26 Июн 2015
Барои таъмир намудани роҳи кӯчаи номбурда сокинон ба унвонии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намуда буданд.
Бо назардошти ин ва ҳамзамон бо мақсади идома додани барномаи роҳхои обод, ки соли гузашта аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ эълон гашта буд, таъмири кӯчаи ба номи Носир Сулаймонови маҳаллаи «Сирдарё», ба нақшаи таъмири кӯчаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ворид гашта буд. Барои иҷроиши корҳои таъмир масрафи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин маблағ аз саҳми баробари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва худи сокинон иборат аст.
Роҳсозон ният доранд, давоми 10 рӯзи минбаъда корҳои мумфаршкуниро бо сифати баланд ба анҷом расонда ба истифодаи сокинон супоранд.
Масофаи кӯча 400 метр буда 5 метр паҳноӣ дорад. Ҳаҷми корҳои таъмир ду азор метрии квадратиро ташкил медиҳад.