(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр машварати навбатии доимоамалкунандаи директорони муассисаҳои таълиии шаҳр баргузор гардид. Дар машварат директорони муассисаҳои таълимӣ ва мушовирони шуъбаи маориф иштирок варзиданд.

Сарвари МТМУ№27-и шаҳри Хуҷанд Фарҳод Ғанизода дар мавзуъи “Назорати дохилимактабӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани самаранокии таълим"” баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар хусуси масоили назорати дохилимактабӣ, ки ҷанбаи асосию меҳварӣ ва калидии баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, беҳтар гардидани дараҷаи азхудкунии дарсҳо аз ҷониби хонандагон, дарёфт ва тарбия намудани хонандагони соҳиблаёқату кӯшо ва хушзеҳн ва ғайра, ки на танҳо ба пешрафту рушди як таълимгоҳ, балки соҳаи маориф дар шаҳру навоҳӣ ва миқёси ҷумҳурӣ мусоидат мекунад, андешаву назарҳои зиёд баён гардидаанд. Ҳадафи ин афкор боз ҳам беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия ва татбиқи равандҳои навин ва ислоҳот дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки назорат аз рӯйи ин ҳама омилҳои зикршуда ба зиммаи роҳбарияти муассисаи таълимӣ – директор, муовинони ӯ ва омӯзгорони фаннию роҳбарони синф вогузошта шудааст, ки масъулияту уҳдадориҳои онҳо дар Дастурамали вазифавии директор, муовинони директор ва роҳбари синфи муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2013 № 20/31 тасдиқ шудааст, инъикос гардидааст.
Таъкид шуд, ки агар ба вазъи феълии таълиму тарбия дар таълимгоҳҳои кишвар назар кунем, таҳлилу мушоҳидаҳо аз он мегӯянд, ки бо вуҷуди дастоварду комёбиҳои зиёд дар самти тарбияи хонандагони болаёқат, то ҷое беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагон, ҳанӯз камбудию норасоиҳо дар масъалаи омода намудани шогирдони донишманду дорои тафаккуру ҷаҳонбинии пешрафта, забондон, соҳиби донишҳои баланди инноватсионӣ ва созгор ба замони муосир зиёд ба чашм мерасанд. Тавре ишора гардид, дар муассисаи таълимӣ директор симои асосию меҳварӣ ҳисоб ёфта, тамоми раванди корҳо, бахусус, назорати дохилимактабӣ аз қобилияту ҳунари волои роҳбарии ӯ вобастагии амиқ дорад.
Сипас аз руйи масъалаи мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар машғулиятҳои намунавии омӯгорони МТМУ №27, аз ҷумла аз фанни химия Толис Сиддиқов бо хонандагони синфи 11, аз фанни физика Мақсуд Шарипов бо хонандагони синфи 9, аз забони англисӣ Шаҳноза Икромова бо хонандагони синфи 8,
аз фанни алгебра Ҷаҳонгир Раупов бо хонандагони 11 ва аз фанни адабиёти тоҷик Саиднисо Иброҳимова бо хонандагони синфи 10 ширкат варзида, онро мушоҳида ва таҳлилу баҳогузорӣ намуданд.
Дар долон расмхои кашидаи хонандагон ба намоиш гузошта шуд ва намунаҳо аз маҳфилҳои хонандагон ба меҳмонон пешниҳод шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...