30 Октябр 2026
Имрӯз дар Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», хонандаи синфи 10 Раззоқзода Абдуҳаким, бо ҳузури омӯзгорон, хонандагон ва волидайн дар фазои тантанавӣ, бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Раззоқзода Абдуҳаким дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» сазовори ҷойи дуюм гардида, бо дипломи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоми озмун ва ҷоизаи пулии Пешвои муаззами миллат ба ҳаҷми 50 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар ҷараёни маросими бошукӯҳи истиқбол директори Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» Сурайёхон Неъматзода аз номи муассиси литсей ба Абдуҳаким Раззоқзода 7000 сомонӣ ҷоизаи ҳавасмандгардонии Литсейро тақдим намуд.
Лозим ба таъкид аст, ки аз ҷониби муассиси Литсей барои барандагони озмунҳои таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат "Илм-фурӯғи маърифат", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Шохномахонӣ" барои ҷойи 1 - ум 15 хазор сомонӣ, ҷойи 2-ум 7000 сомонӣ ва ҷойи 3-ум 5000 сомонӣ муқаррар карда шудааст ва дар доираи он Раззоқзода Абдуҳаким қадршиносӣ карда шуд.
Роҳбари муассиса қайд намуд, ки ин пирӯзии бузург на танҳо дастоварди як хонанда, балки мояи сарфарозии тамоми ҷомеаи литсей, шаҳри Хуҷанд ва вилоят буда, самараи заҳматҳои пайвастаи омӯзгорон, талошҳои шабонарӯзии хонанда ва дастгирии волидайн мебошад.
Истиқболи гарму самимии ғолиб дар ҳузури садҳо хонанда паёми равшане дошт: дар «Ҷавонӣ» ҳар як истеъдод қадр мегардад, ҳар як заҳмат арҷгузорӣ мешавад ва ҳар як пирӯзӣ ба ҷашни умумӣ табдил меёбад.
Ҳамзамон модари Раззоқзода Абдуҳаким бо Ифтихорномаи муассиса низ сарфароз гардонида шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки бобати иштироки фаъолонаи хонандагон ва омӯзгорони Литсей дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар муассиса корбарӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Гуфтанист, ки омузгорони Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ" таи ду сол пайдарпай дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар сатҳи ҷумҳурӣ мақоми аввалро ишғол менамоянд, ки ин дастоварди беназир аст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







