(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои кадрии мақомоти корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохторҳои кадрии милитсияи шаҳр ҳамоиш баргузор гардид.

Сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Каримӣ Раҳматулло Расулзода ҳамагонро бо Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои кадрии мақомоти корҳои дохилӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбият, риояи интизоми хизматӣ ва тарбияи кормандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Савганди хизматӣ аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти ин сохтор ба шумор мераванд.
Зикр гардид, ки бо роҳнамоӣ ва сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба таҳкими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи касбият, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва омодагии кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад. Имрӯз корманди мақомоти корҳои дохилӣ на танҳо дониши баланди касбӣ дошта бошанд, балки ҳисси баланди масъулият, иродаи қавӣ, фарҳанги муошират, одоби касбӣ ва садоқат ба Ватан дошта бошад.
Дар ин раванд хадамоти кадрӣ ҳамчун сохтори масъул барои кор бо ҳайати шахсӣ бояд вазъи хизматӣ, рушди касбӣ, риояи интизом ва омодагии кадрҳоро пайваста таҳлил намояд. Ҳамзамон, дар фаъолияти кадрӣ бояд адолат, қонуният, шаффофият ва муносибати баробар таъмин карда шавад.
Имрӯз мо бояд ба оянда назар кунем. Мақомоти корҳои дохилии муосир ба кадрҳои замонавӣ ниёз дорад — кадрҳое, ки технологияҳои навро медонанд, дорои ҷаҳонбинии васеъ мебошанд, қонунгузориро хуб медонанд ва дар ҳолатҳои мураккаб метавонанд қарорҳои дуруст қабул намоянд.
Сипас ба як қатор фаъолон сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...