31 Октябр 2026
Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати роҳбари синф, муаррифии таҷрибаи пешқадам ва ҳавасмандсозии омӯзгорони фаъол, озмуни шаҳрии «Роҳбари беҳтарини синф» баргузор гардид.
Озмун аз марҳилаҳои зерин иборат буд:
1. Муаррифии таҷрибаи роҳбари синф – пешниҳоди маълумотнома оид ба фаъолияти тарбиявӣ;
2. Намоиши лоиҳаи тарбиявӣ – пешниҳоди нақшаҳои солона ва амалисозии чорабиниҳои тарбиявӣ;
3. Иҷрои вазифаи амалӣ – роҳандозии як лаҳзаи дарси тарбиявӣ;
4. Саволу ҷавоб – баҳодиҳии фаъолияти иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамон.
Ҳайати ҳакамон фаъолияти ҳар як иштирокчиро тибқи меъёрҳои муқарраршуда – ҷиҳати эҷодкорӣ, мазмуннокӣ, навоварӣ ва таъсиргузорӣ – арзёбӣ намуданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот Хуршед Шарифов, омӯзгори Муассисаи давлатии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар ин озмун мақоми аввалро касб намуд.
Ҳамчунин, Дилафрӯз Муҳаммадова, омӯзгори гимназияи №1, Манзура Оқилова, омӯзгори гимназияи №13, Дилафрӯз Хоҷаева, омӯзгори литсейи ДДҲБСТ, Мукаррамхон Мирсаидова, омӯзгори МТМУ №14 ва Иноятхон Юсупова, омӯзгори МТМУ №15 дар даври шаҳрии озмуни "Роҳбари синфи сол-2026" мақомҳои ифтихориро касб карданд.
Мадина Салимзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ғолибонро бо ин дастовард табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки озмун дар фазои созанда ва мусобиқаи солим доир гардида, ба муаррифии малака ва маҳорати роҳбарони синф мусоидат намуд. Ин чорабинӣ дар рушди тафаккури педагогӣ, тақвияти масъулияти тарбиявӣ ва баланд бардоштани сифати кори тарбиявии муассиса нақши муҳим хоҳад гузошт.
Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







