(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ бо ҷалби фаъолони шаҳр ҷиҳати рушди малакаҳои рақамии кормандони мақомоту ташкилоти давлатӣ ва шаҳрвандон семинари омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Хайрулло Ғайбуллозода, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, Сулҳиддин Аминзода, намояндаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ, Амирҷон Сафарзода, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Сорбон Соҳибов Ҷовид Бигов ва Абдулрауф Шарипов, намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Фирдавс Мирзозода ва Зафарҷон Қаюмов намояндагони шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, инчунин, Хирадманд Хурсандзода - намояндаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо мақсаду вазифаҳои семинар шинос кард.
Сипас, Сулҳиддин Аминзода зимни суханронии худ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ, заминаҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат барои рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, нақши технологияҳои рақамӣ дар баланд бардоштани самаранокии фаъолият, истифодаи самараноки имкониятҳои технологияҳои муосир, инчунин аҳамияти баргузории семинар ҷиҳати баланд бардоштани малакаҳои рақамии аҳолӣ ибрози андеша намуд.
Дар идомаи семинар Сорбон Соҳибов дар мавзӯи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ», Ҷовид Бигов дар мавзӯи «Низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ», Фирдавс Мирзозода дар мавзӯи «Низоми пардохти ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ» ва Хирадманд Хурсандзода дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ, ҳифзи додаҳо, рушди хизматрасонии алоқа ва интернет дар Тоҷикистон» маърӯзаҳои муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, Амирҷон Сафарзода оид ба аҳамият ва афзалиятҳои рақамикунонии соҳаҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён ва маърӯзачиён саволу ҷавоб сурат гирифта, ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ шарҳу тавзеҳоти зарурӣ дода шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...