19 Октябр 2026
Шоми дируз дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан рақобати ниҳоии мусобиқа миёни "Хуҷанд" ва "Сардор" баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи шогирдони Милан Миланович анҷом ёфт.
Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо шикаст додани тими “Сардор”-и шаҳри Турсунзода барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2026 шуд.
Дастаи "Хуҷанд" бо ин пирӯзӣ ҳуқуқи ширкат дар Лигаи даъвати КФО-2027/28-ро пайдо кард.
Ҳамчунин, ин даста 200 ҳазор сомонӣ ба даст хоҳад овард. "Сардор" барои ширкат дар финал соҳиби 100 ҳазор сомонӣ шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







