24 Октябр 2026
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуд, ки аз 48 нафар намояндагони шаҳри Хуҷанд соҳиби як Шоҳҷоиза ва 11 мақоми ифтихорӣ шуданд.
Ҳамин тавр, Шоҳҷоиза насиби Меҳрона Абдуқодирова аз руйи наминатсияи “Дизайн”аз 18 то 35 сола, жанри “Дизайни мӯди либос ва бофандагии бадеӣ” гардид.
Ҷойҳои якумро Абдуқаҳҳор Ғаффоров дар наминатсияи “Сарояндагӣ”аз 18 то 35 сола, жанри “Анъанавӣ”, Ҳомидбек Ҷӯраев дар наминатсияи “Сарояндагӣ” аз 18 то 35 сола, жанри “Академӣ” ва Муҳаммадсолеҳ Охунов дар наминатсияи “Навозандагӣ” аз 12 то 17 сола, жанри Анъанавӣ ба даст оварданд. Мақомҳои дуюмро Данил Абдуллоев, дар наминатсияи “Сарояндагӣ” аз 18 то 35 сола, жанри “Академӣ”, Фарҳодҷон Охунҷонов дар наминатсияи “Навозандагӣ”аз 18 то 35 сола, жанри “Академӣ”, Саидҷон Шокиров, наминатсияи “Навозандагӣ”аз 18 то 35 сола, жанри “Академӣ”, Амирхӯҷа Ӯрунов, наминатсияи “Сарояндагӣ” аз 12 то 17 сола, жанри “Академӣ”, Гулсанам Зайниддинова, наминатсияи “Сарояндагӣ” аз 12 то 17 сола, жанри “Эстрадӣ”, Ҳакимҷон Собиров наминатсияи “Санъати тасвирӣ” аз 12 то 17 сола, жанри “Ороиши амалӣ”ба даст оварданд.
Мақомҳои сеюмро дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ Дилшод Ҳомидов, дар наминатсияи “Сарояндагӣ” аз 12 то 17 сола, жанри “Академӣ” ва Лолахон Юлдошева Лолахон дар наминатсияи “Оҳангсоз – Бастакорӣ” аз 18 то 35 сола, жанри “Академӣ” ба даст оварданд.
Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «дар даври сеюми озмун беш аз 500 довталаб иштирок намуд, ки аз инҳо 143 нафар ғолиби даври ҷамъбастӣ гардид. Озмун муарриф ва кашфкунандаи чеҳраҳои нави соҳаи фарҳанг мебошад».
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» яке аз озмунҳои муҳими фарҳангии мамлакат ба шумор меравад, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъат, рушди маҳорати касбӣ ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷик баргузор мегардад.
Барои баргузории он дар соли равон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид. Ғолибони озмун на танҳо ҷоизаи пулӣ мегиранд, балки соҳиби имтиёзҳои махсуси таълимӣ низ мегарданд.
Тибқи Низомнома, озмун аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, нaвозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гардид.
Дар ин рӯз омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум гардидаанд, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин устодоне, ки шогирдони худро дар раддабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври аввал то даври сеюм омода намудаанд ва дар даври ниҳоӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ гузаронида мешавад. Ба таҳлили коршиносони соҳаи фарҳанг, иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол зиёд мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.
Ин дастовард ба тамоми сокинони шаҳри Хуҷанд муборак бошад!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







