26 Октябр 2026
Дар маҳаллаи Ваҳдат вохӯрӣ бо сокинон ва фаъолон баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, нагаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои радикаливу экстремистӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, дар маҳаллаи “ВАХДАТ”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар миёни наврасону ҷавонон мебошад. Гуфта шуд, ки танҳо тавассути корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ, ҷалби фаъолонаи ҷавонон ба ҳаёти ҷомеа ва ҳамкории зичи сохторҳои дахлдор бо сокинон метавонад ба муқовимати муассир бо ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуб гардад. Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, хизмати ҳарбӣ, инчунин нақши муассири оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён зарурати идомаи чунин чорабиниҳоро дар дигар маҳаллаҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар поёни мулоқот, сокинон саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои муфассал дарёфт карданд ва аз баргузории чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







