтарин, викторинаҳо, семинарҳо ва дарсҳои ҳисоботӣ-эҷодӣ гузаронида мешаванд. Аз тарафи маъмурияти мактабҳо ва гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот давра ба давра сатҳи дониш ва саводнокии хонандагон бо воситаи корҳои хаттӣ, тестҳо, сӯҳбатҳо санҷида шуда натиҷаҳо дар Шӯроҳои педагогии мактаб баррасӣ карда мешаванд.
Моҳи апрел бо ташаббуси ДБТИКСМ Ҷумҳуриявӣ  ва ҳамкорӣ бо РУДН (донишгоҳи давлатии Русия «Друҷба народов») дар шаҳри Хуҷанд курсҳои кӯтоҳмуддат таҳти унвони «Неделя русского язқка и Российского образования» барои омӯзгорони фанни забони русии вилояти Суғд ташкил карда шуд, ки дар он мушовири шуъбаи маориф ва 15 нафар омӯзгорони фанни забони русии муассисаҳои таълимии  шаҳр  иштирок намуда соҳиби сертификат гардиданд.
Дар ҳамаи муассисаҳои шаҳр ҷашнҳои шоиру нависандагони рус таҷлил карда шуда, чорабиниҳои беруназсинфӣ ва дарсҳои кушод гузаронида шуданд. Дар пояи гимназияи № 1 шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-адабӣ  таҳти унвони «Язқк, соединяюғее сердӣа», дар мтму № 22 бахшида ба 70-солагии Иди Ғалаба фестивали забони русӣ таҳти унвони «Песни военнқх лет» баргузор гардид.
Мунтазам  аз тарафи омӯзгорони собиқадор ва эҷодкори фанни забони русӣ барои омӯзгорони ҷавони соҳа дастурҳои методӣ ва тафсиявӣ аз нашр бароварда мешаванд.  Дар ин давра  аз тарафи омӯзгорони фанни забони русии мтму №3 – Ҳошимова Мӯниса, мтму № 26 Охунова Замира, мтму №22 Юнусова Матлуба, мтму №6 – Азизова Моҳира, мтму № 28- Ҷалилова Хуршеда ва м/х «Мактаби ба номи А.Дониш» Акрамбоева Гулбаҳор дастурҳои методӣ омода карда шуданд.
Ҳар сол моҳи апрел дар миқёси шаҳр, моҳонаи забони хориҷӣ гузаронида мешавад, ки дар он хонандагони синфҳои 5-11 аз рӯи 9 шарт  (шеърхони беҳтарин, викторина, дарси беҳтарин, дебат, иншонависи беҳтарин, муаллими эҷодкори беҳтарин, рассоми беҳтарин, сурудхони беҳтарин, газетаи девории беҳтарин) иштирок менамоянд.
Мувофиқи нақшаи шӯъбаи маориф моҳи апрел рафти иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 – 2014» дар мактабҳои №,20,22,31, мтғ м/х Гулчини маърифат ва Дониш санҷида шуда, дар ҷаласаи Шӯрои маориф  мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аз рӯи барномаи «FLEX» 5 нафар хонандагони мтму №7.19.22.23.28 ва мтғ гимназияи Гёте, ғолиби озмун гардида, барои давом додани таҳсил ба ИМА роҳхат гирифтанд.
Шӯъбаи маориф ҷиҳати татбиқи бомаром ва муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр мусоидат намуда, раванди ин амалро зери назорати ҷиддӣ қарор дод. Пеш аз ҳама дар ин самт нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5.10.2010.) баён гардидаанд, таҳия шуда, амалигардонии он дар муассисаҳои таълимии шаҳр мавриди назорати қатъӣ қарор гирифтааст.
Ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе дар мактабҳо бо ташаббуси иттиҳодияи методии омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик сафороӣ, чорабиниҳо гузаронида шуда, омӯзгорон дар самти покизагии забони миллӣ, омӯзиш ва гиромидошти он дар ниҳоди хонандагон тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.
Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ гӯшаҳои махсус, нашрияҳои деворӣ ва моҳномаҳо таҳти унвони «Қонуни забон дар амал», «Забон-пояи миллат», «Зиҳӣ забони тоҷикӣ» ва амсоли ин ташкил карда шуда, дар ин замина инчунин силсилаи маҳфилу чорабиниҳои адабӣ, илмӣ, мулоқотҳои шоирону нависандагон бо омӯзгорону хонандагон гузаронида мешаванд.

Бо мақсади дар қалби хонандагон бисёртар ҷоӣ кардани меҳру муҳаббат нисбат ба забони модарӣ ва шеъру адаб дар мактабҳои Хуҷандшаҳр маҳфилҳои адабию мусиқӣ бо номи «Забон – ҳастии миллат»(мтму №11), «Лафзи ширини модарӣ» (мтму №22), «Забон-нишони ҳастии миллат»(мтму №9), «Ҷавҳари ҷонам забони тоҷикӣ»(мтму № 10, 12, 20) ташкил ва гузаронида шуданд.Дар  гимназияи №4, 24 ва мактабҳои № 6,12 чорабиниҳои шаҳрӣ бо иштироки  устодони кафедраи  методикаи  таълими забон ва адабиёти тоҷики факултаи  суханшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва шоирону  нависандагони Хуҷандшаҳр гузаронида шуд.
Дар ин давра озмуни  шаҳрии «Камолхонӣ»  дар толори  шуъбаи  маориф гузаронида шуд. Дар ин озмун хонандаи синфи  11а  МТМУ № 11 Аббосҷонова  Умеда ва хонандаи  синфи  5а мтму  №23 Абдураҳмонова   Маҳина   ғолиб дониста  шуда, ба  даври  вилоятӣ   роҳхат гирифт. Моҳи январ  тибқи нақшаи шуъбаи маориф дарсҳои ҳисоботӣ аз тарафи омӯзгорони пешқадами  муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд аз ҳамаи фанҳои таълимӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла,  дарсҳои аз намунавӣ аз тарафи омӯзгорони пешқадами фанни забон ва адабиёти тоҷикӣ мактабҳои №10 Ёрмамадова Садаф, №11 Каримова Гулчеҳра, м/х «Гулчини маърифат» Файзиева Рухсатой  гузаронида шуд. Ҳамчунин бахшида ба 697 солагии Камолӣ Хуҷандӣ дар китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи А.Шукуҳӣ чорабинии муштарак бо хонандагони синфҳои 7-8 мтму №11,23 ва дар мтму №31 мизи мудаввар бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид.
Бахшида ба «Соли оила» дар китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон  Шукӯҳӣ  бо иштироки хонандагони синфҳои болоии  мтму №11,26  конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар конфронс намояндагон аз маркази «Насл» ва САҲШ иштирок намуданд.
Ҷиҳати тарбия намудани хонандагон дар руњияи ватанпарварию ватандорӣ, дар нињоди онњо парваридани мењру муњаббат нисбат ба китоб дар китобхонаҳои мактабҳо конференсияњои адабӣ, чорабинињо бо номи  «Китоб оинаи фазлу камол аст», «Устод набошад ту чӣ донӣ қаламаш чӣ?», «Ҷаҳонро нигар бо чашми хирад» «Старий друг лучше нових двух», мусобиќањо бо номи «Панди пирон нуррези роҳи зиндагӣ», «Адаб ҳусни инсон аст» ва «Ҳоҷӣ Содиқ 100 – сола шуд»  байни хонандагони синфњои 8–11 гузаронида шуданд.
Моҳи июн озмуни  иншои беҳтарин бахшида ба Соли оила дар мавзӯъи «Ҳуқуқҳои худро меомӯзем» доир гардид. Ғолиби озмуни иншои беҳтарин  ҷойи аввал насиби хонандаи синфи 11 м/х «Рустамов» Ҳасанов  Шарифҷон, ҷойи дуюм насиби хонандаи синфи 11 мтму №30 Абдуллоев Дилшод ва ҷойи сеюм насиби хонандаи синфи 11 литсейи ЛДП Мухиддинова Азиза гардид.
Барои баланд бардоштани дараҷа ва саводнокию забондонии толибилмон моҳи май дар байни хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Беҳтарин хонандаи китобхон» гузаронида шуд. Ғолиби озмун хонандаи синфи 11-и мтму №19 Мафтунаи Шаҳобиддин ва хонандаи синфи 7 ЛДП Назирова Мадина дониста шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 11 номгӯи китоби дарсӣ ба теъдоди 17483 адад, ба маблағи 179833,96 сомонӣ ва 9 номгӯи китобҳои бадей ба теъдоди 3822 адад, ба маблағи 32812,70 сомонӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи эҳтиёҷи мактабҳо дастраси хонандагон гардид. Маблағи китобҳои дарсии иҷоравӣ аз тарафи мактабҳои шаҳри Хуҷанд пурра пардохт карда шудааст.
Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 51 нафар хонандагони ятими кул ва 541 нафар бепадар, 323 нафар бемодар, 181-нафар толибилмон аз оилаҳои камбизоат таҳсил менамоянд, Аз тарафи маъмурияти мактабҳо ва шахсони саховатманд дар арафаи иду айём ба ин хонандагон пайваста маводи ғизоӣ, либосворӣ ва лавозимоти хониш кӯмак карда мешавад. Дар аксарияти мактабҳои шаҳри Хуҷанд барои хонандагони ятими кулл хӯроки гарм ройгон ташкил карда шудааст.
Аз тарафи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори кӯдакони ятиму бепарастори шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 51 нафар хонандагони ятиму бепарастори шаҳр  дар тарабхонаи Ҷавонӣ дастархони идона ороста, ба онҳо тӯҳфаҳои идона супорида шуд.
Аз 47 муассисаҳои таълимии шаҳр дар 32 муассисаҳо толори варзишӣ ва дар 41 муассисаҳо майдончаи варзишӣ мавҷуд аст. Дар ҳамаи толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ мувофиқи талабот лавозимотҳои зарурӣ мавҷуданд. Зиёда аз 763 нафар хонандагон дар маҳфилҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, футбол, карате-до, дзюдо, мини-футбол, самбо, гӯштини юнони римӣ, гӯштини тарзи озод машқ мекунанд. Тибқи нақша-чорабиниҳо дар давраи таътили зимистона байни хонандагони синфҳои болоӣ дар мактабҳои Хуҷандшаҳр мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол, баскетбол, шоҳмот, шашка ва байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ мусобиқаи варзишии «Офарин баргузор гардид.
Барои ҳар чӣ бештар ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифтани мактаббачагон, таъмини сатҳи баланди ташкилӣ дар истироҳатгоҳи «Парвоз» соли 2015 аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷаи шаҳр, бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №144 аз санаи 16.02.2015 70 000 сомонӣ маблағ ва инчунин аз тарафи Федератсияи иттифоқи касаба барои истироҳатгоҳи наздимактабии мактаби №9  1000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Ҷиҳати хубу хотирмон гузаштани истироҳати тобистонаи мактаббачагон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ истироҳатгоҳҳои рӯзона ва дар заминаи истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Парвоз» истироҳатгоҳи таълимию тарбиявӣ барои хонандагони болаёқат, ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ташкил гардид, ки он дар 3 баст фаъолият намуда, зиёда аз 430 нафар хонандагонро ба  истироҳат ҷалб менамояд. Ба басти якуми истироҳатгоҳ, ки аз 18 июни соли 2015 фаъолияташро оғоз намуд,  172 нафар хонандагони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ҷалб карда шуданд. Дар назди 20 мактабҳои шаҳр истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ фаъолият менамоянд, ки теъдоди истироҳаткунандагони онҳо 614 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Маркази тасилоти иловагӣ 5 шӯъба: сайёҳӣ-кишваршиносӣ, техникӣ, эстетикӣ, табиатдӯстон, Созмони талабагӣ, 30 номгӯи маҳфилҳо амал мекунад, ки ба он 1290 нафар толибилмони  мактабҳои шаҳри Хуҷанд ҷалб карда шудаанд, ки 75%-и аъзоён аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Ба маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ 7 нафар хонандагони душвортарбия низ ҷалб карда шудаанд.
Бо мақсади эҳёи аъанаҳои миллӣ, зинда гардонидани расму суннатҳои наврӯзӣ санаи 15.03.2015 дар мавзеи Хуррамшаҳр озмуни  вилоятии «Бозиҳои миллӣ»  байни  наврасон  гузаронида  шуд. Дар он аз муассисаҳои таълимии шаҳр хонандагон фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани 8 ҷойи ифтихорӣ сазовор гаштанд.
Бо мақсади зиёд намудани шавқу завқи маҳфилчиён ба омӯзиши табиат, ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинии маҳфилчиён ва бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам  моҳи март дар Маркази таҳсилоти иловагӣ озмуни шаҳрии ғоибонаи расми беҳтарин дар мавзӯи «Бедоршавии табиат» байни маҳфилчиён гузаронида шуд ва ғолиби озмун - хонандаи синфи 10 МТМУ№ 19 Тоҳирӣ Меҳрона ва хонандаи синфи 9 МТМУ № 14 Валиев Набихон гардиданд.
Санаи 21.03.2015 дар чорабинии шаҳрӣ бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар боғи фарҳангии Наврӯзгоҳ баргузор гардид, маҳсули дастони аъзоёни маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар ин давра 1099 нафар толибилмон ба сафи Созмони талабагӣ қабул карда шуда, то имрӯз миқдори умумии онҳо ба 25623 нафар расид.
Аз санаи 02.05.2012 то 09.05.2012 дар муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи «Поси хотир» гузаронида шуд. Дар ин самт баҳри пос доштани хотири шоҳидон, аъзоёни Созмони талабагӣ мактабҳо дар назди нимпайкараи Домулло Азизов, дар майдонҳои «Боғи ғалаба», «Шаҳидони Ҷанги Базурги Ватанӣ», «Гулгашти қаҳрамонон», «Оташи абадӣ» навбатдорӣ намуданд.
Бахшида ба Рӯзи байналҳалқии ҳифзи кӯдакон дар назди муҷассамаи «Оташи абадӣ» озмуни шаҳрии расми беҳтарин дар рӯи мамфарш дар мавзӯи «Мо кӯдакони хушбахт» гузаронида шуд. Ғолиби озмун дастаи хонандагони мтму №5 ҷойи якум, дастаи хонандагони м/х Гулчини маърифат ҷойи дуюм ва дастаи хонандагони мтму №20 ҷойи сеюм гардиданд.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Бехатарӣ  аз сӯхтор» доир гардид, ки дар он ғолиби озмун хонандаи синфи 4-и мтму №5 Қаюмова Зебунисо гардид, дар озмуни ғоибонаи расми беҳтарин дар мавзӯи «Нашъамандӣ-заволи умр» хонандагони мтму №5,7,28 ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд.
Санаи 13.05.15 дар МТМУ № 2 Фестивал-озмуни шаҳрии «Сапеда» гузаронида шуд. Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ  аз мактабҳои  № 2, 5, 9, 10, 12, 14, 15, 16, 17, 18, 21, 27, 28, гимназияҳои № 1, 4, 13, Литсейи М.Осимӣ, м/х Паймони азизон, Дониш,  мактаб-интернати ёрирасон  иштирок намуданд. Имсол дар озмуни «Сапеда» тибқи Низомнома хонандагони мактаб-интернати ёрирасон иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Аз ҷумла хонандагони синфи 2 - Ҳасанзода Муҳаммадрасул, Шукуров Нодирҷон ва Эшонкулова Севара, ки ба гирифтани дипломи  дараҷаи 1 ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мушараф гардиданд.
Санаи 14.05.15 дар шаҳри Исфара  фестивал-озмуни  вилоятии «Сапеда» баргузор гардид. Дар озмун иштирокчиён аз шаҳри Хуҷанд, Исфара, Конибодом ва Ашт қувваозмоӣ намуданд. Аз байни иштирокунандагони дастаи шаҳри Хуҷанд  дар ҷанрҳои зерин:
«Навозандагӣ» - Додобоева Оиша хон. с. 11 МТМУ № 2,
«Хореография» - Каримова Рухшона, хон. с. 10 гимназияи №13
«Наттоқон» -Шарипов Муҳаммадҷон, хон.с. 9 Литсейи М.Осимӣ
«Наттоқон» - Ҳакимова Шаҳло, хон.с. 10 МТМУ № 12
беҳтарин дониста шуданд.
Дар ин давра баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №457 аз 04.10.2011, қарори Раиси вилояти Суғд №398 аз 20.12.2011 ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд №16 аз 12.01.2012 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016»  як зумра корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.
Дар шаҳри Хуҷанд 30 муассисаи томактабӣ ва 5 кӯдакистони хусусии «Дилоро», «Раҳматулло», «Офтобак», «Раҳнамо» ва Академияи бачагонаи «Гулноз» фаъолият менамояд, ки дар онҳо 8764 нафар тарбиятгирандагон  ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Темурмалики микроноҳияи 3-юм барқарорсозии кӯдакистон барои 320-нафар кӯдак,  дар маҳаллаи Сари Баландӣ барқарорсозии кӯдакистони №16 барои 200-нафар кӯдак давом дорад.  Таъмири боми кӯдакистони №25 ба итмом расонида шуда, таъмири 3-гуруҳи садамавӣ муассисаи таҳсилоти томактабӣ №29  бо суръат идома дорад.
Аз 22000 кӯдакони синни томактабии шаҳри Хуҷанд, 8764 нафар кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 40%-ро ташкил медиҳад.
Аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 1070 нафар кӯдакон ба мактаб равона карда шудаанд.
Дар таълиму тарбияи кӯдакон 416  нафар мураббиён, аз онҳо 216 нафар бо маълумоти олӣ, 200 нафар бо маълумоти миёнаи махсус кор ва фаъолият мебаранд. Барои баланд бардоштани маҳорат ва малакаи омӯзгорӣ 75-нафар мураббиёни ҷавон ба мураббиёни пуртаҷриба вобаста карда шуданд.
Барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ дар ин давра 2-нафар мудирон аз курси бозомӯзии такмили ихтисоси Ҷумҳурӣ ва 4-нафар  мудирони кӯдакистон, 23 - нафар мураббиён аз курси бозомӯзии такмили ихтисоси  вилоятӣ гузаштанд ва 25-нафар мураббиён  дар назди такмили ихтисос дар  семинарии  лоиҳаи 4-уми  грантӣ фонди шарикии глобалӣ иштирок намуда, сазоворӣ шаҳодатнома гардиданд. Барои баланд бардоштани  дониши касбӣ ошпазӣ   23 - нафар  ошпазҳои   муасисаҳои  таҳсилоти  томактабӣ  ба    маркази таълимии шаҳри Хуҷанд равона карда шуда, сазоворӣ шаҳодатнома гардидаанд.
Мувофиқи банди сеюми Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ техникии муссисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар соли 2015  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд боми ширхоргоҳи-кӯдакистони №25 ба маблағи 320038 сомонӣ пурра шиферпӯш карда шуда,  барои барқарор намудани 3-гуруҳи садамавӣ аз фаъолият бозмондаи ширхорогоҳ-кӯдакистони №29  327962 сомонӣ  маблағ ҷудо гардида, таъмир бо суръат идома дорад, Ҳамчунин бо дастгириии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд компютерҳо ва принтерҳо ба маблағи 217150 сомонӣ, плитаи барқӣ, яхдон, тафдон, деги барқӣ, гӯштқимакунаки барқӣ, обҷӯшонаки барқӣ, сковароди барқӣ  ба маблағи 132640 сомонӣ,  435- адад ҷевони либоскашӣ, 504-адад рахтаи хоб, 656-адад курсичаҳо барои нишаст, 76-адад мизи хӯрока харидорӣ карда шуд.
Барои муҳайё намудани шароити мусоид дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №7, 9, 11, 12, 13, 14, 18,19, 23, 24,25, 26, 27, 29, 31, 32, 36, 37, 40 34-адад қолинҳо бо дастгирии волидон харидорӣ карда шуда, тарҳи бинои ширхоргоҳ-кӯдакистони №7,9,11,19,29 сафед карда шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №2,9,13,22,27, ба ҳаҷми 199 метр обу ташноб иваз карда шуда. роҳравҳои кӯдакистонҳои №9,18,19,24, 25,33,37,40, дар ҳаҷми 1250 метри кв сафолакпӯш ва 348 м2 сементпӯш карда шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №4,5,6,7,9,11,12,18,23, 24,25,26,27,33 -  92-адад дару тирезаҳо ба дару тирезаҳои пластикӣ иваз карда шуда, фарши гурӯҳҳои муассисаҳои таҳсилотии томактабии №3,4,11,27,40 дар ҳаҷми 76 м2 таъмир карда шудааст.
Айвончаҳои тобистонаи бозию истироҳати  муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ №4,6,7,9,11,12,13,14,18.19.20.22,23,24,25,26,27,29,30.31,32, 33, 37, 38, 40 аз таъмири хушсифат бароварда шуданд.
Баҳри сиҳативу саломатии инкишофи ҷисмонии кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ корҳои обутобдиҳии ҷисми кӯдаконро ба роҳ монда,  ҳамҷоя бо Марказҳои саломатии шаҳр нақша чорабинӣ тартиб дода шудааст. Тибқи иҷроиши нақша чорабинии семинар-машваратҳо дар мавзуъи «Зардпарвин ва роҳҳои пешгирии он», дар мавзуъи «Зукон», дар мавзуъи «Эмин нигоҳ доштани кӯдакон аз касалиҳои сирояткунанда» гузаронида шуданд. Баҳри саломатӣ ва обутобдиҳии бадан дар  байни тарбиятгирандагони гурӯҳҳои калон ва омодагии ба мактаб дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №20,22,25,31 мусобиқаҳои варзишӣ «Офарин»,  «Падар модар ва ман оилаи варзишгар» ташкил карда шуда,  аз тарафи наворбордорони телевизиони Ҷумҳуриявӣ «Баҳористон» ба навор гирифта шуда, манзури ҳамагон гардид. Оид ба мавзуъҳои «Реҷаи рӯз», «Офтоб, об ва ҳаво» мустаҳкам намудани маълумот дар бораи обутобдиҳӣ дар бораи нақши омилҳои табии дар мустаҳкам намудани саломатии инсон, мустаҳкамкунии малакаҳои гигиенӣ нигоҳубини бадан, ҳосилкунии талаботҳои нигоҳубинӣ дандонҳо, мӯй ва нохун дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №12,13,18,20,24,25,26,31, 37, 38, 40 гӯшаҳои алоҳида ташкил карда шудааст. Ҳангоми сайругашт бозиҳои нақшофарӣ «Кӣ ман хурд ҳастам», «Мойдодир», «Санҷобак» дар кӯдакистонҳои №2, 3, 4. 5. 6, 9, 11. 16. 19. 22, 23, 29, 32, 36 ташкил карда шудааст.
Солҳои охир 10- намуди дастурҳои методӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расид, ба монанди Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ «Рангинкамон», «Бозиҳои серҳаракат барои хурдсолон», «Ман оламро донистан мехоҳам», «Тарбияи кӯдакони солим», « Ман, мо ва дигарон», «Стандарти инкишофи кӯдакон синни барвақт», «Математикаи шавқовар», «Инкишофи нутқ», «Дастони моҳир», «Шиносоӣ бо муҳит», «Лафзи ширин», «Педагогикаи  томактабӣ» қисми 1-2, «Тарбияи экологӣ» дар кори таълиму тарбияи кӯдакон пурсамар истифода бурда шуда истодааст.
Бо мақсади баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорат ва таҷрибаи касбӣ педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор  ва паҳн намкудани таҷрибаи пешқадами онҳо бахшида ба  Иди байналмиллалии Наврӯз дар байни мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ озмуни реферати беҳтарин дар мавзӯъи; «Наврӯзи ҳуҷастапай муборак!» гузаронида шуд. Ғолиби озмун мураббияи МТТ №12 Алиева Назира, ҷойи 2-юм МТТ №11,25 ҷойи 3-юм МТТ №18,20 гардиданд.
Барои равнақ додани маҳорати эҷодии мураббиён дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №2,11,12,13, 18, 19. 20, 22, 23, 24. 25, 26. 27, 29. 31, 33, 36. 37, 38. 40 ва кӯдакистони хусусии «Дилоро»  маҳфилҳои «Мураббиёни бо лаёқат» ташкил гардида, фаъолияти худро тибқи нақшаи тақвимӣ давом дода истодааст.
Дар пояи кӯдакистони хусусии «Дилоро» бо мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилияти фикрӣ, ақлӣ, тарбияи зебопарастӣ ва хештаншиносӣ парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ ва дар сатҳи арзанда омода намудани  кӯдакон  ба  мактаб  озмуни шаҳрии «Донояк»  баргузор гардид.  Дар озмун 29-нафар тарбиятгирандагони МТТ шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Ғолиби озмуни шаҳрии «Донояк» тарбиятгирандаи ширхоргоҳ-кӯдакистони №33 Тоҳирова Фарзона гардида, дар озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Шукуфаҳои истиқлол» бахшида ба Иди байналмилалии «Рӯзи муҳофизати кӯдакон» Тоҳирова Фарзона ҷои намоёнро ишғол намуд.
Дар пояи ширхоргоҳ-кӯдакистони №6 бо мақсади беҳдошти таълиму тарбия санҷиши дониши кӯдакон ва баланд бардоштани малакаву маҳорати таъсивирӣ дар рӯи мумфарш, дарёфт намудани кӯдакони боистеъдоду лаёқатнок бахшида ба рӯзи байналмилалии кӯдакон озмуни расмкашиӣ дар мавзӯъи; «Тоҷикистон кишвари зебои ман» гузаронида шудааст. Дар озмун 28-нафар кӯдакон аз МТТ шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, ғолиби озмун тарбиятгирандаи №24 Гайзов Анушервон гардид.
Дар боғи Камоли Хуҷандӣ чорабинии вилоятӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон баргузор гардид, Дар ин чорабинӣ  зиёда аз 100 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо барномаҳои диққатҷалбкунанда баромад намуданд, Ҳамаи иштирокчиён аз тарафи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Тибқи иҷрои қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.12.2009, №18/7 «Доир ба тасдиқ намудани Низомномаи намунавии Маркази инкишофи кӯдакон», мактуби  Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 15.12.2010, №666 ва фармони шӯъбаи маориф аз 25.04.2011, №62 «Оид ба омода намудани кӯдакони синни 6-сола ба мактаб» дар назди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3,9,10,12,14,15,17,18,19,20,22,23,25 ва гимназияи №24 гурӯҳҳои кӯдакони 6-сола, ки ба таълиму тарбияи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, ташкил карда шудааст. Гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб бо фарогирии  316 нафар кӯдакон ташкил карда шуд.
Омӯзгорони мактабҳо таълиму тарбияи кӯдаконро мувофиқи Барномаи таълими кӯтоҳмуддати омодагии кӯдакони синни 5-7 сола ба мактаб, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ба роҳ монда, барои ҳосил намудани тасаввуроти аввалин оид ба таълими савод, математика, шиносоӣ бо табиат, шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ, тарбияи мусиқӣ, баҳри кӯдакон дониш меомӯзанд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода хишти аввали толори варзишӣ дар гимназияи №1 ва дар литсейи физикӣ-математикии ба номи академик М. Осимӣ гузошта шуд. Алҳол корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Дар ин давра бақайдгирии асосии довталабон ба ИМД-2015 дар ҳамаи нуқтаҳои бақайдгирӣ аз санаи 02.03.-30.04.2015 идома ёфт, ки он дар шаҳри Хуҷанд  дар гимназияи  №24 нуқтаи бақайдгирии  02/01 ва дар мтму №5 нуқтаи бақайдгирии 02/02 амал кард. Дар он 1927 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд аз қайд гузаштанд, ки ин 79%-и хатмкунандагонро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 367 нафарашон хатмкунандагони солҳои қаблӣ мебошанд.
Барои супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба  муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар шаҳри Хуҷанд соли сипари гашта чор Маркази имтиҳонӣ дар мактабҳои №5,19, гимназияҳои №4,24 ташкил карда шуда буд. Имсол аз сабаби зиёд будани теъдоди довталабон дар шаҳри Хуҷанд шаш Маркази имтиҳонӣ дар мактабҳои №5,16,19,23, гимназияҳои №4,24 ташкил кард шудаааст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои насби камераҳои мушоҳидавӣ ба Марказҳои имтиҳонии илова шуда, мтму №16,23  50 000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Санаи 06.06.2015 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии Занги камолот бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф баргузор гардид. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои синфҳои 4-11 аз санаи 08.06.2015 атттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм оғоз гардид.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани аттестатсия нақша – чорабинии мушаххас таҳия карда шуд. Дар рафти баргузории аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар ягон муассисаи таълимӣ вайрон намудани талаботи  Дастурамали аттестатсия ба назар нарасид. Ба аттестатсия 22801 нафар хонандагон роҳ дода шуда, 22629 нафар аттестасияро супориданд, 11 нафар хонандагон бо сабабҳои беморӣ, кӯчида рафтан ҳозир нашуданд. Вале 6 нафар хонандагон такроран дар синфашон ва 155 нафар хонандагон ба санҷиши тирамоҳӣ мононда шуданд. Синфи 9-ро 2896 нафар ва синфи 11- ро 2444 нафар хатм намуданд.
Айни ҳол 57 нафар хонандагони синфи 9 ҳамчун гирандаи «Шаҳодатномаи аъло» ба қайд гирифта шуда, ҳуҷҷатҳои 8 нафар хатмкунандагони синфи 11 ба сифати довталабони медали тилло пешниҳод гардидааст.
Шуъбаи маориф дар Соли оила ва Соли рушди фарҳанг ва гулҳо минбаъд низ баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҷаҳду талош намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, донишу хониши хонандагон, тарбияи насли солиму ояндасози миллат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 

Мудири шӯъбаи маориф                                                С. Ҷалолов

Кароматулло Аҳроров, хонандаи синфи 10-и гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Ҳусейн Очилов, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ ва Гулчеҳра Ҳамидова омӯзгори фанни забони англисӣ, гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд барномаи мобилӣ-луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия намуданд, ки...
10 ноябри соли 2022 дар толори Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина Раҳмат бо иштирокчиён ва ғолибони олимпиадаи байналмилалии “Дониш” баргузор гардид. Дар мулоқот, ҳамзамон директорони Марказҳои дарёфт ва рушди...
  Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и шаҳри Хуҷанд дар озмуни шаҳрии иншои беҳтарин бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Маҳмудова Мухлиса (аз синфи 9а) дар мавзӯи "Истиқлол-неъмати бебаҳо"  сазовори Дипломи дараҷаи 1-ум,...
Санаи 20 октябри соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи «Зайниддин Осимов»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки нозири шуъбаи ташвиқотию тарғиботии ШБДА РВКД дар вилояти Суғд, майёри милитсия Ч.Ҳакимзода ва мушовири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри...
Аз санаи 18 то 21 октябри соли 2022 дар пояи гимназияи 1 шахри Хучанд мусобикаи футболи хурд байни духтарон барои дарёфти Чоми  мудири шуъбаи маориф бахшида ба 30 солагии Ичлосияи 16 Шурои Олии Чумхурии Точикистон баргузор мегардад.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба таълим ва омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст...

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...